«Луғати лотинӣ-русӣ-тоҷикии истилоҳоти тиббӣ»

Мураттиби ин китоб омӯзгори забони лотинии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, номзади илмҳои филологӣ Ҳадиса Сангова буда,  бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пештар рӯи чоп дидааст. 

Ҳадиса Сангова дар сарсуханаш ба китоб навиштааст:

Забони лотинӣ-забони истилоҳоти байналмилалӣ ва забони касбии табибон маҳбус меёбад. Аз ин рӯ, дар аксарияти забонҳои дунё истилоҳот аз забони лотинӣ ва юнонӣ бидуни тарҷума қабул ва корбурд мешаванд. Инро мо дар истилоҳоти соҳаи тиб низ мушоҳида менамоем.

     Истилоҳоти анатомӣ дар тамоми дунё аз рӯи номенклатураи байналмиллалии анатомӣ ба забони лотинӣ муқаррар карда шудааст, ки донистани онҳо барои ҳар як табиб зарур ва ҳатмӣ ҳисобида мешавад. Ҳар як узви одам, асабҳо,мушакҳо ва ғайра аввал бо забони лотинӣ номгузорӣ карда шуда,сипас ба ҳамон забоне,ки дар мамолики муаян роиҷ аст,навишта мешаванд. Дар забони англисӣ истилоҳоти анатомӣ аз лотинӣ қариб ки бетарҷума, танҳо бо тағйироти овозӣ истифода мешаванд.

       Ба ҳар як доруи нав кашфшуда ҳатман дар меъёри  байналмиллалӣ номи лотинӣ мегузоранд. Номи доруҳо дар забони лотинӣ исми тасрифи ll, ҷинси миёна буда,бандаки –um мегиранд ва ба дигар забонҳо тарҷума нашуда, танҳо бидуни  бандак ва бо ҳарфи хурд навишта  мешаванд. Чунончӣ: Analginum, i, n-Anlgine-анальгин –аналгин.Калимаҳое, ки дар қисми аввали луғат ҷой дошта тарҷума надоранд,номи доруҳо мебошанд. Дар чанд саҳфа луғати русӣ-лотинӣ-тоҷикии истилоҳоти фарматсевтӣ ҷойгир карда шудааст.

      Ба ҳамин монанд аксарияти истилоҳоти мансуб ба илми кимиё, аз ҷумла номи элементҳо, кислотаҳо оксидҳо ва монанди инҳо дар забонҳои англисӣ, русӣ,тоҷикӣ ва ғ.бе тарҷума истифода мешаванд,ки ин нишонаи умумӣ будани ин истилоҳот мебошанд.

        Дар забони лотинӣ номи доруҳо ва рустаниҳои доруӣ бо ҳарфи калон навишта шуда, дар дигар забонҳо бо ҳарфи хурд менависанд.

         Луғати зерин хусусияти таълимӣ дошта, истилоҳоти фарматсевтӣ, клиникӣ ва анатонимро дар бар мегирад. Истилоҳоти клиникӣ номи бемориҳо, асбобҳои ташхисӣ,номи мутахассисони ин ё он соҳаи тиб ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Аз рӯи меъёрҳои қабулшуда истилоҳоти клиникӣ дар тиб бо калимаҳои юнонӣ истифода меёбанд ва пешванду пасвандҳое, ки маънои муайян доранд,барои сохтани ин истилоҳот  кӯмак  менамоянд.

        Дар маълумотнома ин гуна калимаҳо бо забони лотинӣ ва юнонӣ оварда шудаанд. Чунончӣ: gastro-(юнонӣ)-меъда; ventriculus (лот.), пасванди –itis маънои илтиҳобро дорад, аз ин ҷо gastrit –илтиҳоби меъда; stomato –даҳон, stomatis– илтиҳоби даҳон ва ғ.

         Мақсад аз овардани истилоҳоти клиникӣ дар он аст, ки ин истилоҳот умумиистеъмол буда, ба забонҳои дигар тарҷума нашуда,танҳо шарҳ дода мешаванд ва донистани онҳо барои ҳар як донишҷӯи соҳаи тиб зарур ва ҳатмист.

         Дар луғат  як миқдор ками номгӯи ботаникии  рустаниҳои доруӣ аз рӯи алифбо оварда шудааст. Номи ботаникии рустаниҳои доруӣ аз ҷиҳати грамматикӣ аз ду калима: исм ва сифат иборат мешаванд (биноминалӣ-дуномаанд). Исм-авлод ва сифат –намуди  ҳамон рустанӣ ҳисобида шуда, номи дору аз рӯи авлод ва намуд ё ҳар ду гузошта мешавад.

        Шиносоӣ бо номгӯи ботаникии баъзе рустаниҳои доруӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Қобили  қайд аст,ки  рустаниҳои доруие, ки дар диёри мо намерӯянд,тарҷума тоҷикӣ надоранд.

         Дар хотимаи луғат  истилоҳоти антомӣ ҷой дода шудааст.

          Ин луғат ба донишҷӯёни соҳаи тибб, биология ва ҳамаи шахсоне, ки ба тибб алоқаманданд муфид хоҳад буд.

Китоби мазкурро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Адиба Мардонзода,

мутахассиси пешбари

шуъбаи мукаммалгардонии фонд.