Лутфия Айнӣ. Устод Беҳзод
Беҳзод машҳуртарин ва муътабартарин симои санъати минётури Шарқи Миёна мебошад, ки номи ӯ ранги афсонавӣ гирифтааст. Ба ӯ тақлид мекарданд. Ӯро устоди олитарин мешумурданд, баландтарин нуқтаи маҳорат ва санъаткорӣ медонистанд. Муаррихон ва муаллифони тазкира ва ёддоштҳо бисёр мадҳияҳо ва таърифномаҳо дар бораи ӯ ба қалам додаанд. Ҳамасронаш назокати қалами ӯро бо Монии афсонавӣ монанд мекарданд. Баъдҳо ҳангоме ки дар Аврупо бо минётури Шарқ шавқ пайдо карданд, Беҳзод ягона рассоми машриқзамин буд, ки ӯро аврупоиён бо Рафаэл дар як мақом ҷой доданд. Ва имрӯз дар ҳолате, ки бештарини рассомони бузурги машриқзамин барои оммаи мардум ношинос аст, ки номи Беҳзод забонзади умум аст. Музеи санъати тасвирии шаҳри Душанбе ба номи Беҳзод аст.
Беҳзод кӣ буд ва боиси ин қадар шӯҳрат ёфтани санъати ӯ дар чист? Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ маълумоти зиёде дар дасти мо нест. Ҳарчанд ахборе, ки аз ӯ дар даст дорем, бештар аз он аст ки дар бораи дигар санъаткорони асри миёна мондааст.
Чи тавре ки мутахассисон тахмин мекунанд, Беҳзод дар соли 1455 дар Ҳирот ба дунё омадааст. Дар хурдсолӣ ятим мондааст, ӯро Мирак ном наққоше, ки санъаткори машҳури ҳамон давр ва китобдори фармонфармои Ҳирот Султон Ҳусайн Мирзо буд, ба тарбияи худ гирифт. Ҳунари рассомиро Беҳзод аз ӯ омӯхт ва ба зудӣ устоди моҳир гашт. Шукуфтани ҳунари ӯ дар ҳимоя ва парастории Алишер Навоӣ, ки вазири Ҳусайн Мирзо буд, гузашт. Заҳираддин Бобур дар ёддоштҳои худаш менависад: Ин тараққӣ ва пешрафти ҳунари Беҳзод ва шоҳ Музаффар дар натиҷаи ҳиммат ва кӯшиши Алишер ба вуҷуд омад. Пас аз андак фурсат Камолиддин Беҳзод ба хидмати Султон Ҳусайн даромад ва ҷои устодаш Мираки наққошро гирифт, ки то он замон китобдорӣ вазифаи ӯ буд. Аз корҳои ҳамин давра, ки бо имзои худи Беҳзод ба мо расидааст, як дастхати “Бӯстон”- и Саъдии Шерозист, ки алъон дар китобхонаи Қоҳира маҳфуз мебошад. Ин асар дар солҳои 1488-1489 мелодӣ махсус барои Ҳусайн Мирзо оро ёфтааст. Баъд аз вафоти Султон Ҳусайн ва аз миён рафтани силсилаи темуриён Беҳзод боз чанд гоҳ дар Ҳирот машғули кори худ будааст. Ин вақт Шайбонихон Ҳиротро (соли 1507) ба тасарруфи хеш дароварда буд. Пас аз фаъолияти ӯ бо китобхона ва устохонаи дарбори шоҳ Исмоили Сафавӣ дар Табриз вобаста мегардад.
