Лоииқ Шералӣ: “Завқи шеър”. (Хулосаи шеърҳои навқаламон)

Ин мақолаи устод Лоиқ Шералӣ 55 сол пеш дар маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” чоп шудааст ва тавре аз номаш ҳам пайдост, нигоҳе ба шеърҳои навқаламон аст, ки ба идораи маҷалла аз гӯшаву канори кишвар расидааст. Мо намедонем аз навқаламоне, ки устод Лоиқ шеърашонро хулоса кардаву дар бораи бурду бохташон изҳори назар кардааст, кадоме аз онҳо ин роҳро то куҷо идома додаанд. Аммо мақоларо танҳо ба он хотир бозчоп кардем, ки баъзе нуқсонҳои шеъри 55 сол пеши нақаламон имрӯз ҳам ҳастанд, балки бештаранд. Хондани назари як шоири маъруф дар бораи шеъри навқаламони замони худ ҷолиб ҳам ҳаст.

Сипос ба ҳамкорамон Шавқиниссо Носирова, ки ин мақоларо рӯнавис кардааст. 

Инак мақола:

ЗАВҚИ ШЕЪР

Ҳар мактуберо, ки ба унвони идораи “Садои Шарқ” меояд, мо бо умеди нек мекушоем ва хусусан агар аз ҷавонони навқалам бошад, дилсӯзона мехонем. Ҳар кадом рӯзнома ё маҷалла аз он ифтихор мекунад, ки як вақт аввалин шеър ё ҳикояи фалон адиби имрӯз номӣ ва бузургро чоп кардааст. Мо ҳам бо чунин ҳисси ифтихор лифофаҳоро мекушоем то шояд аввалин шеъру ҳикояи хуби ин ё он ҷавони навқаламро чоп кунем, ба ӯ ёрӣ диҳем, ӯро ба адабиёт дилгарм кунем, роҳи сафедаш бихоҳем.

Бисёр ҷавонон, ҳанӯз истеъдод доштанд ё надоштанашон маълум набошад ҳам, ба шеъру шоирӣ шавқи зиёд доранд. Шеърҳои онҳо ҳарчанд саросар сара нест, аммо байтҳо ва мисраъҳои барҷаставу равону самимӣ дорад, Салим Кенҷа аз Самарқанд, Олим Боқиев, Усмон Олимов аз Масчоҳ, Раҷабалӣ Назар, Саид Раҳмонов, Муродалӣ Набиев аз Кӯлоб, Музаффар Азимӣ аз Конибодом, Маҳмудҷон Оқилов. Машраф Мелибоев аз Ленинобод, Алишер Шомаҳмадов аз Ғарм ва дигарон умуман қофияпардозӣ, вазн ва воситаҳои адабиро ба таври худ медонанд, аммо шеърҳояшон ранги куҳнагӣ ва забонзадагӣ доранд.

Декабри порсол дар шаҳри Кӯлоб курс-конференсияи адибони ҷавон гузошта буд. Донишҷӯи институти педагогии Кӯлоб Саид Раҳмонов дар ҳузури Боқӣ Раҳмизода, Ғаффор Мирзо, Соҳиб Табаров ва дигарон “Оғози шоирӣ” ном шеъри худро хонда буд. Шоири навқалам дар ин шеър нияти шоирии худро баён мекунад ва азм дорад, ки ба шоирӣ ҷавонии худро сарф кунад, ва:

То ки рӯзе маро писар гӯянд,

Дар ҷаҳон модарони бефарзанд.

Зинда созам ҳама шаҳидонро 

Ҳар диле бо диле кунам пайванд.

Тавре ки мебинед, нияти шоир хуб аст, вале дигар бандҳои шеър саропо хароб, вазн вайрон, қофияҳо лангу ланҷ, бемантиқиҳои бисёре. Ҳарчанд Боқӣ Раҳмизода ва дигарон маслиҳатҳо дода буданд, шоири навқалам шеърро ҷиддан таҳрир накардааст. Зиёда аз ин ҷавоне ки барои шоирӣ чунин ваъдаҳо медиҳад, оё бо як шеър қаноат мекунад? Дар шеъри Раҷабалӣ Назар “Гуфтугӯ бо баҳор” ҳам чор мисраи нисбатан хуб ҳаст:

Ту аз нав омадӣ, аз байни гулҳо

Куҷо шуд он гули ҳаждаҳбаҳора?

Чаро бо худ намеорӣ, баҳорон,

Баҳори умри одамро дубора?

