Лоиҳаи ҷадиди Китобхонаи миллӣ. Маҳфили “Муколамаи адабӣ”

Имрӯз нахустин нишасти “Муколамаи адабӣ” бо иштироки хонандагони синну солашон гуногуни Китобхонаи миллӣ баргузор гашт.
Дар нахустмаҳфил, ки дар толори Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…” ҷараён дошт, повести “Мактаби кӯҳна”-и нависандаи маҳбубу шинохта, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Ровии маҳфил Сипаргис Ҳабибӣ, ки худ омӯзгор аст, бо бачаҳо хеле смимиву озод суҳбат орост. Суҳбат дар шакли муколама сурат гирифта, посухҳо андешаву нуқтаи назари хонандагон буданд. Садри маҳфил ба хонандагон, ки иштирокчиёни ихтиёрии маҳфил буданд, суолҳо пешниҳод намуд ва якояки иштирокдорон посух-андешаҳои худро баён доштанд.
Суолҳо ба назар саҳл бошанд ҳам, шунавандаро водор мекунанд, ки амиқ фикр кунад. Бо баён намудани фикру андешаи хеш бачаҳо ҳарчи бештар ба мавзӯи баррасишаванда фурӯ мерафтанд. Суолҳо аз қабили: а) фарқи мактаби кӯҳна аз мактаби замонавӣ
б) чаро падари Садриддини хурдакак ӯро аз мактаби кӯҳнаи бачагона гирифт? Сабабаш чист?
в) чи тавре ки мушоҳида мекунем дар дониш андӯхтан се тараф: хонавода(волидайн) – мактаб (омӯзгор) – хонанда (фарзанд) вуҷуд дорад. Пас, дар саводнокгардониву омӯзиш нақши кадом ин тарафҳо зиёд аст ё худ кӣ бештар масъул аст? Фикри шумо.
ва амсоли инҳо буданд. Маврид ба зикр аст, ки иштирокдорон ҳарчанд синну соли гуногун доштанд, дар баён намудани фикри худ озодона суҳбат мекарданд. Маълум буд, ки ҳангоми мутолиаи асар на як бору ду бор чунин суолҳоро ба худ додаву сари ин андешаҳо рондаанд.

Новобаста аз он ки маҳфил нахустин маротиба доир мегашту хонандагон – иштирокдорон на ҳама бо ҳам ошно буданд, суҳбат хеле зуд ва гарм авҷ гирифт. Аён буд, ки “Мактаби кӯҳна”-и сардафтари адабиёти муосири тоҷик дар қалби хонандагонаш маъво гирифтааст. Хонандагон омодаанд соатҳо гирди ин ё он сужаи асар баҳсу кардаву ба фикрҳои якдигар гӯш диҳанд.
Дар зимн, агар шумо ҳам ба адабиёт шавқу рағбат дошта бошед ва мехоҳед донишу ҷаҳонбинии адабии худро дар ин самт васеъ намоед, Китобхонаи миллӣ шуморо ба маҳфили “Муколамаи адабӣ” даъват менамояд. Марҳамат, биёеду соате дар олами ин ё он асари бадеӣ ҳамроҳи қаҳрамонони он зиндагиву андеша ронед.
Қайд карданием, ки маҳфили “Муколамаи адабӣ” ҳар ҳафта, рӯзҳои сешанбе баргузор шуда, хоҳишмандон метавонанд ба Китобхонаи миллӣ ташриф биёранд ва дар фазои озоди адабӣ асарҳои адибони классик ва муосири тоҷик ва ҷаҳонро якҷо таҳлилу баррасӣ намоянд.
Агар хоҳишманди иштирок дар маҳфили “Муколамаи адабӣ” ҳастед ва мехоҳед донед, ки кадом асар мавриди суҳбат ва таҳлилу баррасии маҳфили баъдӣ қарор мегирад, пас дар саҳифаҳои иҷтимоӣ моро пайгир бошед.
Муҳидинова Махфират,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа