Мақолаи профессор Ҷумахон Файзализода дар “Адабиёт ва санъат”: “Ишқ ва воқеияти он дар ашъори Мавлоно”

Адабиёт-ва-санъатБа ақидаи Афлотун, он шахс қобилияти олӣ дорад, ки табиатан дорои саъю кӯшиш ба ҳаёт аст. Тафсири фалсафии ишқи Афлотун ва Плотин таъсири бузурге дошт. Баъдтар он афкори фалсафии Ғарбу Шарқи асримиёнагиро фаро гирифта, дар инкишофи тафаккури бадеӣ нақши калон бозидааст. Дар дини насронӣ ҳар як идеали ахлоқӣ бар эҳсоси ишқ асос меёбад.

Аз ин нуқтаи назар, муколамаи ботинии Августин, ки аз ишқ ба Худо саршор аст, хеле ҷолиб аст: … «Эй ишқ, ки ҳамеша саршори эҳсос ҳастию хомӯшнашаванда, маро сӯзон, бигузор дар ишқат сӯзам, туро дӯст медорам … Худовандо, ман туро дӯст медорам, зеро ту аввал маро дӯст доштӣ».

Августин таъкид менамояд, ки дар олам ду ишқ – заминӣ ва осмонӣ вуҷуд дошта, ду ҷабҳаро ба вуҷуд меорад.

Ин марзи умумии инкишофи батадриҷи ишқро адабиёти асримиёнагии қариб тамоми халқҳо ифода мекунад.

Аз ин рӯ, инкишофи лирикаи асримиёнагӣ набояд тасодуфан шарҳ дода шавад. Дар ин маврид ба назар чунин мерасад, ки як қонуни умумие вуҷуд дорад, ки ба консепсияи эстетикӣ ва фалсафии асрҳои миёна асос ёфтааст. Эстетикаи асримиёнагӣ арзиши мустақилонаи зебоии мушаххасро эътироф намекунад ва одатан, онро абстракт медонад.

Дар афкори асримиёнагӣ, бахусус, яке аз намояндагони он Афлотун, ишқро ҳамчун неруи поку созанда, ки инсонро аз сатҳи мавҷудияти нафсонӣ ба сатҳи мавҷудияти илоҳӣ мерасонад, тасвир шудааст.

Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ моҳияти ишқро дар доираи таълимоти худ дарк мекунад. Ба ақидаи вай, ишқ қувваи пешбарандаи ҳиссиёти устувории он, имон ва ягона асоси камолоти ахлоқӣ мебошад. Шахсе, ки соҳиби ҳамаи ин чизҳо мегардад, набояд ба ивази он чизи дигареро талаб кунад. Дар таълимоти тасаввуф инъикоси ишқ бо рангҳои одии инсонӣ хос аст. Тасаввуф тафаккури шоиронаеро, ки он замон вуҷуд дошт, комилан ба худ гирифт, вале хатти дарки моҳияти ишқро ба таври таҳаввулотӣ инкишоф дод, онро ба сатҳи фаҳмиши нав боло бурд, ба он хусусиятҳои нави ниҳонӣ, яъне рамзӣ бахшид. Чунонки Р. Николсон қайд кардааст, суфиён ба ин васила сирру асрори худро ба гунае пардапӯш мекарданд.

 

Душвории ҳалли масъала дар он аст, ки лирикаи шарқӣ – воқеист ё ирфонӣ, объекти ормон ва дарки он инсон аст ё Худованд ва ниҳоят, дар он ишқи инсонӣ тасвир шудааст ё илоҳӣ, ба ибораи Э. Е. Бертелс, «бениҳоят душвор аст».

Ба ақидаи Мавлоно, ишқ, пеш аз ҳама, сабаби таҷдиди коинот, асоси дигаргуниҳои кайҳонӣ ва ҳар гуна ҳаракат аст… Ҳама чиз бо он фаро гирифта шуда, дар ҳама ҷо ҳукмфармост ва ба ҳама ҳукмрон аст. Ба ибораи дигар, инсон, наботот, булӯр – ҳама барои ҳамдигар маҳбуб ва маҷнунанд. Аз ин рӯ, ба ақидаи Мавлоно, ишқ такондиҳандаи ҳар як ҳаракат, сарчашмаи ҳаёт, рушди ҷовидона, неруи тағйирдиҳанда ва дигар ғунсозандаи олам аст. Мо имкон надорем, ки аз тамоми гуфтаҳои Мавлоно доир ба ин масъала ёдовар шавем, аз ин рӯ, бо арзебии умумӣ, ба дарки маънӣ ва тафсири масъалаи ишқ дар доираи ҷаҳонфаҳмии шоир маҳдуд мешавем.

Ақл ишқро дарк карда наметавонад. Ишқ ақлро рабуда, онро мағлуб мекунад. Агар ишқ бемор бошад, саломатӣ ё даст намеояд. Ишқ талхро ба шириниву мисро ба тилло табдил медиҳад.

Ба қавли Мавлоно, ишқ руҳро ба майдони васеи амал мекашад. Инро дар забони тасаввуф поксозӣ меноманд, ки маъмулан дар пайи он солик ба камолот мерасад. Чунин ба назар мерасад, ки дар низоми ҷаҳонбинии мутафаккир ҷои асосиро ишқи илоҳӣ ишғол мекунад ва он яке аз нуктаҳои асосӣ ва марказии ҷаҳонбинии ӯ мебошад. Аммо Мавлоно ишқи инсонӣ ва ё заминиро нодида намегирад ва аз он дурӣ низ намеҷӯяд. Мутафаккир чунин ишқро қадами аввалини камолоти инсонӣ медонад ва маҳз «танҳо ба шарофати (ин) ишқи инсонӣ, инсон болотар аз худ мешавад; дар дурахши чашмони маҳбубааш нури Худоро мебинад».

Мавлоно мегӯяд: «Шавқу рағбат ба беҳбуди аъмоли ҳар ду мусоидат мекунад… Дунё дар ин ваҳдат то абад бимонад».

Мавлоно ҳаёти зоҳидро, ки умуман хоси дини мусулмонй нест, маҳкум мекунад. Ба ақидаи ӯ, инсон бояд роҳи ҳақиқии зиндагии пур аз хатарро тай кунад, то хислатҳои мусбати худро ошкор намояд.

Шоир бар зидди зулми занон дар ҷомеа, бар зидди ҳарам ва фаранҷӣ исён карда, инро басо асил асоснок мекунад.

Мутафаккир назарияи «ҷадвали инкорӣ»-ро ба миён мегузорад, ки таҳқиқи он дар сотсиологияи муосир шоёни таваччуҳ буда, таҳқиқи махсусро тақозо менамояд.

 

Ба эътиқоди амиқи Мавлоно, дар ниҳоят ҳадаф аз ишқ яктост: он бояд инсонро дар мулки Худованд боло бардорад ва тасдиқ намояд. Ин ҳақиқати ишқи қавӣ мебошад ва фарқ надорад, ки он ба ашёҳои ин ҷаҳон нигаронида шудааст ё ба падидаҳои ғайривоқеӣ. Вай мефармояд:

Он чи маъшуқ аст, сурат нест он,

Хоҳ ишқи ин ҷаҳон, хоҳ он ҷаҳон.

Он чи бар сурат ту ошиқ гаштаӣ,

Чун бурун шуд ҷон, чарояш ҳиштаӣ…

Ҷалолуддини Балхӣ борҳо таъкид мекунад, ки ишқи маҷозӣ билохира ба ҳақиқат пайваста, бегуноҳии худро собит месозад. «…Вақте ки оина тоза карда шуда, сайқал медиҳад, боз тоза кардани он нодонист. Вақте ки подшоҳ туро қабул мекунаду дар рӯ ба рӯи ӯ нишастаӣ, ҷустуҷӯ кардани миёнараву нома навиштан шармандагист».

Аз ҷониби дигар, ин болоравӣ танҳо вақте имконпазир мегардад, ки агар инсон аз оташи пурқудрати ишқ гузашта, худро пок созад. Дар ин маврид, аз нуқтаи назари мутафаккир ишқ ҳамчун неруи пешбаранда тасаввур мешавад:

Ақл банди раҳравон аст, эй писар!

Банд бишкан, раҳ аён аст, эй писар!

Ақл банду дил фиребу ҷон ҳиҷоб,

Роҳ аз ин ҳар се ниҳон аст, эй писар!

Чун зи ақлу ҷону дил бархостӣ,

Ин яқин ҳам дар гумон аст, эй писар!

Синаи худро ҳадаф кун пеши дӯст,

 Ҳон, ки тираш дар камон аст, эй писар!

Синае, каз захми тираш хаста шуд,

Дар ҷабинаш сад нишон аст, эй писар!

Ииқ кори нозукони нарм нест,

Ишқ кори паҳлавон аст, зй писар!..

Ба ақидаи суфиён, ҷудоӣ аз асли хеш барои инсон фоҷиаи бузург аст. Мавлоно дар муқаддимаи «Маснавӣ»-и машҳури худ маҳз аз ҳамин ҷудоӣ сухан меронад, – най аз ҳастии ибтидоӣ ва гумшудаи худ бо алам нола мекунад. Шоир дар ин сарахбори зебо моҳияти асосии ҷаҳонбинии худро ба таври рамзӣ баён кардааст. Эҳсоси ҷудоӣ боиси андуҳи бузург ва амиқи ошиқ мегардад. Тамоми ишқи ирфонӣ бар ҳамин гуна андуҳ асос ёфтааст.

Чи тавре ки зикр кардем, ишқ дар воқеияти асримиёнагӣ на ҳамчун ҳиссиёти одии инсонӣ ва падидаи психологӣ, балки ҳамчун категорияи ахлоқию эстетикӣ баррасӣ мегардид, ки ҳадафи асосии он такмили ахлоқии инсон буд.

Ҷумъахон ФАЙЗАЛИЗОДА, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Бознашр аз ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”