Мақолаи ҳамкорамон дар “Бонувони Тоҷикистон”. Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе…

Зиёда аз сӣ сол аст шоҳиди воқеаву дигаргуниҳои шаҳри ободони Душанбе ҳастам. Дар ҳамин шаҳри зебо зодаву ба камол расидаам. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимиро хатм кардаам.

Соли пешомад Душанбеи дилоро ҳамчун пойтахти давлати тозабунёд дар садаи 20-ум 100-сола мешавад. Душанбе аз соли 1925 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар миқёси Осиёи Марказӣ яке аз шаҳрҳои ҷавонтарин бошад ҳам, дар ҳудуди ҳозираи он ба тахмин 2300–2400 сол пеш аз ин тамаддуни шаҳрнишинӣ пайдо буд. Ковишҳо ва бозёфтҳои археологҳо – харобаҳои шаҳристон, боқимондаи димна, арку қалъа, дахмаву дафнгоҳҳо ва сиккаҳои қадимии аз ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфтшуда далели гуфтаҳои болоянд. Бостоншиносон таърихи Душанберо ба се давра: давраи қадим, асрҳои миёна ва давраи нав (асосӣ) тақсим кардаанд.

Барои ман шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрҳои олам зебову дилрабо ва ҳамеша ҷавон мемонад ва онро наметавонам ба дигар шаҳрҳо қиёс намоям. Зеро бароям пойтахти мо зеботарину ободтарин шаҳри рӯйи олам аст.

Дар ду давраи ин шаҳри бостонӣ – замони ҳокимияти шуравӣ ва давраи навини он зиндагонӣ дидаам. Аз соли 1925 то 1991 дар шаҳри Душанбе ободиҳои зиёде кардаанд. Ба мисли биноҳои давлатӣ, фарҳангӣ, маориф, коргоҳҳои саноатӣ, биноҳои ду, чор, шаш, нуҳ ва дувоздаҳошёнаи истиқоматӣ сохтаву ба истифода додаанд. Ин ҳамаро инкор наметавон кард, зеро ин ҳама аз мост ва он то ба имрӯз шаҳри Душанберо асос гузошта буд.

Биноҳои зебову хуштарҳи Сирки давлатӣ, Теат­ри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Кохи Борбад, китобхонаи Фирдавсӣ, музейи кишваршиносии ба номи К. Беҳзод (ҳозира Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, чойхонаҳои «Роҳат», «Истаравшан» ва «Саодат», муҷассамаҳои шоирони бузурги тоҷик чун устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Садриддин Айнӣ ва даҳҳои дигар барои сокинони пойтахт муътабаранд, нишоне аз таърихи замони шуравии пойтахти давлати тоҷикон – шаҳри Душанбе аст.

Давраи навин аз соли 1991 то 1997 ва ҳам то 2000-ум ба сари сокинони шаҳри Душанбе мушкилиҳои зиёде ба бор овард. Дар зарфи 24 соли ахир пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон гул-гул шукуфт, қабои нав ба бар кард.

Идома мақоларо аз сомонаи “Бонувони Тоҷикистон” бихонед. Ин ҷост: “Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе…”

https://bonuvon.tj/bahsho/pojtaht/165-aab-shari-diloro-dushanbe.html  

Манижа ШЕРХОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи адабиёти хориҷии  Китобхонаи миллӣ