Либоси миллӣ – таҷассумгари фарҳанги миллат
Либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллати тоҷик буда, ёдгоре аз гузаштагон мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон зан ва модари тоҷик посдори ойину анъанаҳои муқаддаси миллати тоҷик буд, ҳаст ва мемонад.
Бо мақсади густариши корҳои тарғиботӣ дар самти таблиғи либоси миллӣ, пешгирӣ аз бегонапарастию хурофотпарастӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии тоҷикон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Шурои бонувони Муассиса, Кумитаи ибтидоии Ҳизби “Китобдор” тамоми бонувону ҷавононро ба эҳтирому арҷгузорӣ ба пӯшидани либоси миллии тоҷикӣ даъват намудем. Чунки истифодаи либоси миллӣ на танҳо ифтихори шахсӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Бояд гуфт, ки яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ талошҳо таҳти шиори “Тоҷикона мепӯшем” дар ҷараён аст. Занону бонувони Китобхонаи миллӣ низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш, либоси атласу адрас ва чаканро ба бар намуда, дар аксияҳои “Тоҷикона мепӯшем” фаъолона ширкат варзидаанд. Ин иқдомро то ҳол бонувони мо ҳангоми ба кор омадан ва ба хона рафтан, ҳамзамон дар кӯчаву хиёбонҳо идома медиҳанд. Дар ҳамоишу маҳфилҳои Муассиса бошад бонувони Китобхона бо либоси кории расмӣ, ки тибқи Дастурамали Китобхонаи миллӣ қабул гардидааст, ширкат меварзанд.
Эҳтироми либоси миллӣ қарзи ҳар як шаҳрвандест, ки миллаташ дорои таърих ва тамаддуни ғанӣ мебошад. Кишварҳои зиёде ҳастанд, ки ҳатто нишонаҳои фарқкунандаи миллӣ надоранд. Вале мо – тоҷикон хушбахт аз онем, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ҳастем ва нақшу нигори миллии мо дар либоси мо низ инъикос ёфтааст.
Бале, ҳар як халқу миллатро маҳз фарҳанги волояш муаррифӣ месозад, миллати тоҷик низ ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар дар ҷаҳон дорои мавқеъ ва манзалати хос мебошад
Аммо мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо занону духтароне пайдо мешаванд, ки ба либосҳои бегона рӯ меоранд- хоҳ ҳичобу сатри сиёҳ бошад, хоҳ либосҳои тангу доманкутоҳ, ки ба суннатҳо ва арзишҳои миллии мо мутобиқ нестанд.
Чӣ хеле, ки Пешвои муаззами миллат қайд кардаанд, ки: “Ҳисси бегонапастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Дар фарҳангу тамаддуни мо-тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад”.
Мо бояд, ки ҷавобан ба ғамхорию талошҳои Пешвои миллат нисбати бонувону занон ҳамеша ба рукнҳои фарҳанги миллии худ арҷ гузорем ва забону фарҳанг ва сару либосҳои миллиамонро дуст дорем. Чунончи, ки Пешвои миллат мегуянд:”Занон эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму ойинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд”.
Толибова Фароғат,
муовини сардори шуъбаи феҳристнигорӣ,
Раиси Шурои бонувон.