Маҳфили “Ҳаёти солим”. Иммунизатсия ва ваксинатсия чист ва чаро он зарур аст?
Мавзӯи маҳфили навбатии “Ҳаёти солим”, ки Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ҳамроҳ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мекунад, “Пешгирии бемориҳои сироятӣ ба воситаи иммунизатсияи идорашаванда” буд.
Маҳфилро муовини директори Китобхона Ҷалолуддин Нурзода оғоз намуда, ба муҳим будани чунин маҳфилҳо дар замоне, ки ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҷомеаро дар тарсу ҳарос нигоҳ медоранд, таъкид намуд. Ҷалолуддин Нурзода аз бемории КОВИД, ки зарфи бештар аз ду соли охир дар олам паҳн шуд ва сабабгори марги миллионҳо нафар гашт, ёд овард. Вай гуфт мутахассисон ба ин маҳфил ба он хотир ҷалб мешаванд, ки роҳҳои эҳтиёт аз сироят ба бемориҳоро бигӯянд.
Ба мавзӯъ мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Фирӯз Мавлонов ва Абдурасул Бақоев рӯшанӣ андохтанд. Аз ҷумла, Фирӯз Мавлонов дар бораи бемонриҳои сироятие, ки бештар кӯдакон гирифтор мешаванд сухан ронд ва қайд намуд, ки хушбахтона имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди ёздаҳ навъи бемориҳои сироятӣ аз ҷумла бемориҳои фалаҷ, геппотит, сил, кабудсулфа, гулӯзиндонак, сурхча ва диареяи кӯдакон иммунизатсия гузаронида мешавад.
Бо истилоҳи иммунизатсия ё ваксинатсия баъди авҷи ҷаҳонии КОВИД-19 бисёриҳо ошно шуданд, вале хеле кам касон таърихи онро медонанд. Лозим медонем шарҳи мухтасаре дар ин бора диҳем.
ВАКСИНАНТСИЯ (фаронсавии Vaccination) – эминсозӣ, тазриқе, ки бо истифода аз ваксин сурат мегирад, ки ҳадаф аз он пешгирӣ аз эҷоди уфунат ё коҳиши иллатҳо ва ранҷу касолати бемориҳо мебошад. Эмкунӣ, эм кардан, ваксин задан, ваксин гирифтан. Моязанӣ, воксанкӯбӣ (форсӣ). Пешгирӣ аз сирояти сартосарӣ ва марги инсонҳо.
Таърихи ваксинатсия ба ду асри пеш бармегардад ва аввалин фармони ваксанзании саротосарӣ барои сокинони иёлати Массачусетси ИМА соли 1809 содир шудааст. Тибқи он бошандагони ин иёлот ҳатман зидди касалии обила худро эм мекарданд. Ва ин таҷриба кор дод, дар муддати кутоҳ авҷи сироят ба ин бемории хатарзо боздошта шуд. Баъди ин иёлотҳои ҳамсоя низ аз ин иқдом пайравӣ карданд.
Илм ҳам исбот кардааст, ки ваксинатсияи умумӣ як роҳи хеле муносиби мубориза бо ҳар уфунат аст.
Бино ба омори Public Health England (хадамоти беҳдоштии Англия) аз соли 1968, ки бачаҳои инглисро зидди касалии нағзак эм карданд, дар ин кишвар аз беш аз 20 миллион ҳодисаи гирифторӣ ба ин беморӣ пешгирӣ шуд ва ҳаддиақал 4500 нафар аз марг наҷот дода шуданд.
Дар поёни маҳфил миёни мутахассисон ва хонандагони шуъба табодули афкор сурат гирифт.
Исмоил Саййидзода.