Маҳфили “Беҳтар аз дўст” бо Азизи Азиз
Маҳфили «Беҳтар аз дўст» аз рўи повести «Тобистон»-и Пўлод Толис бо адиби шинохтаи бачагон Азизи Азиз ва хонандагони фаъоли шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ баргузор гардид.
Повести «Тобистон»-и Пўлод Толис дар ганҷинаи адабиёти бачагони тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин ба шумор меравад. Дар китоб ҳамчунин як зумраи ҳикоёти ў пешкаш шудааст, ки ба хонандагон таассуроти хуш мегузаронанд ва аз рўи повест ва ҳикояҳои ў адиби бачагон бо хонандагон саволу ҷавоб намуданд.
Ҷараёни маҳфили тариқи «Телевизиони кўдакон ва наврасон – Баҳористон» сабт шуд ва рӯзҳои наздик намоиш дода хоҳад шуд.
Бори дигар хонандагон бо зеҳну заковати худ маҳфилро шавқовартар намуданд.
Фирӯза Раҳимова