Луғате, ки истилоҳоти муҳими тиббиро шарҳ медиҳад
Дар замони мо омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз муҳимтарин омилҳо барои фаро гирифтани дониш, хабару итилоот ва навигариҳои илмию фаннӣ ба шумор рафта, барои боз ҳам бештар барқарор намудани иртиботҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бо кишварҳои дигар мусоидат менамояд.
Як китоби пурарзиш “Англо-русский толковый медицинский словарь” (Луғати тафсирии англисӣ ба русии тиббӣ) мебошад, ки соли 2012 чоп шуда, наздик ба 8 ҳазор истилоҳи тиббиро шарҳ додааст.
Муаллифон навиштаанд, ки барои табибон маъмулан донистани 6-7 ҳазор калимаҳои тиббӣ бо англисӣ ва шарҳашон ба русӣ кофист. Аммо ин мусаллам аст, ки илми тиб пайваста дар ҳоли рушду нумуъ ва такомул аст. Дар миён истилоҳоти тоза ҳам пайдо шуданд, ки ниёз ба шарҳу тафсир доранд.
Ба сухани дигар луғатнигорӣ як илмест, ки бояд пайваста навгониҳоро пайгирӣ кунад, то вожаву калимаву истилоҳоти навро ба куҳнаҳо афзояд.
Дар 15-20 соли охир дар тиб бисёр навовариҳои инқилобӣ ҷорӣ шудаанд, аз қабили компютери томографӣ, видеоэндоскопия, лапароскопия, литотрипсияи фосилавӣ, тадқиқоти геномӣ ва ғайра. Ин истилоҳоти нав сабаб шуд, то ки луғатҳои истилоҳоти англисӣ зиёд шаванд.
Луғате, ки муаррифӣ мекунем, 8 ҳазор истилоҳоти калимаҳои тиббиро дар мегирад. Ҳангоми таҳияи луғат аз адабиёти зиёд истифода шудааст.
Ин луғат бо вуҷуди дар бар гирифтани истилоҳоти нисбатан камтари илмӣ метавонад хеле муҳим бошад, ки ҳамқадами замон аст ва истилоҳоти навро ҳам дарбар гирифтааст.
Хонандагон онро метавонанд дар толори хониши адабиёти хориҷӣ пайдо ва аз он баҳра баранд.
Азиза НИЁЗОВА, мутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.