Таърихи ба Табриз омадани Беҳзод маълум набошад ҳам, дар дасти мо васиқае аз фармони шоҳ Исмоил мондааст, ки дар соли 1522 содир шудааст. Ин васиқа нишон медиҳад, ки Беҳзод ба китобдорӣ ва сардории хаттотон, рассомон ва ҳунармандони гуногуни дарбор таъин мегардад. Афсӯс ки аз он давра асаре, ки ба ӯ нисбат дода мешуда бошад ва имзои ӯро дошта бошад, нест. Лекин санъати миниётурии он давра дар таъсири комёбиҳои эҷодиёти ӯ пеш рафтааст. Эҳтимол дар охирҳои умраш Бехзод тамом кардани нақшаҳои худашро ба шогирдонаш вогузор мекарда бошад. Ва худаш бо тасҳеҳ ва такмили онҳо иктифо мекардааст. Беҳзод дар солҳои 1535-1536 аз дунё гузаштааст. Таърихи вафоташро шоир Амир Дӯст Ҳошимӣ чунин ёфтааст: “Назар афган ба хоки қабри Беҳзод”. Ҷои қабри устодро муайян кардан мумкин намешавад. Қабри ӯ бо нишондоди баъзе муаллифон гоҳ дар Табриз ва гоҳ дар Ҳирот аст.
Оре, дар ҳақиқат ҳунари Беҳзод дар дастгоҳи минётурсозӣ ба худ монанд надорад. Тарҳкашиҳои аз ҳад зиёд нозук, инсиҷоми (композитсияи) ӯ комилтарин, обурангкории ӯ хушоҳанг, мусаффо ва ҷилодор мебошанд. Тасвирҳои ӯ рубобӣ (лирикӣ) ва нафис аст. Оре дар ҳақиқат маҳорати санъаткориро ба ниҳояти худ расонда буд. Вале эҷоди ӯ ин қадар ҳам оламшумур намебуд, агар танҳо бо роҳи беҳтар кардани услуби ин саъат маҳсур мемонд. Беҳзод бузургтарин таъғйирдиҳанда ва навоварандаи асилест, ки ҳамаи усули наққошӣ ва суратгариро аз назар гузаронида буд. Ин дар замони ҳаёти ӯ бо иштироки фаъолона, дар таҳти таъсири доҳиёнаи вай тарзи адоихосси Ҳирот зуҳур кард, ки мо онро ҳамчун услуби соз ва муайяншудаи минётури форсӣ меномем, услубе, ки бо ифодаю адои шоирона ва бо ҳамаи анвои санъати мусулмонӣ ҳамоҳангӣ дошт. Ин ҷараён бо зебошиносӣ ва фалсафаи он замон беш аз пештар ҳамрангӣ дошт ва ҳаётро пурратар аз пештар ифода мекард. Санъати минётурии пеш аз Беҳзод ҳанӯз дар ҷустуҷӯи ин роҳу равиш афтонида буд. Минётурии давраи пас Беҳзод, яъне даврони сафавиҳо баъзе хусусиятҳои ҷудогонаи услуби Беҳзодро ба камол расонд. Вале ҳамзамон бо ин равиш дар ӯ баъзе нишонаҳои беҳаракатӣ ва пастравӣ намудор шуд.
Навигариҳое, ки Беҳзод овард аз чи иборат буданд?
Минётур ҳамчун тарзи хоси ҳунар дар Шарқи Миёнаи исломӣ нисбат ба дигар санъатҳо дертар ба зуҳур пайваст. Нахустин намунаҳои ин тарзи санъат ба солҳои охири асри ХIII ва аввали асри XIV мерасад. Он замон кайҳо тарзи санъати меъморӣ, кошинкорӣ, наққошӣ ва афзорсозии исломӣ шакли муайян гирифта, санъати шеър ва адаб занҷираи тиллоии силсилаҳои бузурги хешро ба майдон оварда буд. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ ва Ҳофизҳо маълум ва машҳур буданд. Миётур бошад ҳанӯз қадамҳои нахустини худро тарсон-тарсон мениҳод. Ӯ ҳанӯз на забони хос ва на симои муайяне дошт. Он ҳанӯз дар зери таъсири Безанс (Византия) ва Чин буд ва ё аз равишҳои маҳаллӣ истифода мебурд. Дар давоми асри XIV ӯ ин таъсирҳои гуногунро аз сари худ мегузаронид, бисёре равишҳои бегонаро дур меандохт ва дар ҷустуҷӯи роҳи худ буд. Дар асри XV дар Ҳирот, ки маркази ҳунар ва адаб буд, ин ҷустуҷӯ устуворона давом менамуд. Дар