Лаҳзаҳое бо устод Муҳаммад Ғоиб. Ёде аз як суҳбате, ки ду сол пеш буд
Ин суҳбати ҳамкорамон Фарзонаи Мирзо ду сол пеш анҷом шудаву дар сомонаи мо чоп шуда буд. Шоири халқии Тоҷикистон, устод Муҳаммад Ғоиб, ки ду рӯз инҷониб мавҷи табрикот ба муносибати зодрӯзашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарозер шудааст, назари худро дар чанд мавзӯъ иброз дошта буданд. Ин суҳбат имрӯз ҳам муфид аст ва гумон мекунем фардо ҳаму соли оянда низ куҳнашавӣ надорад, агар алабатта баъзе нуқтаи назарҳои хоси ишонро сарфи назар кунем. Бо муборакбодии устоди сухан, мусоҳибаро дигарбора гардон мекунем, то мухлисону ҳаводорони ашъори мондагори шоири маҳбуб баҳравар шаванд.
Муҳаммад Ғойиб: Нақши матбуот кам нашудаст, таъсири нақши қалам кам гаштааст