Луғати русӣ ба финӣ дар Китобхонаи миллӣ, ки умри 61-сола дорад

русско финский словарьЛуғати русӣ-финӣ дар ҳаҷми 998 саҳифа соли 1963 аз ҷониби нашриёти “Гасударственное издательство Национальных словарей дар Москав нашр гардидааст. Аз ин китоб чанд нусха дар Китобхонаи миллӣ низ мавҷуд аст. Ин луғатнома аз ҷониби М.Э.Қуусиена ва В.М.Олықайнен тартиб дода шудааст, ки фарогири 61 ҳазор калима ва ибораҳо мебошад.

Тавре аз сарсухани китоб бармеояд, ин луғат таҷрибаи аввал набуда, соли 1912 аз ҷониби донишманд  П.Киянен ҳам чунин иқдом сурат гиифта будааст. Аммо муаллифи луғати мазкур ба ин назар аст, ки ин луғатнома дигар ба талаботи адабиёти муосир ва муоширати амалӣ ҷавобгу нест. Луғатҳои русӣ-финие, ки баъдан дар замони Шуравӣ ва Финляндия нашр гардидаанд,ҳаҷман ба талабот ҷавобгӯ нестанд, ки ҳамаи ин боиси пайдоиши зарурат ба таълифи луғати нави калонҳаҷми русӣ-финӣ гардиданд.

Луғати мазкур дар худ лексикаи асосии адабиёти бадеии муосири забони русӣ ва ҳамзамон истилоҳоти махсус ва инчунин вожаномаҳои ҷамъиятӣ-сиёсиро дар бар мегирад.Ин луғатнома барои тарҷумонҳо,кормандони нашриёту радио ва телевизион ва инчунин барои финиҳое, ки хоҳиши омӯхтани забони русиро доранд ва ё мутахассисоне, ки саргарми омӯзиши забони мардумони фино-угрӣ мебошанд, пешбинӣ шудааст.

Манижабону Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.