Луи Брайл кӣ буд?

Дар олам ҳазорон нафар нобиноён бо алифбои брайлӣ хондану навиштанро меомӯзанд. Даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳо бо ин алифбо барои нобиноён чоп мешаванд. Дар Шуъбаи хидматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ низ 425 нусха гуна китобҳо вуҷуд доранд ва ҳоло ҳам нобиноён аз онҳо истифода мебаранд. Аксари ин китобҳо чопи замони пеш аз Истиқлол буда, бештарашон дар Москав ба нашр расидаанд ва як теъдодашон нашри Душанбе мебонад. Аммо кам касон медонанд, ки чаро ин алифбову ин хат брайлӣ номида мешавад.

Луи Брайл (фаронсавии Louis Braille) мураббӣ ва муаллифи аҳли Фаронса ва ихтирокунандаи як системаи хондан ва навиштан барои истифодаи нобиноён буд. Системаи ӯ бо номи хати Брайл ба таври густардае дар дунё тавассути нобиниён барои хондан ва навиштан истифода мешавад.

Луи Брайл дар соли 1809 дар як деҳкадаи хурде дар наздикиит Порис ба дунё омад. Падараш заминсоз буд ва Луис ҳам аз ҳамон кӯдакӣ дӯст дошт мисли падарашш бошад, аммо сесола буд, ки ба далели фурӯ рафтани  дирафш ба чашмаш ҳангоми бозӣ дар коргоҳи падараш чашмаш шадидан осеб дид. Аввал камбино шуд ва баъдан нури чашмонаш пурра аз байн рафтанд ва аз ҳарду чашм маҳрум шуд.

Волидона ба Луи ҳунарҳои зиёдеро омӯхтанд, аз ҷумлаи ин ҳунарҳо бофтани ҳошия барои тасмаи асп, дӯхтани пойафзоли хонапӯшӣ ва ғайра.Ба хона муаллиме даъват карданд, ки барои Луи навохтани асбоби мусиқии ғижжакро биёмӯзад. Луи алифборо дар як мактаби маҳаллӣ бо истифода аз чӯбчаҳо ёд гирифт.

Вале бо вуҷуди ғамхориҳои волибон барои касбомӯзии фарзандашон Луи ҳеч вақт пайёмадҳои нобиноиро қабул накард ва ҳамеша ба ин бовар буд, ки ӯ ҳам метавонад мисли ҳар инсони одӣ зиндагӣ кунад. Ӯ бо кумак ва роҳнамоии  як кашиши маҳаллӣ ором-ором ба сӯи таҳсил савқ дода шуд ва тасмим гирифт барои аз худ кардани хондану навиштан хона ва хонаводаашро тарк кунад ва ба муассисаи нобиноёни Порис биравад.

Даҳсола буд, ки билох ира ӯро барои омӯзиш ба Донишкадаи нобиноёни Парис фиристоданд ва дар он ҷо метавонист мусиқӣ омӯзад, дӯзандагиву бофандагиро ҳам аз худ кунад. барои таҳсил китобҳо бо алифбои барҷаста пешниҳод мешуд ва бо вуҷуди камбудиҳои алифбо ин гуна китобҳои ба теъдод хеле кам буданд. Аммо дар ин донишкада Луи чун як ҷавони қобилиятнок маъруфият пайдо кард ва соли 1828 онро хатм кард. Алакай дар ин солҳо вай басо бомаҳорат метавонист пианино навозад, орги бодӣ навозад. Баъди хатм аз ҷониби муассиса пешниҳод шуд, ки чун муаллими хурд дар ҳамин донишкада фаъолият кунад.

Дар идомаи кор вай бо алифбое ошно шуд, ки аз ҷониби Шарл Барбе сохта шуда буд. Шарл як марди ҳарбӣ буд ва ин алифбои худро ба ниятҳои ҳарбӣ, бахусус ирсоли маълумоти шабона сохта буд. Ин ҳарфҳо болои картон, бо сохтани сӯрохиҳо чида мешуданд ва ба онҳо ангушт бурда матнро мехонданд. Ин таконе шуд, ки Брайл барои сохтани як алифбои ҳамашумул барои нобиноён иқдом кунад.

ИХТИРОИ ХАТИ БРАЙЛ

 Хондан ва навиштан бо ҳуруфи барҷаста барои нобиноён бисёр мушкил буд ва вақди зиёдро мегиифт. Ва аз ҳамон ибтидо Леи ба сурати шабонарӯзӣ талош мекард  системаи хондан ва навиштанро дуруст кунад. Вай мехост системаро созад, ки барои ҳамагон қобили қабул бошад. Саранҷом дар 15-солагӣ бо илҳом аз алифбои ҳарбии Шарл Барбе алифбои барҷастаеро сохт,ки бо роҳи бо ангуштон ламс кардан хонад мешуд.

Ихтирои Луи Брайл ҳангомабарангез буд ва дар оғоз шӯрои илмии донишкада онро напазируфт. Брайл барои такмили алифбои худ заҳмати зиёд кашид. Билохира бо гузашти чанд соли дигар ҳамон Шӯро дубора сари қабули алибо баргашт ва билохира пази руфта шуд.

Алифбои Луи Брайл, ки бо номи хати брайлӣ маълуму маъруф аст, баъдан маъруфият пайдо кард.

Аввалин китобе, ки бо хати брайлӣ чоп шуд, “Таърихи Фаронса” буд, ки соли 1837 рӯи чоп омад.

 Луи Брайл дар миёнароҳи зиндагӣ ба бемории сил гирифтор шуд, ки ба хотири шароити бади зиндагӣ дар муассисаи нобиноён ин касалӣ шиддат гирифт. Дар синни 43-солагӣ, 6 январи соли 1852 дар шаҳри Порис дида аз олам барбаст ва дар зодгоҳаш Кувре ба хок супурда шуд.

Луи Брайл умри бисёр кутоҳ, вале хеле пурсамар дошт. Бо ихтирои худаш зиндагии миллионҳо нафарро дар сар то сари Сайёра рангин сохт. Хаби Брайл  беш аз шаст сол баъди маргаш ба унвони хати арсмии нобиноён шинохта шуд. Ва пас аз гузашти сад сол аз замони маргаш ихтирои Брайл аз ҷониби давлати Фаронса ба арсмият шинохта шуд ва ҷасади вай аз деҳкадааш ба Пантеони Порис интиқол дода шуд. Ин мавзеъ оромгоҳи шахсиятҳои бузурги  таърихи Фаронса мебошад. Дар ин Пантеон шахсиятҳои маъруфе чун Виктор Гюго, Волтер Скот, Эмил Золя манзили абад ёфтаанд.

Хонае, ки Луи Брайл айёми кӯдакии худро гузаронида буд, осорхона шуд. Кӯчае, ки ба ҳамин осорхона мебарад, номи Луи Брайлро гирифт.

 Маҳбуба Алиева, корманди Китобхонаи миллӣ.