Луғати лаҳистонӣ ба русӣ, ки соли 1963 чоп шудааст
Луғати мазкур барои хондан ва тарҷумаи ахбори техникиву сиёсиву иқтисодӣ, ки дар худ ҷанбаҳои иттилоотиро доро ҳастанд, пешбинӣ гардидааст.Чуноне аз сарсухан бармеояд, фарқияти ин луғатнома аз нашрҳои пешина ин фарогир будани китоб бо калимаҳои наву сермаҳсул ва ба он ворид гардидани калимаҳои зиёде, ки метавон бо истифода аз онҳо матнҳои адабиро ҳам хонду порчаҳои осори адабиётро ҳам бемалол тарҷума кард.
Ин луғатнома соли 1963 ба теъдоди 110000 ҳазор адад таҳти назари М.Ф.Розвадовской нашр шуда буд. Он фарогири 50 ҳазор калима ва ибораҳо мебошад.
Луғатро нашриёти “Государственное издательство Национальных словарей” дар Москав нашр карда буд.
Китоби мазкур яке аз нодиртарин луғатномаҳои лаҳистонӣ ба русӣ ба шумор меравад, ки дар Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Ва то кунун мавриди истифодаи касонест, ки бо ин забон сарукор доранд.
Манижабону Ибрагимова
Мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