Мақоланависӣ аз мутолеа оғоз меёбад

23 -уми июли соли 2026 дар толори «Шоҳномахонӣ»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маҳфили омӯзишии «Эҷодкорони навқалам» баргузор гардид.
Дар маҳфил олимону муҳаққиқони соҳаи забоншиносӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, кормандони Китобхонаи миллӣ, хонандагон, эҷодкорони навқалам ва рӯзноманигорони ҷавон иштирок намуданд.
Маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Камолзода Сайфиддин ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Ӯ баргузории чунин маҳфилҳоро барои рушди маҳорати эҷодӣ, такмили ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли нави рӯзноманигорон ва мақоланависон муҳим арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, фароҳам овардани чунин муҳити омӯзишӣ ба кашфу парвариши истеъдодҳои ҷавон ва рушди фарҳанги китобхонӣ мусоидат хоҳад кард.
Сипас, сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шоҳзамон Раҳмон дар мавзӯи нақши мутолеа дар рушди маҳорати мақоланависӣ суханронӣ намуд.
Мавсуф таъкид кард, ки мутолеаи пайвастаи китоб заминаи асосии ташаккули тафаккур ва маҳорати навиштан мебошад. Ба гуфтаи ӯ, шахсе, ки бештар китоб мехонад, захираи ғании луғавӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва қобилияти таҳлилу хулосабарории беҳтар пайдо намуда, табиатан ба эҷод ва мақоланависӣ рӯ меорад.
Дар идомаи суҳбат профессор Шоҳзамон Раҳмон аз саҳми олимону муҳаққиқони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Муҳаммадҷон Шакурӣ, Соҳиб Табаров, Аълохон Афсаҳзод ва дигар устодони сухан дар рушди мактаби мақоланависии тоҷик ёдовар шуда, аз таҷрибаи онҳо барои ҷавонон намунаҳои ибратбахш пешниҳод намуд.
Баъдан адиби моҷаронавис Зариф Ғуломов доир ба масъулияти эҷодкор дар интихоби мавзуъ, арзиши сухани бадеӣ ва аҳаммияти ҳақиқатнигорӣ андешаронӣ кард. Ӯ аз таҷрибаи шахсии худ, аз ҷумла хотироти даврони мактабхонӣ ва чопи нахустин мақолааш қиссаҳои ҷолиб нақл намуда, иштирокчиёнро ба ҷустуҷӯи ҳақиқат, мутолеаи фаровон ва сайқали доимии маҳорати навиштан ҳидоят кард.
Дар фарҷоми маҳфил муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода бори дигар аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди китобдорӣ ва китобхонӣ ёдовар шуда, ҷавононро ба истифодаи самараноки имкониятҳои Китобхонаи миллӣ ва мутолеаи пайвастаи китоб даъват намуд.
Ӯ ҳамчунин мутолиаи китоби устод Садриддин Айнӣ «Назарияи адабиёти тоҷик»-ро барои такмили донишу ҷаҳонбинӣ ва рушди маҳорати эҷодӣ тавсия дода, зикр кард, ки худ ин асарро борҳо мутолеа намуда, ҳар дафъа аз он нуктаҳои тоза ва омӯзанда дарёфт кардааст.
Дар маҷмӯъ, меҳвари асосии нахустин маҳфили «Эҷодкорони навқалам» тарғиби фарҳанги мутолеа ва нақши он дар ташаккули маҳорати мақоланависӣ буд. Тибқи нақша, минбаъд низ чунин маҳфилҳо ба таври мунтазам баргузор гардида, дар онҳо нозукиҳои гуногуни фаъолияти эҷодӣ ва рӯзноманигорӣ ба навқаламон омӯзонида хоҳанд шуд.
Инобат БОБОЕВА,
бахши робита бо ҷомеа