Лутфан аз имкониятҳои хубу муносиби Китобхонаи миллӣ истифода кунед!
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми корхонаву идора ва муассисаҳои давлатии кишвар, ҳамчунин ҷамъияту ташкилотҳои хориҷиро ба ҳамкорӣ даъват намуда, ба иттилоъ мерасонад, ки ҳама гуна шароит ва имконият барои дар толорҳои муҷаҳҳаз баргузор кардани чорабиниҳои сатҳи гуногун муҳайё мебошад.
Имрӯз бинои Китобхонаи миллӣ ба яке аз нигораҳои зебои шаҳри Душанбе табдил шуда, сайёҳону меҳмонони зиёд ҳамарӯза аз он дидан мекнанд ва бо як ҷаҳон тааасуроти нек аз он берун мешаванд.
Ин боргоҳи маърифату дониш илова ба толорҳои муҷаҳҳази хониш боз толорҳои зебову муҳташам барои баргузории ҳама гуна нишастҳои хурду бузург мебошад. Ин толорҳо ба баргузории ин гуна нишастҳо хеле мувофиқ буда, солона даҳҳо конфронсу симпозиум, мизҳои гирд, нишасту ҷаласаҳо дар ин макон баргузор карда мешавад. Илова бар ин, роҳбарияти Китобхонаи миллӣ талош кардааст ба сатҳи хидматрасонӣ дар ин нишастҳо таваҷҷуҳи хоса кунад. Ин аст, ки масъулини баргузори ҳамоишу нишастҳо ҳамеша аз сатҳи хидмарасониҳо изҳорӣ сипос кардаву ҳатто бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ намудаанд.
Кулли толорҳои ҷаласоти Китобхонаи миллӣ бо навтарин таҷҳизоти электронӣ муҷаҳҳаз буда, ҳаргиз мушкили дастрасӣ ба имконоти техникӣ, аз ҷумла Интернет дар нишастҳои ҳузуриву онлайнӣ надорад.
Китобхонаи миллӣ сатҳи баланди ин гуна хитматгузориҳоро барои баргузории ҷаласоту нишастҳои Шумо кафолат медиҳад.
Мо аз мақомоту идораҳои давлатӣ ва ташкилоту созмонҳои хориҷӣ даръват мекунем барои баргузории нишасту ҳамоишҳои худ аз имкониятҳои хуби Китобхонаи миллӣ истифода кунанд!
Телефонҳо барои иртибот:
+992935694004
+992372210410
МО ДАР ХИДМАТИ ШУМОЕМ!
