Л. Бат. Дӯстии бузург

Беш аз нӯҳ сол буд, ки Алишер дур аз зодгоҳаш зиндагӣ мекард.

Вақте ки дар понздаҳсолагиаш хонаи падарро тарк мекард, ин қадар ба дур анҷомидани ин сафар ва дар аснои он ба сараш омадани ин миқдор қазову қадарро магар гумон карда?

Ҳар қадар, ки бо ҳамроҳ ва ҳамсафари худ шайх Абдулло ба Ҳирот наздиктар мешуданд, хомӯшӣ ва андешамандии Навоӣ меафзуд. Худо медонад, чи воқеаҳое дар интизори вай истодаанд. Падару модараш дар фироқи писари худ кайҳо аз дунё гузашта буданд. Ҳоло дар хонаашон киҳо зиндагонӣ мекарда бошанд? Аз хешу ақрабоёнашон киҳоро зинда хоҳад ёфт?

Инак, ба таги дарвозаи Ҳирот ҳам расиданд. Дар сапедаи саҳарӣ осмони Ҳирот ҷилову ҷилваи махсусе дошт. Дар кӯчаҳои шаҳр мардуми зиёде дар рафтуой буданд. Аз чор дарвозаи шаҳр, ки акнун кушода шуда буданд, деҳқонон маҳсули кишт ва боғоти худро ба ароба, ба хару шутурҳо бор карда ба бозорҳои шаҳр мебурданд.

̶ Дӯсти азизи ман, ̶  гуфт шайх Абдулло ба Навоӣ, ̶  дар куҷо хаёли манзил кардан доред? Ман бо корвонсарое, ки дар паҳлӯи манораи Дарвеш Мӯнис ҷой дорад, фаромаданӣ ҳастам. Пеш аз ин ҳам дар он ҷо иқомат карда будам. Ҳам кирояи ҳуҷраҳояш арзон ва ҳам ба Хиёбон, ки ҳоло иқоматгоҳи Мавлоно Ҷомист, наздик мебошад.

̶  Намедонам, ̶  гуфт Навоӣ, ки ғарқи фикр буд.          ̶  Барои худ ҷое ҷустуҷӯ карда, баъд суроғашро ба шумо мерасонам. Мавлоно Ҷомӣ барои чӣ ба беруни шаҳр, ба Хиёбон кӯчида бошанд?

̶  Хиёбон ҷои басо хушобу ҳавоест. Ба он ҷо насими форами саҳро вазида меояд. Мавлоно ҳамеша мегӯянд, ки мо марди саҳроӣ мебошем.

Вақте ки шайх Абдулло аз Навоӣ ҷудо мешуд, дасти вайро сахт фишурда гуфт:

̶  Ҳуҷраи маро мисли хонаи худ бидонед, ман ҳама вақт ба хидмати шумо тайёрам:

Онҳо ба чорсӯе расиданд, ки сари роҳҳои калони шаҳр буд. Ин маҳал серодамтарин ҷои Ҳирот ба шумор мерафт. Алишер ба издиҳоми мардум дохил гардида бо яке аз тангкӯчаҳо ба тарафи бозор равона шуд. Ӯ аз растаҳои калони шаҳр бо суръат гузашта мерафт. Вақте ки ба растаи саҳҳофон ва китобфурӯшон расид, ҷилваи аспашро кашида рафтори онро суст кард. Дар нимторикии растаи болопӯшида дар дӯконҳои хурду калон китобҳои болои ҳам чида шудаи зиёде ба назар мерасиданд, ки дар онҳо хазинаҳои гаронбаҳои тафаккуроти инсонӣ ҷамъ оварда шуда буданд. Алишер дар пеши дӯкони як нафар саҳҳоф, ки машғули заркӯбии муқоваи китобе буд, андаке таваққуф намуда, чи қадар бо диққат ва дилсӯзӣ кор кардани вайро тамошо кард. Ӯ дар ин ҷо ба Ҳирот чи қадар дилбастагӣ доштанашро боз як бори дигар ҳис намуд. Бӯи дастнависҳои қадима ба димоғаш расида ӯро гӯё ки маст мекард.Вақте ки аз пеши дӯконе мегузашт, ба ҳамсӯҳбати худ, пирмарди қадкӯтоҳе:

̶  Темурномаи Ҳотифӣ ба назари шумо расидааст?  ̶  гуфта пурсидани соҳибдӯконро шунид.

Пирамард лабҳояшро бурма карда гуфт:

̶  Шумо касби маро, ки табобат аст, медонед. Ман ба суроғи китоби Ибни Сино омадаам. Рисолаи вайро дар бораи бемориҳои чашм ва тариқи илоҷи онҳо ҷустуҷӯ мекунам, ки дар китобхонаи худ надорам. Шифобахшандагони тану ҷони одамизод ба назарм, аз харобу нобудкунандагони он азизу киромитаранд, ̶  гуфт пирмард, ки бо ин ба вайронкориҳои Темур киноя мекард.

Навоӣ аз асп фаромада, ба дидани баъзе китобҳо машғул шуд. Дар ин дам се нафар ҷавон омада, дар пеши дӯкон истодаанд. Онҳо дар байни худ дар бораи кадом як қасидаи нави Ҷомӣ, аз фикрҳои олӣ ва фасоҳату балоғати он гап мезаданд. Яке аз онҳо аз рафиқаш пурсид:

̶  Мо имрӯз ба ҳузури Мавлоно шарафёб шудан мехоҳем. Ту ҳам меравӣ?

Ҷавони навчае, ки сару либоси нисбатан фақиронае дошт, гуфт:

̶  Албатта меравам. Ғазали нави худро ба ҳазрати Мавлоно манзур кардан мехоҳам.

Ӯ аз печи дастораш коғази лӯла карда шудаеро бароварда кушод ва ғазалеро бо оҳанг хондан гирифт. Вақте ки ба ин байт расид:

Мисоли қатраи борон сиришки ман ҳама дур шуд,

                        Чунин асар диҳад, оре, тулӯи чун ту суҳайле.

Яке аз рафиқонаш ба ин байт эрод гирифта гуфт:

̶  Ба назарам дар мисраи аввал ҳама хун шуд” гуфтан муносибтар мешуд.

Ба ғайр аз соҳиби ғазал дигарон ба фикри вай шарик шуданд. Алишер беихтиёр ба сӯҳбати онҳо ҳамроҳ шуда бо қатъият гуфт:

̶  Ба фикри ман гуфтаи шоир хеле хуб аст.

Ҳар се рафиқ ба ин марди ношинос нигаристанд ва бо вай ба мунозира даромаданд. Навоӣ гуфт:

̶  Агар ҳар се якбора гап мезада бошед, ба ман сухани худро ба шумоён фаҳмондан ва исбот кардан душвор мешавад. Аммо ман бо шумо баҳс карда метавонам, ба шарте ки ягон марди шеърфаҳму шеършиносро ҳакам қарор диҳем.

Баҳскунандагон розӣ шуданд.

̶  Ин бегоҳ мо ба зиёрати Мавлоно Ҷомӣ шарафёб шудан мехоҳем, ̶  гуфт яке аз онҳо. ̶  Шумо ҳам биёед, ин масъаларо дар ҳузури эшон ба миён мегузорем. Дари хонаи он кас ба шоирон ва толибони илм ҳамеша кушодааст. Эшон дар Хиёбон, паҳлӯи мазори устодашон Саъуддини Қошғарӣ иқомат доранд.

Ҷавонон хайрухуш карда рафтанд. Навоӣ боз якчанд китобро гирифта аз назар гузаронд ва агар ба даст пул афтода монад, ба харидани онҳо дар дилаш қарор дода ба роҳ даромад.

То бегоҳӣ ҳанӯз вақт зиёд буд. Алишер қарор дод, ки аввал ба суроғи ҳавлиашон биравад. Шаҳр хеле васеъ ва обод шуда, биноҳои зиёде сохта шуда буд, ба ҳадде ки ба Навоӣ ёфтани маҳаллаи худашон хеле душвор шуд. Баъд аз саргардонии зиёде ниҳоят ба сари кӯчае, ки ҷустучӯяш мекард, расид ва рост ба тарафи хонаи падараш равона гардид. Дарвоза баста буд. Дар атроф хомӯшӣ  ҳукмфармоӣ мекард. Алишер дубор дарвозаро зад ва ин дам ин байт ба хотираш расид:

 

Инак, чу гадо омадаам бар сари кӯят,

Шояд ба машомам бирасад бӯи накӯят.

 

Офтоб рӯ ба  ғуруб ниҳода ва сояи дарвозаи Алишер ба сангфарши пеши дарвоза афтода буд. Боз як бори дигар дарро задан лозим омад. Пас аз андаке аз ақиби дар садои қадами касе ба гӯш расид ва дарвоза кушода шуд.

̶  Бобоҳошим! ̶  гуфта фарёд кард Алишер.

Дидори хизматгори қадрдони хонаводаашон боиси хурсандии зиёди вай гардид. Маълум мешавад, хона бекас набудааст. Ниҳоят сардию танҳоии чандинсола ба гармии муҳаббату навозиши пирмарди қадрдон табдил меёбад.

Навоӣ ҳамон рӯз баъд аз шустушӯ андаке фароғат карда, бегоҳӣ ба хонаи Ҷомӣ равона шуд.

Дар пеши дарвозаи боғи Ҷомӣ барои фурӯ нишондани изтироби дилаш хеле таваққуф кард. Ду сарви озод ҳамчун ду посбон дар ду ҷониби дарвоза сар ба осмон кашида меистоданд. Ниҳоят бо ҳамроҳии ду нафаре, ки дар ин дам омада ба дари боғ расида буданд, ба дарун даромад. Онҳо Алишерро ба айвоне раҳнамоӣ намуданд, ки пешашро токи сербарге панаҳ мекард. Алишер аз айвон ба даҳлези холие қадам ниҳод. Аз даруни хона садои гуфтугӯ ба гӯш мерасид. Баъд аз андаке тааммул ба хона даромад. Хонае, ки бисоти хеле содае дошт, пур аз одам буд. Дар байни ҳозирон аз ҷиҳати синну сол ва мартабаву мақом одамони гуногуне ба назар мерасиданд. Дар як кунҷи хона марде диққати Навоиро ба худ ҷалб кард, ки машғули хатнависӣ буд.

Навоӣ салом дода дар пойгаҳ нишаст. Ӯ чашмонашро калон кушода, соҳиби хонаро ҷустуҷӯ мекард, вале ӯро ташхис дода наметавонист. Ҳамин шаб ба ин ҷо омадани шайх Абдуллоро гумон карда буд, вале ӯро дар байни ҳозирон надид. Дар ин дам марди пурваҷоҳате, ки аз зумраи амалдорон буданаш маълум мешуд, гуфт:

̶  Ман хоҳиш мекардам, ки Мавлоно Абдусаломи Бадахшӣ аз таърихи манзуми салтанати подшоҳи воломақом Султон Абусаид, ки ба қарибӣ ба риштаи назм даровардаанд, порчае хонда моро сарфароз намоянд.

Касе, ки диққати ҳама ба сӯи вай нигаронида шуда буд, ба аломати ризо сарашро такон дода, ба хондани маснавие сар кард, ки дар он дар атрофи шаҳри Сарахс ба лашкари Мирзо Санҷар зафар ёфтани Султон Абусаид тасвир карда мешуд. Аксари ҳозирон ин ҷангро ба хубӣ дар хотир доштанд. Касе ки ин таклифро карда буд, ба гуфтаҳои шоир махсусан бо диққат гӯш медод. Вақте ки хондани шеър ба итмом расид, ҳозирон гӯяндаро таҳсин намуда ба таърифи шеър пардохтанд.

Шоир Бадахшӣ пас аз изҳори ташаккур аз таърифҳое, ки дар ҳаққаш гуфта шуда буд, гуфт:

Ман аз камбудиҳои шеъри худ сухан гуфтани шумоёнро орзумандам, шояд ба бартараф кардани онҳо ноил шавам.

Пас аз ин Навоӣ рухсат пурсида муваффақиятхои шеъреро, ки шунида буд, бо тафсил баён намуд: Ҳама ба суханони вай бо диққат гӯш медоданд. Алишер бисёр ҷиҳатҳои хуби шеърро қайд карда, ниҳоят ба якчанд нуқсони вазни он ишора намуд ва мисраъҳоеро, ки нуқсони вазнӣ доштанд, бо овози баланд хонда дод. Ҳама ба тезҳушии вай дар ҳайрат монданд. Худи Абдусаломи Бадахшӣ барои эродҳои ҳаққонӣ ба Навоӣ миннатдорӣ изҳор кард.

̶  Дӯсти азизи ман, ин камбудиҳое ки шумо нишон додед, дар вақти бо оҳанг ва пай дар пай хондани шеър чандон маълум намешаванд. Барои дарк кардани ин гуна камбудиҳо рамузи вазншиносии хеле дақиқ доштан лозим аст. Исми шарифи шумо чист, бародари азиз?

̶  Алишер бинни Ғиёсуддин мутахаллис ба Навоӣ.

̶  Навоӣ… Навоӣ… ̶  гӯён ҳозирон ба якдигар нигаристанд. Мо номи шуморо бисёр шунидаем. Ҳамон Навоӣ, ки дар ҳарду забон шеърро бисёр хуб мегӯяд.

̶  Кай ба Ҳирот омадед?

̶  Мо дар иштиёқи шунидани шеърҳои шумо ҳастем.

Ин қабл суханҳо аз ҳар тараф шунида шуданд. Дар ин дам марде, ки дар гӯшае ба китобат машғул буд, ба сухан даромада гуфт:

̶  Инак, китобати қасидаи шайибаи ҳазрати устодро ба итмом расонидем. Кӣ хоҳиши хондан дорад?

Ҷавоне талабгори хондан шуд:

Сафед шуд чу дарахти шукуфадор сарам,

В – аз ин дарахт ҳамин меваи ғам аст барам

Хонанда бо як оҳанги мутафаккиронае мисраъҳои аввалини қасидаро хонд. Садои вай бо таъсири суханони ҳакимонаи қасида ҷарангос зада торафт таъсирбахштар мегардид. Дар хониши вай тамоми ҳусни калом ва нозукиҳои қасида акс меёфтанд.

Вақте ки хондани қасида ба охир расид, шунавандагоне, ки дилбохтаи таъсири диловези он гардида буданд, муддате хомӯш монданд. Дар ин байн ҳозирони куҳансол ва ононе ки синнашон акнун ба ҳудуди пирӣ мерасид, ҳар як дар ин қасида ифодаи устодонаи шарҳи заъфи пирии худро дарёфта, ба фикр фурӯ рафта буданд. Ин суханон ҷавононро ба тааммуқ ва андешаи фардоӣ пирӣ водор мекард.

Пас аз дақиқае хомӯшӣ овози Навоӣ ба гӯш расид:

̶  Агарчанде қасидагӯйҳо зиёданд ва фақир онҳоро бисёр мутолиа намудаам, аммо ин навъ шеъри ғарибмаъно, салисибораву латифадо ва нозукхаёлонаро аз ҳеҷ як суханварони мутақаддими (пешина ) нашунидаам.

Марде, ки то ҳол дар гӯшае хомӯш менишаст, табассуме карда гуфт:

̶  Аз мутааххирин мо низ ин тариқа шеър нагуфтаем.

Ин марди назарногире буд, ки дар гӯшаи пойгаҳ дар паҳлуи дарвеше менишаст. Навоӣ акнун дар байни ҳозирон соҳиби хона, шоири машҳури замон ва донишманди бузург- Ҷомиро шинохт.

Ҳама гӯё ки дар интизори ифодаи маром кардани он пири донишманд буданд. Ҷомӣ, ки дар ин муддат бо назари навозишкоронае ба сӯи меҳмони нав менигарист, дар бораи шеър ба гуфтор даромад ва аз суханварони дерину навин, ки ҳар як дар ин мазмун дурҳо суфтаанд, сухан ба миён овард.

Шаб фаро расида бошад ҳам, вале ҳанӯз ҳам меҳмонҳои нав ба нав меомаданд. Дар ин дам он се рафиқе ҳам, ки Навоӣ рӯзона дар пеши дӯкони китобфурӯшӣ ҳамсӯҳбат шуда буд, омаданд. Вақте ки соҳиби хона сухани худро ба итмом расонид, яке аз он ҷавонон:

̶  Устоди бузургвор, дар ҳалли як масъала ба мо ҳакам шавед, ̶  гӯён ба сухан даромад ва масъаларо ба майдон гузошт. Ҷомӣ пас аз шунидани байти мавриди баҳс гуфт:

̶  Ҳақ ба ҷониби касест, ки мисраъи авваларо дуруст шуморида аст, ̶  ва ин даъвои худро ба исбот даромад.

̶  Гаравро шумо бурдед, дӯсти азиз, ̶  гуфт гӯяндаи шеър.

Алишер табассуме карда ба ҷониби Ҷомӣ эҳтироман сар фурӯ овард.

Ҷомӣ гуфт:

̶  Имшаб бори саввум аст, ки тири меҳмони азизи мо рост ба ҳадаф мерасад. Ҳикмати ин муваффақияти шумо вусъати дониш ва муҳаббати зиёд ба шеър мебошад.

Шамъҳои сӯхта ба охир расидаи шамъдонҳоро иваз карданд. Аммо ҳозирон ҳанӯз ҳам аз гармии сӯҳбат дил канда наметавонистанд. Ниҳоят соати видоъ расид. Вақти видоъ бо Навоӣ соҳиби хона дар ҳаққи вай илтифоту меҳрубонии зиёде изҳор намуда, аз вай дар бораи боз омаданаш ваъда гирифт.

Рӯзи аввалини ба Ҳирот омадани Навоӣ чунин ба охир расид. Дӯстии вай бо Ҷомӣ бо ҳамин сар шуд.

 

 Тарҷумаи Раҳим Ҳошим

(Давом дорад)

 

МУФАССАЛТАР ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ

ЛИДИЯ БАТ. АДИБЕ, КИ ДАР БОРАИ АЛИШЕРИ НАВОӢ КИТОБ НАВИШТ, КӢ БУД?

«Шарқи Сурх» соли 1964,  №12 

Сармутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ Заурова Гуландом