Луғати лотинӣ ба русӣ, ки соли 1976 чоп шудааст
“Латинско-русский словарь”. Ин луғат соли 1976 ба теъдоди 65 ҳазор нусха дар шаҳри Москав нашр шудааст ва чанд нусхаи онро метавон дар Китобхонаи миллӣ ҳам пайдо ва варақ зад.
Луғати мазкур дар ин ҳаҷм барои адабиётшиносон ва дигар мутахассисоне, ки дар раванди гузаронидани таҳқиқотҳои хеш ба калимаву вожаҳои лотинӣ дучор меоянд, пешбинӣ гардидааст.
Ин луғатнома фарогири калимаҳои адабӣ, таърихӣ, ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ мебошад, ки ин ба истифодабаранда имкони озоди тарҷумаро фароҳам меорад.
Чуноне дар боло ишора гардид,ин луғатнома соли 1976 ба теъдоди 65 ҳазор шумора аз ҷониби И.Х.Дворетский нашр гардида буд ва 50 ҳазор калимаро аз забони лотинӣ ба русӣ шарҳ медод.
Луғат дар ҳаҷми 1096 саҳифа аз ҷониби нашриёти Русский язык дар Маскав нашр гардидааст.
Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар толори ададбити хориҷии Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Манижабону Ибрагимова, мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