Маҳфили “Дар суҳбати адиб”бо ширкати Халифабобо Ҷумъазода
Ин навбат маҳфили «Дар суҳбати адиб» бо иштироки адиби бачагон Халифабобо Ҷумъазода, хабарнигори мардумӣ Ҷамолиддин Ҷалолиён ва хонандагони фаъоли шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Хонандагон аз эҷодиёти Халифабобо Ҷумъазода пандҳо, шеърҳо, зарбулмасалу чистон ва тезгӯяк қироат намуда, табъи меҳмононро болида гардониданд.
Навқаламон дар пайравии шеърҳои меҳмони маҳфил шеърҳои эҷодкардаашонро қироат намуданд, ки маҳфилро ҳусни дигар бахшид.
Халифабобо Ҷумъазода низ дар навбати худ ба навқаламон маслиҳату машваратҳои судманд дода, барои эҷоди назму насри пурмазмун ҳидоят намуд.
Фирӯза Раҳимова