Лайло Носирова: Аҳмияти ривоятҳо дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ
Ривоятҳо аз гунаи осори шифоҳӣ буда, дар рушду густариш ва ҳифзи фарҳанги мардумӣ нақши муассир доранд. Чунки ривоят ҳамчун қиссаи шифоҳӣ ифодагари донишу таҷриба ва тасаввуроти мардум дар бораи шахсиятҳои таърихӣ, ёдгориҳо, мазору дахмаҳо, деҳкадаву зиёратгоҳҳо ва ғайра мебошад.
Гарчанде ривоятҳои дар атрофи ин ё он ёдгорӣ ва ё шахсиятҳо эҷодшуда билкул воқеӣ набошанд ҳам, вале онҳо дар рушди фарҳанги маънавии мардум ва зинда нигоҳ доштани номи аксари ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ аҳмияти хоса доранд. Зеро одамон он ривоятҳоеро, ки дар боби ҳодисаву воқеа ва олами атрофи онҳо гуфта шудаанд ҳамчун ҳақиқат қабул доранд ва онҳоро таркибии падидаҳои ҷомеа мепиндоранд. Маҳз дар заминаи бовару эътиқодоти мардум ривоятҳо ба вуҷуд омадаанд.
Маълум аст, ки аз замонҳои қадим мардум ба зиёрату парастиши мавзеъҳои муқаддас таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамуданд. Онҳо бовар бар он доштанд, ки дар баробари муолиҷаи тиббӣ, иҷрои амалҳои мухталиф, ки ба мазору зиёратгоҳҳо рабт дорад, ба дарди эшон даво мебахшад. Аз ҳамин лиҳоз мардум ба парастишу зиёрати ҷойҳои муқаддас рў меоваранд. Барои тақвият бахшидани боварӣ ва умед бастани мардум ровиёну гўяндагон, донандагони таърих, донишмандон ва шахсони масъул доир ба маконҳои муқаддас ривоятҳои эҷод мекарданд. Ривоятҳои мардумӣ боис гардиданд, ки мавзеҳои муқаддас ва ёдгориҳои таърихӣ марҳилаи тўлонии таърихиро тай намуда, то имрўз арзи ҳастӣ намоянд. Дар саросари Тоҷикистон ҳам ёдгориҳои зиёде мавҷуданд, ки мавриди парастиши мардум қарор гирифтаанд. Албатта, гурўҳи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳагӣ бо сабаби аҳмияти таърихиву фарҳангӣ ва миллӣ доштанашон арзиши баландтар доранд. Ёдгориҳои таърихӣ бозгўи гузаштаи давлату миллат буда, дар онҳо ҳодисаву воқеаҳои гуногуни тарихӣ нуҳуфтааст. Аз ҷиҳати дигар ин қабил ёдгориҳо нишонаи муборизаву озодихоҳии мардум ва паноҳгоҳи онҳо дар давраҳои задухўрдҳо мебошад. Ёдгориҳои табиӣ бойгарии асосии кишвар ба шумор рафта, дар баробари ин инъикоскунандаи фарҳанги моддии халқу миллат дониста мешаванд. Дар баробари ин бархе аз ёдгориҳои табиӣ бо хусусияти химиявии худ дар табобати бемориҳои одамон нақши муайян доранд. Ин гуна ёдгориҳо дар гўшаву канори мамлакат хеле зиёданд. Ҳар яке аз онҳо вобаста ба таърихи пайдоиш ва мавҷудияташон ривоятеро моликанд. Чунки бисёре аз ёдгориҳои табиӣ бо мавзеъҳои муқаддас робитаи ногусастанӣ доранд. Албатта , аз давраҳои қадим инсоният ба парастиши ҷисмҳои табиӣ майл дошт. Ў эътиқодҳои хешро тавассути амалҳои парастишӣ ифода мекард, онро қавӣ мегардонид ва рўҳан худро тарбият менамуд. Масалан, парастиши сангҳои гуногун чашмаҳо, оташкадаҳо ва мавзеъҳои махсус барои одамон арзиши баланд дошт. Сарзамини тоҷикон ҳам аз давраҳои қадим дорои ёдгориҳои таърихии зиёде мебошд, ки бозгўи таъриху тамаддуни миллати тоҷикад. Баъди зуҳури ислом як қатор намояндагони дин бо сбабҳои тарғибу ташвиқи дини нав дар миқёси Тоҷикистон низ маскун гирифтанд. Азбаски дар Макка объектҳои табиии он, аз қабили Қаъба, чашмаи Зам-зам, санги Иброҳим, кўҳҳои гуногун ва ғайра мавриди парастиши диндорон қарор гирифта буд, намояндагони дин ба ҳамсафонашон иҷрои чунин амалҳоро талқин менамуданд. Баъдтар ин гуна парастиши рамзӣ тавассути халифаҳову тақводороне, ки дар мадрасаҳои мамлакатҳои Араб ва Самарқанду Бухоро таҳсил карда, ба ватанашон бармегаштанд, дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ҳам ба вуҷуд омад. Онҳо барои густаришу пайравӣ аз дини ислом ва парҳезгорӣ маконҳоеро интихоб менамуданд, ки аз ҳама ҷиҳат мувофиқ бошад. Масалан, табиати хушбоду ҳаво, назди чашма ё дарёҳо, умуман чунин ҷойҳо шароити беҳтар дошта, аз доираи одамони бисёр дуртар буд. Ин тоифа барои нигоҳ доштани мавқеи худ аз объектҳои табии атрофашон истифода мекарданд. Дарахтони куҳансол ва рамзиро ба худ нисбат медоданд. Дар назди дарвозаашон ҳар гуна сангҳо мегузоштанд ва мардумро бар он бовар мекунониданд, ки ин “санги махсус” буда, бўсидан ва саҷда кардани он кори савоб ва манфиатбахш аст. Дар бораи ҳар кадом объект, ки ба фаъолияти худашон вобаста буд, ривоят эҷод менамуданд. Онҳо ба пайравонашон ё муридону авлодонашон васият мекарданд, ки баъди вафот дар ҳамин дафн шаванд. Эътиқотмандон бо эҳтироми хосса ба турбати ин шахсиятҳо муносибат намуда, дар болои онҳо мақбара бунёд мекарданд. Бо мурури замон ин объектҳо ба ёдгориҳо табдил ёфта, манбаи парастиши одамон шуданд. Чунки ривоятҳои офаридаи ноқидон дарахт ё санги муқаддас будани бархе объектҳо ва онҳо бо шарофати қадами мубораки авлиё ё хостаи эшон аз Худовандро ифода мекард. Аз ҷумла, рўҳониёни ислом дар хусуси мазори Хоҷа Оби Гарм ривояте бофта бароварданд, ки гўё Абуталҳа ном шахсе аз пайравони Муҳаммад дар ин ҷо маъво гирифтааст. Дар ривояте гуфта мешавад, ки Абуталҳа дар вақти яке аз саёҳатҳои Муҳаммад ғамхорӣ карда, дар ҳавои хунуки қаҳратун кўзаи обро дар зери бағалаш гарм карда, барои таҳорат ба ў додааст. Дар ҷавоби ин меҳрубонӣ Муҳаммад ўро дуо кардааст, ки ҳар куҷое равад, дар ҳамон ҷо оби гарм пайдо шавад. Бинобар ин, чашмаи “Хоҷа Оби Гарм” чашмаи оби шифо будааст. Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки дар Осиёи Миёна Абуталҳа (Абу Талҳа ан Ансорӣ (Зайд ибн Саҳл ибн ал Асвод ибн Ҳарам ал Ҳазраҷ (разияллоҳу анҳу) аз мардумони Ясриб буда, яке аз паҳлавонон, муборизи шуҷоъ ва камонвари моҳири давраи аввали Ислом ва шахсони машҳури Мадина ба шумор мерафт) ном шахсе ҳаргиз наомадааст. Вай дар Мадина зиндагӣ карда, баъд аз вафоташ дар қабристони “Ҷаннат-ул-бақия дафн шудааст”.
Ҳатто иқоматкунандагони маконҳои муқаддас – авлиё, саид, эшон ва ҳоказо ба мардум муроҷиат мекарданд, ки кадом рўз барои зиёрат ё талабу ибодат мувофиқу хайр аст ва кадом рўз наҳс ҳисобида мешавад. Метавон гуфт, ки барои рушду такомул ёфтани чунин ёдгориҳо аз як ҷиҳат саҳми намояндагони дин назаррас аст. Аз ҷиҳати дигар ривоятҳои эҷоднамудаи онҳо сабаби умри ҷовидонӣ гирифтани як қатор ёдгориҳо гардид.
Боиси зикр аст, ки ҷойҳои муқаддас назар ба ёдгориҳои табиӣ ва таърихӣ дар ҳолати хубтар қарор доранд. Зеро нисбати онҳо таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ аз тарафи шахсони алоҳида зиёдтар ба мушоҳида мерасад. Инчунин ривоятҳои дар бораашон гуфташуда умри онҳоро ҷовидонатар мегардонад. Чунки бовару эътиқод аз падидаҳои фарҳангии мардум дониста мешавад. Ҳар он чизе, ки мавриди парастиши хосса қарор дорад, метавонад барои одамон аҳмияти махсус дошта бошад. Ёдгориҳои табиӣ ва таърихӣ бошанд, дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва истифодаи макони онҳо аз ҷониби одамон тағйири шаклу намуд карда, оҳиста-оҳиста аз байн рафтанашон аз эҳтимол дур нест. Ҳол он ки ҳодисаҳои таърихӣ низ ба таври печида дар фарҳанги маънавии одамон таъсири худро мгузоранд. Ёдгориҳои таърихӣ метавонанд нишондиҳандаи пурқудрати таърих бошанд. Аз ин хотир, барои ёдоварӣ ва ба мерос мондан онҳоро бояд ҳифзу нигахдорӣ намоем.
Бояд тазаккур дод, ки баъди соҳибистиқлолии кишвар ба ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ низ таваҷҷуҳи давлату ҳукумат нигаронида шуд. Як қатор барномаву қонун ва санадҳои муҳим барои ҳифзу нигаҳдории онҳо қабул гардиданд. Лоиҳаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ таҳия шуданд, ки бевосита ба таъмиру тармим ва ҳифозати ёдгориҳо барои наслҳои оянда пешбинӣ шудааст. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ”, “Баромаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020”, “Таҳқиқи мероси фарҳанги ғайримоддии марбут ба ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва мавзеъҳои муқаддаси Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва амсоли инҳо дар эҳё ва ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ замина гузошт. Қабули чунин барномаҳо имкон дод, ки ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ низ ба низом дароварда шуда, ҳифзу нигаҳдорӣ ва истифодаи дурусти онҳо ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин ба Феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Ҳамин тариқ, ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва ҷойҳои муқаддас намунаи таъриху фарҳанги ниёгони қавму миллатҳо буда, дар онҳо рўйдодҳои муҳим, ҳодисаву воқеаҳо ва дониши фарҳангӣ инъикоси худро ёфтаанд. Тариқи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ мардумон метавонанд гузаштаи худро омўзанд, аз он ифтихор кунанд ва онро ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоранд.
Аз китоби “Мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон” таҳияи Фирўза Таурова, мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.