Мақолаи Директори Китобхонаи миллӣ дар “Ҷумҳурият”: КОВИД ва китоб. Оё ин бемории ҳамагир тавонист ба завқи мутолиа таъсир расонад?
Суҳбатам аз фаъолиятҳои Китобхонаи миллӣ аз даврони хуруҷи бемории ҳамагири КОВИД-19 то ба имрӯз аст. Ду соле, ки бар асари авҷи ин вирус шумори хонанда кам шуд, завқи мутолиа беш буд, вале тарси КОВИД бештар аз он. Мо ҳатто рӯзеро ҳам карантин надоштем, дар тобистони гарми соли 2020 кулли шуъбаҳову толорҳои хониш бо риояи ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ фаъол буданд. Аммо оморҳо нишон доданд, ки худи мардум ба саломатии худ таваҷҷуҳи бештар доранд ва қонунҳои худинзивоъро зиёдтар риоя мекунанд.
Сар аз аввали моҳи сентябр ҳузури хонандагон дар толорҳои хониш аз рӯз ба рӯзи дигар бештар шуд, ки метавонист ду маъно дошта бошад: дарсҳо дар макотиби оливу миёна оғоз шуданд ва мубориза зидди КОВИД дар кишвар натиҷа дод, шумори гирифторон ва фавтидагон ҳам тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ рӯ ба коҳиш овард. Бахусус моҳҳои ноябр, декабр ва январ дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ҳатто як ҷойи нишаст холӣ набуд. Хушо ба ҳоли онҳое, ки рӯ ба китоб меоранд. Ман вақте мебинам, ки ҳатто дар толорҳои хониш ҷойи холӣ нест, хуш мешавам, ки миллати тамаддунофар ба асли худ, ки ҷӯёву пӯёи дониш буд, бармегардад ва хуштар аз он мешавам, ки барномаҳои давлатӣ ва дастуру талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҷалби саросарии мардум ба китоб самаровар шуданд.
Охири соли 2020 даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллӣ доир гашт ва мо худ шоҳиди як сабқати бесобиқа шудем. Ба даври ниҳоӣ аз кӯдаки 7-сола то пири 70-сола роҳхат гирифта буданд. Мо панҷ толори барҳаворо ҷудо кардем, онҳоро бо техникаи муосир муҷаҳҳаз намудем, ҳамчунин, як толори алоҳидаро барои волидону омӯзгорон ва устодони онҳо вогузоштем. Дар толори шашум монитор ҳам насб карда шуд, то мухлисону ҳаводорон ҷараёни озмунро бемамониат тамошо кунанд, ба шаффоф гузаштани он бовар ҳосил намоянд. Дар ин бора зиёд намегӯям, чун ҷараёни баргузории ин озмун аз кулли шабакаҳои давлатии радио ва телевизион пахш шуд ва мардум худ шоҳид буданд, ки он дар кадом сатҳ доир гардид. Имсол сеюмин озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мешавад ва мо ба пазириши довталабони даври ниҳоӣ омодаем. Аз ҳоло ин манзара пеши чашмам меояд, ки даври ниҳоии озмуни имсола назар ба соли пеш ҷиддитар хоҳад буд, мо ба довталабони донотару закитар ва пурталошу кӯшотар рӯ ба рӯ хоҳем шуд. Имсол озмуни дигаре бо номи “Илм фурӯғи маърифат” низ доир мешавад. Ҳарчанд ин озмун дар Китобхонаи миллӣ намегузарад, вале мо толореро дар ошёнаи дуюм омода кардем ва дар он ҳамаи адабиёте, ки тибқи низомномаи ин озмун ширкаткунандагон бояд мутолиа карда бошанд, гузоштем ва мебинем, ки ҳамарӯза хоннадагони зиёде вориди ин толор мешаванд.
Матни комили мақоларо аз ин ҷо метавонед бихонед:
COVID – 19 ВА КИТОБ. ОЁ ИН БЕМОРӢ ТАВОНИСТ БА ЗАВҚИ МУТОЛИА ТАЪСИР РАСОНАД?