Квотаи президентӣ. Барои кӣ чаро?
Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиёзи хосса ба хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аст.
Квотаи президентӣ соли 1997 бо мақсади ба таҳсил бештар ҷалб кардани духтарон-хатмкардагони мактабҳои минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъсис ёфт. Тартиби интихоб ва қабули довталабон тибқи Квотаи президентӣ барои таҳсил дар асоси Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Квотаи президентӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, амалӣ мегардад.
Мувофиқи талаботи он раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо номзадии шахсони дорои дониш, шавқу ҳаваси таҳсил ва болаёқатро ба комиссияи озмун пешниҳод мекунанд (барои як квота бояд номзадии на камтар аз се нафар довталаб пешниҳод гардад). Ҳоло саволномаҳои суҳбати даври ҷумҳуриявӣ (севвум) бо довталабони Квотаи президентӣ мувофиқи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва барномаи таълимии дахлдор аз тарафи Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани гурўҳи ихтисос (кластер)-ҳо таҳия ва ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мешаванд.
Баъди соҳиб шудан ба Квотаи президентӣ довталаб бе имтиҳон (аз тариқи суҳбат дар се давр) ба мактаби олӣ (шуъбаи рўзона) дохил ва дар давоми таҳсил бо стипендия таъмин мешавад. Донишҷўи тибқи Квотаи президентӣ таҳсилдошта аз як муассиса ба дигар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар гузаронда намешавад ва баъди хатми он бояд се сол дар зодгоҳаш аз рўи ихтисос кор кунад.
Ҳангоми ҷудо кардани Квотаи президентӣ эҳтиёҷоти шаҳру ноҳияҳо ба мутахассисон ба назар гирифта мешавад.
Солҳои 1997-2018 дар 20 муассисаи таҳсилоти олии касби мамлакат 21346 нафар (12163 духтар ва 9183 писар) тибқи Квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуд (соли 2018 аз 61 шаҳру ноҳияи кишвар 1435 нафар тибқи Квотаи президентӣ донишҷў гардид, 8 ҳазор писару духтар тибқи роҳҳат барои кору фаъолият ба маҳалли иқоматашон рафт, 207 нафар дар зинаҳои магистратура ва аспирантура ба таҳсил фаро гирифта шуданд).
Мувофиқи нақшаи қабули донишҷўён тибқи Квотаи президентӣ соли таҳсили 2019-20 дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат 1319 квота (671 барои духтарон, 648 барои писарон; вилояти Хатлон- 497, Суғд- 302, ВМКБ- 244, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 276, инчунин 100 квота барои хидматчиёни ҳарбӣ ва 50 квота барои фарзандони диаспораҳои тоҷикон дар Руссия) ҷудо гардидааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 33.
Муаллиф: М. Атахонов
Таҳияи: Садирзода Шаҳноза,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.