Мақоми баланди занон дар сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон

Занону бонувон ҳамчун ҷинси латиф ва қобили эҳтиром дар сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон мақоми баландро соҳибанд. Шароити соҳибистиқлолии кишвар ва барномаҳои созандаву бунёдкоронаи Роҳбари давлат барои бонувони кишвар фазоеро бавуҷуд овардааст, ки таҳсилу омӯзиш ва озодона кору фаъолияти худро ба роҳ монанд. Имрӯз низ сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон тарзе роҳандозӣ гардидааст, ки яке аз масъалаҳои меҳварии онро боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ташкил медиҳад.

 

Ҳудуди 30 соли соҳибитстиқлолии Тоҷикистон дар мамлакат даҳҳо тадбирҳое роҳандозиву амалӣ гардиданд, ки ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва мақоми занҳоро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин ва баланд бардошт. Дар робита ба ин муҳимму саривақтӣ аст, ки баъзе аз чораҳои амалигардидаро дар зер баён намоем, то барои хонандаи тавоно ва ҳушманд моҳияти масъала равшану фаҳмо гардад.

  1. Баробарии зану мард дар сатҳи Конститутсия.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин давлатҳое дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки баробарии зану мардонро дар сатҳи Конститутсияи давлат эътироф намуда, шароитҳои заруриро барои рушди занон таъмин намудааст. Ин нукта дар қисми дуюми моддаи 17-и Констутисияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён гардидааст:

Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”

Бояд таъкид намуд, ки ин нуктаи Конститутсия барои ҳам давлат ва ҳам ҷомеа ду арзиши бузургро ифода мекунад. Аввалан, Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи Тоҷикистон ба олитарин ҳуқуқи инсон яъне баробарӣ эҳтиром намуда, онро эътироф намудаанд. Сониян, ин арзиши олиро дар ҳуҷҷати расмии сарнавишсози миллат расман сабт намудаанд, ки минбаъд рушди кишвар ва роҳандозии муносибатҳо дар заминаи он сурат мегирад.

  1. Таъсиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таҳти № 37 моҳи марти соли 1991 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ин яке аз дастовардҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон буда, дар байни давлатҳои мушаракулманофеъ таҷрибаи аввалин буд. Ҳадаф аз таъсиси Кумита дар лаҳзаҳои вазнинтарини давлатдорӣ, ки ҷумҳурӣ ба кӯмаку дастгирии ҳар як сокини худ ниёз дошт, пеш аз ҳама муттаҳид намудани занон, иштирок дар мураттаб сохтан ва амалӣ намудани барномаҳои рушди иқтисодӣ иҷтимоӣ , беҳдошти вазъи занон ҳифзи оила ва модару кӯдак, муайян намудани стратегияи илман асосноки рушди оила ва сиёсати демографӣ, беҳтар намудани шароити корӣ дар истеҳсолот ва ҳаёти ҷамъиятӣ, ташкили маишату истироҳати занон иборат буд.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳоро ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила, муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ба даст овардани баробарии гендерӣ, васеъ намудани доираи иштироки занҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоии иқтисодӣ, идораи корҳои давлатию ҷамъиятиро ба анҷом мерасонад.

Таҷрибаи се даҳсолаи Кумитаи мазкур бозгӯи он аст, ки ин ниҳод дар самти ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи занон ва таъмини ҷойгоҳи онҳо корҳои азимро ба анҷом расонида истодааст.

  1. Қабули барномаву стратегияҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани ҷойгоҳи занон.

 

То имрӯз дар кишвар садҳо барномаву стратегияҳое қабулу татбиқ гардидаанд, ки мақому ҷойгоҳи занонро баланд бардошта нақши онҳоро дар рушду инкишофи давлат муассир гардонидаанд. Ин нукта дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 26.01.2021 ба таври зайл баён гардида буд: “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.”

Албатта, татбиқ гардидани ин стратегияи миллӣ ба занону бонувони ҷомеаи тоҷикистонӣ боз ҳам имкони васеъро фароҳам меорад, ки фаъолона дар амалигардии сиёсати давлатӣ ширкат варзанд.

  1. Шароити соҳибистиқлолӣ ва корнамоиҳои занони тоҷик.

 

Тавре дар боло таъкид намудем, шароити соҳибистиқлолӣ ба занон имкон фароҳам овард, ки дар ҳама соҳаҳо фаъолият намуда, саҳми худро гузоранд. Имрӯз зани тоҷик дар мақомҳои баланд, Зани тоҷик-Вакили Маҷлиси Олӣ, Зани тоҷик-Вазир, Зани тоҷик-Раиси ноҳия, Зани тоҷик-низомӣ ва садҳои дигар. Яъне имрӯз занон дар баробари мардон бевосита дар таъмини рушди кишвар саҳми бузурги худро гузошта истодаанд. Дар инҷо ба маврид аст, барои дақиқтар равшан гардидани масъала мисолҳо аз Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 26.01.2021 дар масъалаи болозикр баён намоем. “Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд. Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд. Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.

Ин буд чанд дидгоҳе, ки мақоми баланди занони тоҷикро дар сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар арзёбӣ мекунад.

Девонсолор Сайф, муҳаққиқи илми сиёсӣ.