Мақоми зан дар ҷомеаи соҳибистиқлол
Яке аз бахшҳое, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда буданд, баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар сиёсати давлат маҳсуб меёбад. Чунончӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш, ки санаи 26 –январи соли равон ироа гардида буд, зикр намуданд, то вақте ман сари мансаб ҳастам, сиёсати боло бурдани мавқеи занону бонувонро дар системаи давлату сиёсат ҷонибдорӣ мекунам.
Дар ин маврид дар паём зикр гардидааст, «Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд. Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд».
Китобхонаи миллии Тоҷикистон, яке аз дастоварҳои нодири Истиқлолият маҳсуб меёбад, ки назираш дар ҳудуди Осиёи Марказӣ набуду нест. Бино бо тарҳи замонавӣ ва тамоми талаботи муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, он дар қалби Душанбе ҷой гирифтааст. Имрўз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 500 нафар кору фаъолият мекунад, ки ҳудудан 80 дарсади онҳоро бонувону занон ташкил медиҳанд. Ин гуфтаҳо худ гувоҳи он аст, ки мавқеи занону бонувон дар системаи фаъолияти давлату давлатдорӣ сол то сол устувортар мегардад. Тавре маълум гардид, нақши зан дар сиёсати имрўза бори дигар собит намуд, ки занону бонувон дар системаи идоракунии давлат нақши боризе доранд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии имсолаи хеш ба муносибати Рўзи модар дар мавриди мақоми зан дар ҷомеаи имрўза қайд намуданд, «Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем. Ман дар паёми навбатии худ ба фаъолияти занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар баҳои баланд дода, саҳми арзандаашонро дар таъмини пешрафти давлат, ободии Ватан ва сулҳу субот махсус таъкид намудам. Имрӯз мо бо қаноатмандӣ метавонем гӯем, ки тайи сӣ соли истиқлоли давлатӣ занону бонувони мо дар ҳамаи соҳаҳо баробари мардон хизмат карда истодаанд». Ин гуфтаҳо худ гувоҳи онанд, ки таваҷҷўҳи роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати пешбурди сиёсати занон дар давлату миллат басо назаррас аст.
Боиси зикр аст, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳайё намудани шароити мусоид баҳри фаъолияти занон дар сиёсат корҳои зиёд анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа», барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2010», «Тарбия интихоб ва ҷобаҷо намудани кадрҳои роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Дар бораи дурнамои фаъолгардонии мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат ба мақомоти марбута супориш дода шуд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи занону бонувон «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» таҳия ва амалӣ намудани нақшаи амалисозии он барои солҳои 2021 – 2025 ва чандин санаду меёрҳои дигареро номбар кардан бамаврид аст, ки барои озодона кору фаъолият намудани занон дар корҳои давлатӣ қабул гардидаанд. Пас, мо бонувони Китобхонаи миллии Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро ҷонибдорӣ намуда, кўшиш ба харҷ медиҳем, баҳри ин сарзамину ин давлати хеш хизмат намуда, саҳми худро барои шукуфоии ин миллату давлат, ки номаш Тоҷикистон аст, гузошта бошем.
Фарзона Мирзоева, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон