Лаҳзаҳое бо Наврӯз. Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Китобхонаи миллӣ

19- уми март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмиллалӣ баргузор гардид. Он бо шукуҳи хосса доир шуда, аз анъанаҳои ҳафт сину ҳафт шин, гулбазму рақсу суруд, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, озмуни буридани оши угрову мўйбофӣ миёни бонувон ва ғайра иборат буд.

Дар оғози чорабинӣ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода  кормандони китобхонаро ба ин ҷашни пуршукӯҳ табрик намуда, рўзи наву соли навро ба онхо шодбош гуфт.

Иддае аз кормандони китобхона дар арафаи ин ҷашни бостонӣ бо сипосномаву ифтихорномаҳо ва як нафар, сардори шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ Фирдавс Аминов бо нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Аксҳои зер баёнгари ҷараёни таҷлиди Наврӯзи хуҷаста дар Китобхонаи миллӣ мебошанд.

Раҳима Аъзам