Вале дигар саропои шеър пурғалат ва носуфта. “Баҳорон, оҳ айёми баҳорон”, “Асоси ҳосили нав мегузорӣ” барин ибораҳои бебор ва ношоирона дорад. Чунин камбудӣ дар шеъри Алишер Шомаҳмадов “Омад баҳор” ҳам ҳаст.

Давида омад баҳор,

Хандида омад баҳор.

Пӯшида махмали сабз,

Рақсида омад баҳор.

Ҳамин се мисраъ бо вуҷуди забонзада буданаш нисбатан равон аст. Дигар суханҳои маълуму обшуста – шукуфтани гулҳо. Шилдир-шилдири об, зебо шудани табиат ва ғайра беҳиссу бетарафона паи ҳам гӯё тасвир мешаванд.Чунин шеъро дар ҳудуди ҳазору ду ҳазор байт давом додан мумкин, вале чӣ суд? Шомаҳмадов дар шеъри дигар ба тавраш шӯриши Усмонро тасвир карданист. Вақте ки шеърро мехонед, дар бораи шӯриши Усмон ягон ибораи шоирона намеёбед. Усмон шӯриш карда будааст. Воқеъ шудани ин шӯришро тасвир карданӣ, характери Усмонро офариданӣ мешудед, он вақт мефаҳмидед, ки кори шоирӣ чӣ сахт аст. Усмон шӯриш кард, шикаст хӯрд гуфта, ҷонро халос кардан шоирӣ нест. Агар “Қиссаи нотамом” ном достони Боқӣ Раҳимзодаро хонда бошед, мебинед, ки шоир на ба суханҳои хушку холӣ, балки бо эҳтироси баланд шӯришро тасвир мекунад.

Салим Кенҷа “Таронаҳои Самарқанд” ном силсилаи шеърҳо фиристод. Барои намуна як шеъри “Нони Самарқанд”-ро таҳлил кунем, кофист. Дар дасти шоир ноне, ки онро дар “танури меҳр” (чаро танӯри урфӣ не?) пухтаанд, нон мисли лаъли Бадахшон аст, бӯяш димоғро муаттар мекунад, мисли “айши навҷавонӣ” (ин чӣ хел айш бошад?) ширин, “чу доруҳои Сино марҳами ҷон” аст, ҳар касе нони Самарқандро мисли савғоӣ мебарад. Шоир ҳам агар ҷое равад, нон савғо мебарад. Дар охир шоир хитоб мекунад:

Самарқандам! Ба ту фарзанд ҳастам,

Ҳаётам бо ту пайванд аст, пайванд.

Ва агар шоир ин паймони худро бишканад, бигузор нони Самарқанд ӯро кӯр кунад – чунин аст шеъри “Нони Самарқанд”. Аввал дар бораи нон сухан мерафт, дар охир нон фаромӯш шуд, шоир садоқати худро ба шарҳаш изҳор кард. Шоир вазифаи аввали  – тасвири нони Самарқандро ӯҳда карда натавонист, барои ҳамин бо суханҳои умумӣ шеърро тамом кард. Оё касе ки нони Самарқандро надидааст, аз ин шеър бӯи он нонро эҳсос мекунад? Хӯрдани онро ҳавас мекунад? Нони Самарқанд бо ҳусну рангу бӯю лаззат аз нонҳои дигар фарқ дорад. Мегӯянд, ки агар нонвою танӯру орди Самарқандро ба шаҳри дигар бурда, нон пухтанӣ шавед, ҳаргиз мисли ноне, ки дар Самарқанд мепазанд, нахоҳад шуд. Оё худи ҳамин мазмунро шеър сохтан мумкин нест? Фақат маҳорат ва биниши шоирона лозим аст. 

Дар шеърҳои дигари Салим Кенҷа ҳам чунин уҳда карда натавонистани вазифаву талаби мавзӯъ мушоҳида  мешавад. Шоир асрори рангҳои манораҳои Самарқандро ҷустанист. Чаро ин рангҳо дар тӯли садсолаҳо сутурда намешаванд? Ин ҷо таркиби кимёвии рангҳоро ҷустани шоир лозим нест, (ҳарчанд донистан фарз аст) лекин бояд бо назари шоирона ин рангҳоро дид. Биниши шоирона  – аввалин шарти шоирист. Шоир бояд бисёр мушоҳидакор, дақиқназар ва ҳасос бошад, аз он ҳама мушоҳидаҳояш чизеро тасвир кунад, ки то ҳол ягон шоири дигар нагуфта бошад, ё агар гуфта бошад, ин шоир бояд ӯро такрор накунад. Барои ин корро ӯҳда кардан дониши бемисоли адабӣ доштан лозим аст, то кас донад, ки киҳо чиҳо гуфтаанд. Имрӯз шоире, ки дар давоми он ҳама шеъри зебои форсӣ-тоҷикӣ шеъри худро пайвастан мехоҳад, бояд ҷавобгарии бузургеро ба гардан гирад, назмро бо рангу оҳангу мазмунҳои нав ғанӣ кунад, сухани нав орад. Чунон ки гуфтаанд:

Фасона гашту кӯҳан шуд ҳадиси Искандар

Сухан нав ор, ки навро ҳаловатест дигар.

Дар байни аҳли адаб як ибораи маълуме ҳаст: “шеъри умумӣ”. Ин ибора таркибан нодуруст аст, лекин шартан ба он шеърҳои нисбат дода мешавад, ки суханҳои ҳазор бор гуфташуда, ташбеҳу истиораҳои аз даҳан монда, воситаҳои куҳна , ибораю ифодаҳои дилбазанро бе ҳеҷ мақсад боз такрор мекунанд. Ё агар мавзӯъашон суханҳои дигар талаб кунад ҳам, азбаски онҳо ба чунин пардозҳои осон одат кардаанд, худашонро азоб надода, зуд шеърро бо суханҳои бесӯзу бедард тамом мекунанд. Шеърҳои Азимӣ, Маҳмудҷон Оқилов, Машраф Мелибоев, Олим Боқиев чунонанд. Масалан Оқилов дар бораи пахтачиндухтар менависад:

Даме дилбар ба саҳро чун шукуфон дида меояд,

Ба сони ғунчаи гул дар чаман хандида меояд.

Боз “ғунчаи гул”. Охир духтари меҳнаткашро, ки ҳар рӯз дар саҳро мебинед, дастҳояшро ғӯза харошида, рӯяш офтобхӯрда, қоматаш хамидааст, наход боз “ғунчаи гул” гӯеду халос? Меҳнати ӯро дурусттар бинед, ё ҳеҷ набошад ё як рӯз пахта чида, дар ҷони худатон азоби ӯро ҳис кунед…

Аз байни ҳамаи шеърҳое, ки дар даст дорем, “Посбонам” ном шеъри Муродалӣ Набиев (Кӯлоб) аз ҷиҳати мазмун ва мавзӯъ хуб аст. Шоир мегӯяд, ки на фақат посбони сарҳад, на фақат аскари хизматӣ, балки ҳамаи мо посбони Ватан ҳастем. Шоири навқалам хостааст “навпардозӣ” кунад, аммо аз уҳдааш набаромадааст. Аз ин мазмун шеъри хуб сохтан мумкин аст, ба шарте ки мавзӯъро каме васеътар гирад, ифодаҳои образнок ёбад.

Акнун шеърҳои як гурӯҳ навқаламонеро аз назар мегузаронем, ки онҳо ба шеър фақат шавқ доранду халос, вазни арӯз, забон, қофия, воситаҳои шеъриро қариб намедонанд. Дар “шеъри” онҳо ба ғайр аз шеърият ҳама чиз ҳаст. Масалан, Икром Хоҷаев аз Ленинобод дар шеъри худ “Ман коргарам” чунин менависад:

Хоҳ аз ишқ мехоҳӣ хоҳ аз насим

Теғ ба гулӯ монӣ, ман коргарам.

Хоҳ аз мавҷи дарё дӯғ бишнавӣ,

Хоҳ зевар кашонӣ, ман коргарам.

Хоҳ зи кӯҳ санги вазнине гирифта,

Ба сӯям парронӣ, ман коргарам.

Дар бораи бесарусомонии ифодаҳо ва мисраъҳо ҳоҷати гап нест. Аммо ҳайратовар он аст, ки шоири навқалам ҳанӯз чӣ гуфтанашро намедонад, шеъраш мақсад надорад ва безарурат аз номи коргар суханҳои ночаспон мегӯянд.

Навқалами дигар Қурбон Муҳаммадӣ аз Орҷоникидзеобод дар бораи модар менависад:

Меҳри модар ҷилвагар

Тобанда ҳар шому саҳар.

Васлу кунам меҳри ӯро 

Пайваста дар ҷону ҷигар..

Беҳтарин намунаҳое, ки аз шеъри ин гуруҳ навқаламон овардем, ҳамин ду порча буд. Аҷибтар он аст, ки ҳанӯз чӣ хел навишта шудани ин ё он калима, одитарин унсурҳои шеърро надониста, коғаз сиёҳ мекунанд. Дар шеърҳои Лаззат Диловаров, Нигорбӣ Усмонова аз Фархор, Нарзулло Сатторов, Раҷаб Сӯфиев аз Паҷакент, Миралӣ Темуров, Қурбоналӣ Раҷабов, Исмат Нусратов аз Кӯлоб Саидамин Умаров аз Ленинобод, С. Ёдгоров, С. Наимбоев аз Исфара, С. Алиев аз Ёвон, Шермат Одинаев аз райони Москва, Саид Ҷӯрахонов аз Вахш, Ҳусейн Давронов, Ҷ. Шерматов аз Айнӣ, М. Тиллозода аз Восеъ, Ҷ. Сиякв аз Ванҷ, Рустам Алиев аз вилояти Тошканд, Дарвон Абдураҳмонов аз шаҳри Самарқанд, Раҷабалӣ Сиддиқов аз райони Ленин, Саидмурод Ҳотамов аз Ғарм, Ш. Қосимов, М. Хоркашов аз Қурғонтеппа ва дигарон он камбудиҳоеро, ки дар мисолҳои боло нишон додем, низ вуҷуд дорад.

Дар адабиёт имтиёзе нест, ки аз адаиби пуртаҷриба асари бузург, аз навқалам асари сусту хом талаб кунад. Дар адабиёт барои ҳамаи нависандагонихурду бузург, навқаламу таҷрибадор талабот як хел аст.

Барои ҳамин навқаламон ӯҳдадоранд, ки аввал моҳияти адабиёт вазифаи иҷтимоии ӯро дарк кунанд, баъд осрори онро омӯзанд, забонро, ки асоситарин мояи шеър аст, аз олимони забоншинос чанд бор зиёдтар доранд, маънои ҳар калима, ҷои ӯ дар баёни фикр, тобишҳои маъновии ибораву масалаҳову мақолҳоро омӯзанд. Ин ҷавонон, ки бевосита дар байни халқ ҳастанд, бояд эҷодиёти халқро хуб донанд, аммо дар шеърҳои онҳо  “бӯи” шеъри халқӣ нест. Онҳо бояд дубайтиҳои халқиро ҳазор-ҳазор донанд, аммо афсус афсус… онҳо бояд достонҳои классиконро мисраъ ба мисраъ донанд, аммо боз афсус, онҳо бевосита дар байни халқи меҳнатӣ дар байни пахтакорону пахтачинон, дар байни ҳофизону гӯяндагон, ҳунармандон, деҳқонон, пиразанҳои афсонадон ва духтарони дубайтихон зиндагӣ мекунанд, аммо дар шеърашон тасвири меҳнат, симои деҳқон, корнамоии пахтакорон ва ғайра ҳеҷ нест. Мо ин ҷо дар бораи шеърҳои ирфонӣ ва фалсафӣ сухан намекунем. Азбаски ҷавонон одатан аз шеърҳои ишқӣ шоириро сар мекунанд, эй кош ақалан шеърҳои дар ҳақиқат ишқӣ менавиштанд.

Ба навқаламон лозим аст, ки шоириро кори саҳл напиндоранд. Чормағзро нашикаста, мағзашро надида ҳар гапе, ки пеш омад, навишта шеър гумон накунанд. Меҳнати шоир ба ифодаи Расул Ғамзатов “ҳам фароғат ҳам азоби зиндон” аст. Агар дар дили касе шавқе бошад ҳанӯз шоирӣ нест, бисёр хондан, аз илмҳои бисёре, ки имрӯз шеър аз онҳо об мехӯрад бархурдор будан, аз тамоми офаринишҳои бузурги адабиёти қадиму имрӯзи дунёӣ вуқуф доштан, адабиёти русро билхосса бештар донистан, адабиёти классикӣ, адабиёти шифоҳиро (фолклор) бо ҳама назокату вазоҳаташ омӯхтан лозим аст. Умед аст, ки баъд аз ҳамаи ин вазифаҳоро ӯҳда кардан, шоири навқалам моҳияти назм ва талаботи онро мефаҳмад ва мувофиқан камари саъй мебандад.

Л. Шералиев

Манбаъ: Садои Шарқ, соли 1971 №1

Таҳияи Носирова Шавқинисо, 

мутахасис пешбари шуъбаи матбуоти даврӣ.

Теги Матбуоти даврӣ