Лаҳзаҳои гуворо дар маҳфили “Хандарез”-и Китобхонаи миллӣ

Лаҳзаҳои гувороМаҳфили “Хандарез”-и шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи милӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати гуруҳи ҳаҷвии дӯстдоштаи мардум “Лаҳзаҳои гуворо” ширину хотирмон сипарӣ шуд.

Муҳаммадиқбол Атозода, муовини директори Китобхонаи миллӣ барномаро ҳусни оғоз бахшида, нахуст ҳунармандони маҳбубро барои ҳузур дар Китобхонаи миллӣ хушомадед гуфта, изҳори сипосу миннатдории роҳбарияти Муассисаро ба онҳо расонд.

Сипас Атозода иброз дошт, ки шахсони имконоти маҳддудошта дар асл хеле имконот доранд, ки шояд баъзе одамони солим надошта бошанд. Ба гуфтаи ӯ ташрифи гуруҳи дӯстдоштаи хонандагони шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд хеле рӯҳияи болида ва хушҳоливу хушбахтӣ ато кард. Муовини директори Китобхонаи миллӣ аз қадршиносӣ ва эҳтироми хосаи ин гурӯҳи маъруфу маҳбуби кишвар нисбати шахсони камтавон миннатдории самимӣ намуд.

Сипас, миёни аъзоёни шуъбаи зикршуда ва ҳаҷвнигорони шинохтаи кишвар пурсишу посух ба миён омад. Пурсишҳо аз рӯзгори ҳунарӣ ва хусусии ҳунарпешаҳо то мушкилоти ҳаҷви имрӯз ҷараён гирифт.

Умед Холов, корманди радиои “Садои Душанбе” аз аҳли гурӯҳ пурсид чаро вазъи ҳаҷви тоҷик ба ҳадде поин рафтааст, ки гоҳе таҳқир ба фарҳанги кишвар ва арзишҳои миллиамон маҳсуб меёбад.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Нуриддин Насриддинов иллати сатҳи пасти ҳаҷвро дар рушди бесобиқаи интернет миёни мардум донист. Ба андешаи ӯ ҳоло ҳар кас, ҳарчӣ мехоҳад бо телефон сабт ва ба ҷаҳониён ба намоши мегузорад. Як нафар бо 4 буз ё паранда нақше мебозад ё онҳоро видео намуда мегузорад дар интернет. Назорати ҳамаи онҳо мушкил аст.

Лаҳзаҳои гуворо Ҳаводорони ҳаҷвнигорон инчунин аз дер –дер намудор шудани ҳунарпешаҳои дӯстдоштаашон дар пардаи телевизион пурсиданд.

Сабаби онро сафарҳои ҳунарӣ ва масоили дигар унвонн карданд, ки ба зудӣ бартараф мегардад.

Ҷамшед Ҳалимов узви дигари гуруҳи ҳаҷвии “Лаҳзаҳои гуворо” зикр намуд, ки дар шабаки Ютуб канале бо номи гурӯҳашон мавҷуд аст, бинандагон метавонанд саҳнаҳои нави ҳаҷвии онҳоро тавассути он тамошо намоянд.

Заррина Абдураҳимова, овозхони Филармонияи давлатии ба номи Акашриф Ҷӯраев аз ҳунармадони гурӯҳ хоҳиш намуд саҳначаҳои машҳурашонро иҷро намоянд.

Аҳлиддин Ҳасанов, ҳунармнади Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, ки бо ибораи “Нол да нолай” имрӯзҳо бисёр машҳур шудааст, аз роҳбарияти Китобхонаи миллӣ барои даъват намудан изҳори сипоси самимӣ намуда, барои хонандагони шуъбаи хидматарасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд саодату сарбаландӣ орзу намуд.

Ҳунарманди Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Нуриддин Насриддинов зимни суханронӣ дар маҳфили “Хандарез”-и шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд гуфт, шумо бисёр доноед, назди Шумо ҳунарнамоӣ намудан мушкил аст. Мо аз Шумо меомӯзем. Сипас дар идома ӯ таърихи пайдоиши чанд саҳначаҳои ҳаҷвиро барои ҳаводоронаш қисса карда, ҳикоёти намакин аз лаҳзаҳои корӣ мисол овард.

китобҳоПас аз тамошои саҳначаҳои ҳаҷвии ҳунарпешаҳо Китобхонаи миллӣ ба нишони эҳтиром ба меҳмонон китобҳо тақдим намуд. Ҳамзамон кормандони шуъба барои қадрдониву қадам ранҷа намудан ва хотири хонандагони шуъбаро болида гардондан ба ҳунармандони гурӯҳи “Лаҳзаҳои гуворо” тоқиҳои дастдӯз ва дигар туҳфаҳои хотирмон ҳадя намуданд.

Тарабхонаи  Origami, ки аз сарпарастони шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд аст, хонандагон ва меҳмононро бо бургерҳои лазиз зиёфат намуд.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.