Лев Анисимович Катасёв – геофизики машҳур, ки дар Тоҷикистон кор мекард
Катасёв Лев Анисимович 5 феврали соли 1919 дар Маскав ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Масква (1940). Иштирокчии ҶБВ (1941- 45), Корманди Институти геофизикаи таҷрибавии ш Маскав (1946-48), ходими илмӣ расадхонаи астраномии ш. Душанбе (1949-57). Ходими калони илмӣ ва мудири озмоишгоҳи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ Тоҷикистон (1958-65), корманди Институти ҳавошиносии таҷрибии ш.Масква (1966).
Астраноми шӯравӣ, доктори илмҳои физика ва математика (1964), профессор (1971). Муаллифи зиёда аз 150 асар ва мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 3 монография оид ба равишҳои аксбардории астраномияи шиҳобӣ, таҳқиқи шиҳобҳо дар атмосфераи замин ва ҷараёнҳои динамикӣ дар атмосфераи болои ва ғайра.
Катасёв Лев Анисимович 5 сентябри соли 1982 дар Маскав вафот кардааст.
Бозчоп: Энциклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 616-617.
Муаллиф: Ё. Назармамадов.
Таҳияи Олучамоҳ Исмоилова.
корманди шубаи библиографияи миллӣ.