Мақолаи Салима Раҷабзода дар “Минбари халқ”: Китоб сарчашмаи ақлу хиради инсоният
«Хонаи бе китоб мисли тани беҷон аст»
(Садриддин Айнӣ).
Як дастоварди бузурги даврони Истиқлол, ки имсол 31-уми соли он таҷлил мешавад, рушди соҳаи китобдорӣ ва зина ба зина ба мутолиаи китоб ҷалб намудани мардум аст. Дар ин бештар аз сӣ сол барномаҳои зиёди давлатӣ дар соҳа татбиқ шуданд, барномаҳои зиёди дигар дар ҳоли татбиқанд.
Бунёди як кохи бегазанди китоб, як хонаи маърифату дониш – Китобхонаи миллӣ, ки дар минтақа беназир аст, низ дастовардҳои ҳамин солҳои Истиқлоланд. Аммо магар ин ҳама ба осонӣ ба даст омад? Замони тираи ҷанги дохилӣ ҳеч аз хотирам намеравад. Тақрибан кулли китобхонаҳо дар музофотҳо хароб, китобҳо ғорат ва ё бар асари оташи ҷанг сӯхтаву хокистар шуданд. Ҳанӯз манзараҳое дар пойтахти кишвар пеши чашмам падидор аст, ки китобҳоро одамон чун василаи пешдаргирон дар оташдону танӯрҳои нонпазии худ истифода мекарданд, носфурӯшон дар онҳо нос печондаву мефурӯхтанд, пистафурӯшон писта ҷо кардаву ба мизоҷонашон пешкаш мекарданд. Ҳамин ҳолатро ман дар бисёр деҳаҳои ноҳияҳои Фархор, Ҳисор, Ваҳдат, дар шаҳрҳои Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва навоҳии Раштонзамин борҳо мушоҳида карда будам ва аз дидани чунин ҳолати риққатовар ашки дидагони худро нигоҳ дошта наметавонистам. Ин саҳнаҳо ба мане, ки дар хонадони зиёӣ ба камол расидаву китобро азизу мукаррам медонистам, сахт таъсир мерасонд, вале дасткутаҳ будам. Кишвар дар дуди ҷангу хунрезиҳои бешарафонаи гурӯҳҳо мепечид. Мо интизори рӯзе будем, ки қатори дигар соҳаҳо китобдории худро ҳам наҷот диҳем. Ва наҷот додем: Бо тарҳрезии барномаҳои наву ҷадид, сармоягузориҳо, ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб чун василаи донишу маърифат.
Ҳанўз аз солҳои аввали барқарории сулҳу осоиштагӣ дар мамлакат бо ташаббуси Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар ба масъалаи Рушди китобдорӣ ва дастрас гардидани китоб ба доираҳои васеи аҳолӣ ғамхориҳо зоҳир намуданд. Дар худи ҳамон солҳои душвор ташкил кардани корвонҳои китоб ба ноҳияҳои гуногуни чумҳурӣ, бунёди китобхонаҳои барҳаво дар ноҳияву шаҳрҳо, пурра кардани фонди китобхонаҳои ҷамъиятӣ, баргузор намудани намоиши китобҳои нав ва ғайра аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳиме буданд, ки дар давраи Истиқлолияти ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромада, то имрўз баргузории онҳо идома дорад.
Аз ғамхории рўзафзуни Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар бораи инкишофи маънавии халқи тоҷик он чиз гувоҳӣ медиҳад, ки бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат соли 2012 бинои калонтарин китобхона дар минтақаи Осиёи Миёна – Китобхонаи миллии Ҷумҳурӣ бунёд ва ба истифода дода шуд, ки ғунҷоиши он беш аз 10 миллион китоб аст. Ҳоло ин Китобхонаи мўҳташам дорои зиёда аз 3 миллиону 258 ҳазор китоб мебошад. Дар ин бинои иборат аз нуҳ ошёна, ки бидуни шак ба ҷойи дӯстдоштаи одамони касбу кори гуногун, хусусан, донишҷўён ва хонандагону сокинони шаҳр табдил ёфтааст, зиёда аз 400 нафар кормандони соҳибмаълумот ба алоқмадону дӯстдорони китоб хидмат мерасонанд.
Китобхона дорои 9 толори муҷаҳҳази маҷлис, зиёда аз 70 утоқҳои корӣ ва толорҳои хониш буда, мизоҷон метавонанд аз 170 компютер, 50 принтер, воситаҳои дигари техникӣ бемалол истифода баранд. Муддати даҳ сол аст, ки китобхона бо шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мебошад. Аз тариқи барномаҳои вижаи компютерӣ донишмандону донишҷӯён метавонанд бо бойгонии калонтарин китобхонаҳои минтақа ва олам дастрасӣ пайдо кунанд, рисолаҳои нави илмӣ бихонанд, ки тобҳои тозанашри илмиву оммавиро дар шакли электронӣ дастрас намоянд.
Китобхонаи миллӣ ҳоло ба 18 кишвари дунё робитаҳои мустақим дорад ва китоб мубодила мекунад, ки ин боиси бою ғанӣ ва нав гардидани фонди китобхона ва зиёд шудани теъдоди адабиёти илмиву бадеӣ бо забонҳои гуногун мегардад.
Бойгонии китрбхонаи электронии он дорои бештар аз 330 ҳазор китоб буда, ҳамарӯза афзоиш меёбад. Ҳоло дар толорҳои хониш рўзе аз 1000 то 1200 нафар хонандагони ба мутолиаи китоб машғул мегарданд, ки аз солҳои пеш ин шумора 4 маротиба зиёд аст.
Салҳои 2008 – 2013 бо мақсади афзун намудани захираи китобҳои муассиса аз аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ миқдори зиёди китобҳо ҷамъоварӣ ва ба бойгонии Китобхонаи миллӣ ворид карда шуд. Солҳои минбаъда бошад, бинобар зиёда будани нусхаҳои китобҳои алоҳида як миқдори муайяни асарҳо ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ интиқол дода шуданд. Ин имкон дод, ки фонди китобхонаҳои минтақаву ноҳияҳо қисман нав ва бой карда шавад.
Таъмини муассиса бо кадрҳои баландихтисос ва мунтазам баланд бардоштани савияи касбии кормандон аз масоили ҷиддие ҳастанд, ки роҳбарияти муассиса мавриди таваҷҷуҳи қарор додааст. Танҳо солҳои 2020 – 2021 160 нафар кормандон давраҳои омӯзишии такмили ихтисосро хатм карданд, 40 нафар кормандон савияи донишҳои ихтисосӣ ва касбии худро дар хориҷи кишвар баланд бардоштаанд.
Ҳоло дар бойгонии китобхона ба 42 забони дунё китобҳо мавҷуданд. Дар муассиса утоқҳаи махсуси омўзиш ва курсҳои таълимии забонҳои англисӣ, олмонӣ, русӣ, чинӣ, куриёӣ мавҷуд буда, шуъбаву марказҳои гуногун амал мекунанд. Калонтарини шуъбаҳои китобхона – Маркази Тоҷикшиносӣ, Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ, шуъбаҳои дасхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, илмӣ тадқиқотӣ, матбуоти даврӣ, адабиёти хориҷӣ, библиографияи миллӣ, хизматрасонии библиографӣ, коркарди адабиёт, такмили адабиёт, кўдакон ва наврасон мебошанд. Танҳо дар шуъбаи дасхатҳо қариб се ҳазор дастхату китобҳои нодир нигоҳдорӣ мешаванд.
Дар муассиса ҳоло 5 нафар номзади илм, 5 нафар аспирантҳо, 1 нафар доктори илм фаъолият мекунанд.
Чорумин сол аст, ки даври ниҳоии Озмуни умумиҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллӣ мегузарад ва имрӯзҳо барои баргузории чорумин озмун талошҳову омодагиҳо идома доранд. Ин озмун, ки оид ба амалӣ гардидани Амри Президенти Ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 9 феврали соли 2019 ба имзо расида буд, шавқу завқи ҳазорҳо аъзоён ва мухлисони Китобхонаи миллиро бедор намуд ва ҳамасола бо ёрию дастгирии бевоситаи кормандони китобхона дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” датоварди беназирест, ки истеъдодҳоро ба майдон меорад. Се даври сипаришуда нишон дод, ки хонандагони имрӯз бидуни шак ворисони ҳамон Рӯдакиву Фирдавсиву Хайёму Донишу Айнианд ва дур нест он рӯзе, ки аз миёни онҳо нобиғаҳо аз худ дарак диҳанд. Ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар мавриди созмон додани озмунҳои ҷумҳуриявие назири “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” худ далели он аст, мо сарвари хирандманду дурандеш дорем, ки ҳадафашон бо нури илму дониш чароғон кардани ояндаи миллат аст.
Ҳамчунин, чанд сол аст, ки дар Душанбе бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр озмуни «Китобхонаи беҳтарин» баргузор мегардад. Ҳамин гуна озмун дар байни китобхонаҳои шахсие, ки ҳоло ҷамъиятӣ шудаанд, низ сурат мегирад. Ин озмунҳо имконият медиҳанд, ки дар давраи муайяни тайёрӣ ва баргузориии онҳо мухлисону мизоҷони зиёде ба Китобхонаи миллӣ рў оварда, тибқи Низомномаи ин озмунҳо аз мутахассисони Китобхонаи миллӣ дастуру маслиҳатҳои муфид гиранд, то ки ин чорабиниҳо бо тайёриҳои пухта ва дар сатҳи баланди илмиву омавӣ доир гарданд.
Китобхонаи миллӣ ҳамчун маркази баргузории чорабинию корҳои оммавӣ сиёсӣ, ҳамчун макони илму дониш ва маърифату донишомўзии мардуми кишвар сол то сол мавқеъ ва шуҳратнуфузи бештаре пайдо намуда, чун чароғи равшан дар роҳи мардум ба сўйи ояндаи боз ҳам дурахшонтару зеботар шуъла мепошад, бо нури маърифату дониш дили одамонро дар зиндагӣ гарм менамояд ва онҳоро баҳри фидокорию садоқат ба Ватани азиз ҳидоят месозад.
Салима Раҷабзода, Муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.