Кумитаи занон ва оила кормандони Китобхонаи миллиро қадрдонӣ намуд

Салима РаҷабзодаДар арафаи чашни Истқлоли давлатии Тоҷикистон бештар аз 20 нафар кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо ифтихорномаву сипосномаҳои муассиса ва идораҳои дигар шарафёб шуданд.

Субҳи имрӯз дар ҳузури муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ба 3 кормандони муассиса, Гулчеҳра Абдураҳмонова, мудири бахши таҳлил ва ташхиси адабиёт, Назира Раҳимова сармутахассиси шуъбаи нигоҳдории китоб,Уғул Бобораҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотии   барои ҳамкориҳои судманд дар татбиқи сиёсати миллӣ ва байналмилалии Тоҷикистон оид ба пешбурди баробарии гендерӣ ва иштироки фаъолона дар маҳфилҳои Кумитаи кор бо занон ва оила, бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипоснома тақдим гардид.

Ҳангоми супоридани ин сипосномаҳо муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода изҳор дошт, ки вақте ки корманд аз дигар муассисаҳо қадрдонӣ мегардад, боиси ифтихору бовар аст. Ва ба кас рӯҳияи дигар мебахшад, кас бо илҳоми саршор ва қувваи тоза ба масъулиятҳояш мепардозад.

Ӯ командонро барои сазовор гаштанашон ба сипосномаҳо аз таҳи дил табрик гуфт ва ба корҳои ояндаашон комёбиҳо орзу намуд.

Маврид ба ёдоварист, ки кормандони Китобхонаи миллӣ аз таваҷҷуҳи муассисаву кумитаҳои дигар бебаҳра намонданд, ба ин маъно, ки зумрае аз ҳамкорони мо бо сипосномаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои фаъолиятҳои пурсамар сарфароз гардиданд.

Раҳима Аъзам