Кӯтоҳбаёнии устод Айнӣ аз назари профессор Баҳриддин Камолиддинов

Дар симоофарии Садриддин Айнӣ як равияи писандидаи ў мушоҳида мешавад. Дар аввал ҳама аломатҳои зоҳирию ботинии қаҳрамони асарро ба тафсил тасвир мекунад. Вале бори дигар сухан дар бораи ҳамон қаҳрамон равад, ўро на бо номаш, балки бо ягон нишонаи зоҳирӣ ё ботинии ба назар намоёнаш ёд мекунад: Дар услуби С. Айнӣ як ҳодисаи наҷиби мухтасар ишора кардан ба макон ва ё ашёе, ки қаблан муфассал тасвир ёфтааст, мушоҳида мешвад:

Дар пешгоҳи меҳмонхона, дар кодоки сандалӣ як шахси сафедчарўйи доғинағзакдор нишаста буд… Дар кодоки поёни сандалӣ ду мўйсафед менишастанд, ки қиёфаи ҳардуяшон аз якдигар кам фарқ дошт: рўйҳои сурхи борики дароз, чашмони бемижгони обрав, ришҳои бузии сапсафед, мўйлабҳои тамоман тарошидашуда аз сифатҳои муштараки ин ду кас буданд. Фақат фарқе, ки дар миёни онҳо менамуд, ин буд, ки яке бинипучуқ, дигаре камонбинӣ буд… Дар пеши мўйсафеди бинипучуқ чойник буд, ки ў ба дигарон чой кашида медод.

Ман рафта, мувофиқи одат, аввал бо одами пешгоҳнишин вохўрдӣ кардам, дуввум бо бинипучуқ, саввум бо камонбинӣ… Дар вақти вохўрдӣ одами пешгоҳнишин нимхез шуд, аммо он ду мўйсафед кифтҳояшонро наҷунбонда дасташонро дароз кардаанд…

– Пурсидан айб нест, меҳмон аз куҷоянд ва аз куҷо пурсем? – гўён одами пешгоҳнишин гап  сар кард…

Азбаски аз рўйи одат соҳибхона хизмат мекард, гумон кардам, ки мўйсафеди бинипучуқи чойкаш Арбобҳотам аст… хатро ба тарафи вай дароз кардам…

Мўйсафеди пучуқ ба одами пешгоҳнишин нигоҳ карда хандид ва пешгоҳнишин:

– Арбобҳотам манам… – гўён ў ҳам хандид.

С. Айнӣ дар ибтидо симоҳои асари бадеиро муфассал тасвир намуда, ҳангоми бори дигар ёдовар шудан аз он симо тадриҷан тасвирро кўтоҳ карда, дар интиҳо бо як калима ном мебарад. Дар матни боло қосид, ки ҳамсуҳбатони нави худро намешинохт, шахси матлубро аввал «Дар пешгоҳи меҳмонхона, дар кодоки сандалӣ як шахси сафедчарўйи доғинағзакдор нишаста буд», ду нафари дигарро «Дар кодоки поёни сандалӣ ду мўйсафед менишастанд» мегўяд. Сипас, шахси якумро «одами пешгоҳнишин», ҳамсуҳбатони дигарро «ду мўйсафед» навиштааст. Дар идомаи баёни воқеа шахси якумро «одами пешгоҳнишин», вале аз мўйсафедон нишонаҳои зоҳирии «мўйсафеди бинипучуқ», «мўйсафеди бинипучуқи чойкаш» ва минбаъд бо калимаи «пучуқ», нисбат ба мўсафеди дигар нишонаи «камонбинӣ»-ро интихоб намуда, бо ҳамон аломати зоҳирӣ ёд мекунад. Чун баъди шиносоӣ ҳикояткунанда огоҳ мегардад, ки он «одами пешгоҳнишин» Арбобҳотам будааст, ба он тарзи ифодаи номаълум («шахси пешгоҳнишин») эҳтиёҷ намемонад.

Ин як равияи хоси услуби мўҷазбаёнии нависанда аст. Чунин ҳодисаи тадриҷан ихтисоршавии таркиби калима, ибора ва ҷумларо дар илми забоншиносӣ «универбатсия» ё сарфаи неруи ҷисмонии гуфтор ва навиштор номидаанд. С. Айнӣ ин усули тасвири симоҳоро дар ҳамаи асарҳои баъдинааш ба кор бурдааст:

Ба рўйи суфаи баланд баромада, ба меҳмонхона нигоҳ кардем… Дар пешгаҳи меҳмонхона як одами паканаи сиёҳчеҳраи хушлибос чорзону нишаста буд, ки мо ўро нашинохтем ва ҳамаи аҳли маҷлис ба тарафи ў бо эҳтиром нигоҳ мекарданд, суханони ўро даст пеш гирифта ва сар хам карда тасдиқкунон мешуниданд.

– Бояд ана ҳамин шахс Ҳоҷӣ Абдулазиз бошад, – гуфта рафиқам бо тумшуқи (фук) худ ба тарафи он одами пешгоҳнишин ишора кард. Намедонам, ба чӣ сабаб бошад, қиёфа ва симои он одам дар дили ман нанишаст: рўйи борики хурд, чеҳраи сиёҳтоб, пешонаи турш ва чашмони танги шубҳаангез дошт он одам ва бисёр мутакаббирона менишаст…

– Магар Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ ҳамин одам аст? – гўён он шахси пешгоҳнишинро нишон дода пурсидам (аз пешхидмати бой)…

Ҳамин равияро нависанда на танҳо дар тасвири симоҳои асараш, балки дар тасвири макон, ашёҳои муҳити кору зиндагии одамон ҳам истифода кардааст: Дар тарафи пойини хона як қатор оташдонҳо буд, ки дар онҳо дегҳоро каҷ, яъне лабҳои пушти онҳоро баланд ва лабҳои пешашонро ба тарафи пеш паст ва хам карда шинонда буданд… Дар як деги каҷ шинондашуда касе орди бирёнро кам-кам ба қиём мерехт…

Дар ин матн ибораи деги каҷ шинондашуда кўтоҳшудаи тасвири муфассали «дегҳоро каҷ, яъне лабҳои пушти онҳоро баланд ва лабҳои пешашонро ба тарафи пеш паст ва хам карда шинонда буданд» мебошад. Муаллиф дар тасвири ашё ба таносуби шаклҳои ҷамъи онҳо низ риоя мекунад: як қатор оташдонҳо… дар онҳо дегҳо… лабҳои пушти онҳо… лабҳои пешашон.

Дар мақолаҳои публисистии С. Айнӣ ҳам дар сухан  бораи шахсе равад, ки ягон хислати наҷиб дорад ё бо ягон аломати зоҳираш аз дигарон фарқ кунад ва ё бо коре машғул бошад, бори аввал муфассал тасвир мешавад, ки он шахс чӣ хислат ё аломатҳои зоҳирӣ дорад ва ё бо чӣ коре машғул аст. Бори дигар сухан аз ҳамон шахс равад, муаллиф ба ҷойи он шарҳи муфассал як ибора ё як калимаи мураккабро кор мефармояд, то ки сухан такрор нашавад ва ё ба дарозӣ накашад. Як намуна аз «Мактуби кушода ба рафиқ Толис»:

Боре дар Сталинобод ба ман воқеае рўй дод, ки ҳеҷ гумон намекардам: Ман дар боғи (дачаи) ҳукуматӣ манзил карда будам. Рўзҳои тирамоҳ буд. Як пагоҳонӣ барои ҳавогирӣ аз хона баромадам. Дар майдони пеши дарвозаи дача як тоҷики ҳамонҷойӣ хазонрўбӣ мекард. Дар рўбарўйи дача як бинои нав сохта шуда буд. Ман дидам, ки болои боми он бино пурбарф аст, аммо дар дигар ҷойҳо осори барф набуда, ҳаво ҳам он қадар сардӣ надошт. Ман аз тоҷики хазонрўб пурсидам… (С.А., “Ахг.инқ., 235)

Дар ин матн мазмуни ҷумлаи «…як тоҷики ҳамонҷойӣ хазонрўбӣ мекард» дар давоми баёни воқеа мухтасар бо ибораи «тоҷики хазонрўб» ифода ёфтааст.

Аз китоби Баҳриддин Камолиддинов: “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”. Душанбе, 2015.

Аз китоби Баҳриддин Камолиддинов: “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”. Душанбе, 2015.

Таҳияи Фарзона Рахмонова,  мутахассиси  Маркази “Забони  тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ”