Мақоми китоб дар фарҳанги Мардуми тоҷик

rayabovКитоб офаридаи инсон аст ва он барои инсонҳои имрўзу фардо таҳия мешавад. Онро ҳар яки мо бояд ҳифзу истифода намоем ва та­вассути он бо гузаштаю имрўзаи мардум ошно шавему барои ояндагон мерос гузорем, то ки дигарон аз он истифода баранд ва идомадиҳан­даи фаъоли давлати тоҷикон бошанд.

Китоб яке аз кашфиётҳои бузурги инсоният мебошад ва воситаи иҷтимоии қонеъкунандаи эҳтиёҷоти он ба шумор меравад. Агар хат ва китоб намебуд, орзую, ормон, мақсаду маром, андеша, эътиқоду эъти­бор ва аз ҳама муҳимаш аз таърихи миллатамон бебаҳра мемондем. Ҳамин тариқ лаҳзаҳои маъмули зинаҳои таърихи гузаштаи халқамон, ки дар навиштаҷотҳо акс ёфтаанд, бароямон азизу муҳтабар мебо­шанд.

Имрўз ин дурдонаҳо дар беш аз шаш ҳазор китобхонаҳои соҳа­вии хурду калони кишварамон нигаҳдорӣ мешаванд ва аз онҳо тоҷи­кону тоҷикистониён истифода карда истодаанд.

Китоб фарзанди эҷодкор мебошад ва навиштани он заҳмати зиё­деро талаб мекунад. Дар китоби «Мақоми китоб дар фарҳанги марду­ми тоҷик» (муаллифон Бекназар Аҳмадов ва Ҷўрабой Раҷабов, 2016) мақому манзалати китобу китобнависӣ ва китобхонаю китобдорӣ бо мисолу далелҳо ёдовар шудааст. Ин китоб барои кушодани мазмуну мундариҷаи мақоми китоб ба мардуми шарифи Тоҷикистон маълу­моти ҷолиб дода метавонад. Аз ин рў, шуморо ба мутолиаи он ҳидоят мекунем.

Таърих гувоҳ аст, ки 5500 сол қабл аз ин китобҳо дар папирус таъ­лиф шудаанд. Соли 1855 лўлакитоби дар папирус навишташударо пай­до карданд, ки андозаи дарозиаш 405 см ва бараш 42, 5 см буд. Лўла­китоби мазкур дар хусуси сохти шоҳигарии Мисри Қадим Фиравн Рамзиси II ривоят мекунад. Ҳоло ин китоб дар китобхонаи Британияи Кабир (Лондон) маҳфуз аст.

Китоб хонандаро ба олами аҷоибот ҳидоят мекунад ва он маъна­виёти шахсро бою ғанӣ мегардонад. Барои тасдиқи фикри худ боз як мисол меорем.

Оё медонед, ки китоби калонҳаҷме ҳаст, ки вазнаш 31 тоннаро ташкил медиҳад ё китоби кўчаке, ки аз сўрохи сўзан мегузарад ва китобе ҳаст, ки матни он бо ресмон дар матоъ навишта шудааст?

Дар шароити ҳозира, пас аз пайдо шудани технологияи иттилотӣ теъдоди мутолиакунандагони китоб коҳиш ёфтааст, аммо мавқеи ки­тобро ҳеҷ як Интернет ё худ манобеи (захираи) электронӣ гирифта на­метавонад. Зеро китобдорони кишвар кўшиш ба харч дода истодаанд, ки бештар бо баргузории маҳфилҳои назаррас – шабҳои адабӣ, суҳба­ту хулосаҳои библиографӣ, рўнамои китоб ва конфронси хонандагон, саволу ҷавоб, рўзҳои иттилоотии мутахассисон, намоиши китобу мат­буоти даврӣ, омоданамоии рўйхату феҳристҳои адабиёт, китобнома­ҳои шахсиятҳои варзида ва дигар ба тарғибу ташвиқи китоб саҳм ги­ранд ва дар баланд гардидани сатҳи маълумотнокӣ, фарҳангию маъ­рифтӣ ва иттилоотии тоҷикону тоҷикистониён ҳиссаи арзандаи худро гузоранд. Дар ин кор онҳо бо воситаҳои ахбори умум (садову симо, матбуоти даврӣ) ва ҷомеа ҳамкориҳо карда истодаанд.

Дар баланд гардидани сатҳи донишандўзию маърифатӣ ва фар­ҳангию иттилоотии ҷомеа бояд ҳамаи сохторҳои давлатии ҷумҳури­явӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, мактабу донишкадаҳо ва ташкилот­ҳои ҷамъиятии кишвар низ саҳми босазои худро гузоранд.

Аз соли 2019 (соли чорум) аст, ки дар ҷумҳурӣ Озмуни ҷумҳурия­вии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ибтикору супориши Асосгузо­ри сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии То­ҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида истодааст.

Дар «Низомнома»-и Озмун мақсаду мароми он чунин шарҳ дода шудааст: озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақ­вияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захи­раи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забон­донии қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.

Мо китобдорон барои амалӣ гардидани Амри Президенти мам­лакат бояд саъю кўшиш намоем ва ҳиссаи арзандаи худро гузорем.

Дар охир мехоҳам як таклиф пешниҳод намоям. Имрўз мо ба ҷамъоварию нигаҳдорӣ ва пажўҳишу тарғиби осори хаттии Шарқ ва китобҳои нодир низ бояд бештар диққат диҳем. Вақти он расидааст, ки дар назди Китобхонаи миллӣ Марказ ва ё китобхонаи алоҳидаи осори хаттии Шарқ ва китобҳои нодир таъсис дода шавад. Зеро дар мам­лакат 20-25 ҳазор осори хаттии Шарқ ва китобҳои нодир дар ҳар гў­шаю канор ҷумҳурӣ пароканда амал карда, кори истифодабаранда­гонро мушкил мегардонанд. Ин фаъолият – таъсиси китобхонаи осори хаттӣ ва китобҳои нодирро мо соли 2001 оғоз бахшида будем, аммо пас аз даргузашти вазири фарҳанги кишвар Раҳимов А. Ҳ., ки пешо­ҳанги он буд ва дигар сабабҳо кор бомуваффақият анҷом наёфт…

Ҷўрабой Раҷабов,
сармутахассиси Маркази
«Тоҷикшиносӣ»- и Китобхонаи миллӣ.