нимаи аввали асри XV санъати минётура охирулъамр ба вазифаҳое, ки дар пеш дошт, ҷавоб медодагӣ шуд, яъне ӯ мусаттаҳ (паҳнкорӣ) нигорсозӣ ва гилемшакл шуд. Дар ин тариқ тасвирҳо на бар умқ, балки аз поён ба боло сатҳӣ кашида мешуд. Тасвири одамҳо ва табиат ба тарзи тарроҳӣ тарроҳона кашида мешуд. Минётур ороиши китобҳои хатӣ гардид. Ӯ монанди лавҳаи кандакоришуда менамуд. Вале дар он тамомият ва фарохии намуд набуд ва ӯ пурмоягии ҳаётӣ надошт. Ӯ маҳсур буд. Дар ҳамин аҳволот Беҳзод зоҳир шуд. Ӯ масоҳатро то ҳадди имкон фарохӣ дод. Вале мусаттаҳияти лавҳаро пурра нигоҳ дошт. Ӯ тасвири одамро зинда кард, ба ӯ ҳолати табиӣ, ҳаракат ва хусусияҳо дод. Аз ин пас тасвири манзараҳо ва иморатҳо факат як саҳни мусаттаҳ набуданд, балки як маҷмаи табиӣ шуданд, ки дар он одамҳо қадам мезаданд, менишастанд ва зиндагонӣ мекарданд. Вале Беҳзод бо ҳамаи ин қонунҳои хосси минётурсозиро, ки дар муддати асрҳо бо дасти гузаштагон ёфт шуда буд, аз назар дур намедошт. Ӯ онҳоро амиқтар кард ва ба тарзи хосси худаш тозагиҳо даровард. То он гоҳ ин қадар тамомият ва пурмоягии инсиҷом ва каламкаширо минётур намедонист. Ӯ имкониятҳои нав ба нав кашф кард. Бо ин ҳама минётур ҳамон хосияти ороиши китоб буданро нигоҳ дошт ва ҷузъи нақшунигори китобҳо шуда монд.
Беҳзод ба ин тарзи истифода якбора нагузашт. Имрӯз тариқи гузаштани ӯро ба ин тарзи адо муайян кардан мушкил аст. Ба номи ӯ бисёр суратҳо ҳаст. Вале албатта, чандин аз инҳо бешубҳа маҳсули хомаи ӯст. Ин ҷустуҷӯи муайян кардани кори ӯ аз он ҷиҳат мушкил мешавад, ки дар дарбори Султон Ҳусайн ҳамроҳи ӯ дигар рассомҳо аз шогирдон, муҳиббон ва мухолифон фаъолият доштанд, ки онҳо аз ҳунари ӯ илҳом мегирифтанд. Яке аз машҳуртарин шогирдони ӯ Қосим Алӣ ном дошт. Чунон ки баъзе шоҳкориҳои хомаи ӯро аз корномаҳои устодаш фарқ кардан мушкил мешавад. Аз ин аст, ки лавҳаи “Сӯфиёндар боғ”-ро ки дар порчаи достони Алишер Навоӣ “Садди Искандар” кашида шудааст, гоҳе ба яке аз онҳо нисбат медиҳанд.
Яке аз корнамоиҳои пештарини устод минётури ҷуфта, ки Султон Ҳусайнро дар боғ нишон медиҳад ва дар нигористони Теҳрон аст, ҳанӯз бӯи маҳдудияти анъанавӣ медиҳад. Бо ҳама оҳангдории хутут ин ҷо сатҳигарии тасвир ва тарроҳии симо ва қиёфати одам инсиҷомро тазйиқ мекунад. Ба чи андоза озодона тасвир ёфтани қиёфати одам ва ҷойгир шудани онҳо дар лавҳа ва тарсими биноҳо ва масоҳаро дар минётури “Саъдӣ ва муллобача” аз “Гулистон”-и Саъдӣ, ки дар китобхонаи шахсӣ дар Париж аст, дидан мумкин. Лавҳаи “Доро ва чӯпон” аз “Бӯстон”-и Саъдӣ ки дар солҳои 1488-1489 кашида шудааст, яке аз шоҳкориҳои устод аст. Дар ин ҷо чӯпон, ҳаракаташ ва ҷунбиши чеҳраи ӯ чунон муайян ва хос аст, ки қариб бехато чи гуфта истоданашро пай бурдан мумкин. Тарсими ҳайвонот ҳам ончунон табиӣ ва мушаххас кашида шудааст. Онҳо бисёр озодона ва бетакаллуфона ҷой гирифтаанд. Вале намуди сояи (силуэти) онҳо нишон медиҳад, ки дар зери хомаи ӯ ҳолати пештараи печутобнокӣ чи қадар равнақ ёфтааст ва тароват касб кардааст. Нозукиҳо ва кашишҳои хутути ин тасвирҳо усули расми хатти настаълиқро ба ёд меорад.
Лавҳаи тасвири ҷанг миёни қабилаҳои Лайлӣ ва Маҷнун аз “Хамса”-и Низомӣ, ки дар нигористони Британия ҷой дорад, нишон медиҳад, ки созандаи он чи тавр нақшаи анъанавии тасвири ҷангро бадар кардааст ва тарзи навин ихтироъ намудааст. Дар ин ҷо тасвири ҳайвонот ва одамон дар чунон вазъиятҳои хосе кашида шудааст, ки ҳар кадомаш аз дигараш мумтоз аст ва озодона, ҳар кадом дар мавқеи худаш ҷой гирифтааст. Ва хутути ин расмҳо чунон бо ҳамдигар мутаносиб танзим шудааст ва печутоб хӯрдааст, ки кас намедонад аз куҷо сар шуда ва дар куҷо анҷом меёбад. Ин эҳсоси ҳаракати доимӣ ва муттасилро ба вуҷуд меорад ва гирудори он ҳаракатро мефаҳмонад. Ин нишон медиҳад, ки Беҳзод аз тарзи наққошини қадимӣ ва тарроҳии хушки намудҳои ҷанг дур рафтааст. Он ҷангҷӯён дар тасвирҳои қадим ҷудо-ҷудо рӯ ба рӯи ҳам меистоданд, ҳол он ки дар нақшакашиҳои Беҳзод ба ҳам мепечанд ва дар кашмакашанд.
Беҳзод эҷодкори чеҳрапардозист. Тасвири олиҷанобона кашидашудаи чеҳраи Султон Ҳусайн бо ҳамаи хосиятҳои шаҳзодагӣ ва бераҳмонагии вай бо нақшу нигори лавҳа ва хутути печ дар печ мутаносиб афтодааст. Бисёр чеҳранамоҳо (портретҳо) ба устод Беҳзод нисбат дода мешавад. Дар миёни онҳо як чеҳраи шайбонӣ ҳам дида мешавад.
Минётури Беҳзод рӯҳи умумии лирикиро бо асолат ва ҳамоҳангии ранг ва инсиҷом пайваст мекунад.
Дар корномаҳое, ки аз они Беҳзод буданаш муқаррар аст, ҳисси мавзуният, саодат ва сурури ҳастӣ ва ҳаёт ҳайратовар аст. Оҳанги овози ӯ ҳаяҷономез, нозук ва нафис.
Дар ин рӯзҳое, ки чашми мо ба аксҳои нусхагирии холиси аккосӣ (фотография) ва кино одат кардааст, ин нақшакашиҳо мумкин аст, ки ба назар машрут ва на он қадар пурмоя намояд. Вале инро набояд фаромӯш кард, ки санъат доимо машрут ба шартҳои муайян аст. Он наметавонад нусхаи содаи ҳаёт гардад. Он ба қонунҳои дохилии хоси худ ва қоидаҳои зебоӣ ва санъат тобеъ аст. Ҳамаи ҳунар дар ин аст, ки рассом чӣ қадар моҳирона ва устодона ба ин қоидаҳо такя карда ҳаётро бо тамоми фарохӣ ва рангорангиаш тасвир карда тавонад. Беҳзод ин вазифаро чунон ки бояду шояд ба ҳам адо кардааст.
Дар ин аст бузургии даҳои ӯ.
МАНБАЪ: “Садои Шарқ”, соли 1970 №12
Таҳияи Бунафша Абдуллозода,
мутахассис пешбари шуъбаи
матбуоти даврӣ.
Теги: матбуоти даврӣ