Лаҳзаҳо дар олами кӯдакон. Таҷлили Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдак дар Китобхонаи миллӣ

олами-кӯдакон25 – уми майи соли 2023 бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ чорабинии идона бахшида ба «Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдак»  доир гардид. Дар чорабинии мазкур ҳунармандони ансанбли рақсии «Лаъл», Муассисаи далатии «Маркази кўдакон ва наврасон»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии бачагона», Театри ҷумҳуриявии «Лўхтак» ва Муассисаи давлатии «Сирк» – и давлатии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Чорабиниро муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода оғоз намуда, ҳамаи кўдакону наврасонро бо рўзи идашон табрик гуфт.

Шумо насли хеле ва хеле хушбахти замон ҳастед, ки бо чунин ғамхории давлату ҳукумат, бо чунин шароитҳо зиндагӣ доред ва ҳамешаву пайваста пайи дониш омӯхтан ҳастед. Бояд муқаддасоти миллиро донем, Пешвои миллатро шиносем, дар бораи Ватанамон Тоҷикистон шеърҳо аз худ кунем, ин ҳама барои дар оянда ҳамчун ҷавонони ватандӯст ба воя расидани Шумоён нақши хеле бузурге дорад.

Дар идомаи чорабинӣ адиби маъруфи бачагон Азизи Азиз  суханронӣ кард ва аз ҷумла гуфт, ки хонандагони китобҳояш хеле зиёданд ва ин нишони он аст, ки кӯдакону наврасони мо ба китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи зиёд дошта, мутолиаро меписанданд.

Хушбахтии Шумо дӯструякон дар он аст, ки омӯзгорони беҳтарин, мактабҳои беҳтарин, китобҳову нависандагони беҳтаринро дореду метавонед, аз онҳо ба хубӣ истифода намоед.

Баъдан, барномаи  театрии шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, ки аз рақсу суруд ва шеърхонӣ иборат буд, пешкаши дӯструякон ва дигар иштирокдорон гардид.
Кӯдакон бо лаҳни хушу гуворо шеърҳо қироат намуданд. Инчунин   гурӯҳи ҳунармандони ансамбли рақсии «Лаъл», бо ҳунару маҳорати зебои  рақсии худ ҳусни саҳнаро боз ҳам зеботару рангин намуданд. Ҳунармандони Сирки давлатӣ низ  дар чорабинӣ иштироки фаъолона намуда рақсу бозиҳои шавқоварро баҳри болидасозии меҳмонон пешкаш намуданд.

Ҳамчунин Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷон Зарипов  ҳунарнамоӣ карда бо сурудҳои ҷаззоб таъби кӯдакону наврасонро шод намуд.

Дар анҷом аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ба ҳунармандони ансанбли рақсии «Лаъл», Муассисаи далатии «Маркази кўдакон ва наврасон»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии бачагона», Театри ҷумҳуриявии «Лўхтак» ва Муассисаи давлатии «Сирк» – и давлатии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд бо шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони  Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Сипоснома”-ҳо тақдим гардид.

Зикр бамаврид аст, ки тибқи анъана ҳар сол рўзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳамчун Рўзи байналмилиалии ҳифзи кўдакон таҷлил мегардад.  Баргузории ин ҷашн миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рўзҳои муҳим маҳбубият дорад. Ин сана ба мо  ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи барои  онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда бошем.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.