Мадрасаи Хоҷа Машҳад ва таърихи он
Мадрасаи Хоҷа Машҳад воқеъ дар наздикиҳои деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритӯс, таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Вай ҳамчун мадрасаи калонтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихӣ дошта ва аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим шаҳодат медиҳад. Дар воқеъ, чун ба мадрасаи Хоҷа Машҳад аз наздик ошноӣ пайдо мекунед, аз ҳунари волои ниёгони гулдасту мумтозамон дар дил эҳсоси ифтихор менамоед. Бино ба таъкиди муҳаққиқон доир ба ин ёдгории беназири таърихӣ то асри 19 ягон маъхази хаттӣ пайдо нашудааст.
Ёдгории таърихии Хоҷа Машҳад аз нимаи дуюми асри гузашта, аниқтараш аз он айёме, ки фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Гафуров ба ҳайси роҳбари ҷумҳурӣ ба фаъолият шуруъ кард, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Соли 1947 аз ҷониби Академияи илмҳои кишвар экспедитсияи бостоншиносии Суғду Тоҷикистон таҳти роҳбарии академик А.Ю.Якубовский ба деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритӯс фиристода шуд, то мадрасаи Хоҷа Машҳадро мавриди омўзиш қарор диҳад.
Мадрасаи мазкур дар асрҳои 9-12 сохта шуда, ҳоло аз ин ёдгории таърихӣ ду бинои гунбазу равоқдори аз хишти пухта ба ҳампайваста боқӣ мондааст. Бинои тарафи рост қисми қадимтарини ёдгорӣ буда, сохти гунбазу равоқҳо ва нижвонҳоро, ки аз хишти моил чидашуда бино ёфтаанд, хоси меъмории ҳамон давра меҳисобанд.
Ба андешаи А.Л. Литвинский, дертар аз тарафи ғарбии бинои дуюм равоқи пештоқдори мунаққаши на чандон калон сохтаанд. Дар тарафи муқобил ё худ самти шимолии он низ аз хишти хом ва пухта ду бинои гунбаздори на он қадар калон сохта шуда будааст, ки ба бинои қисми ҷанубӣ ва асосии он шабоҳат доштааст. Бинои мазкур дар тўли асрҳо вайрону валангор гардида, аз байн рафтааст. Чунин андеша ҳам роиҷ аст, ки шоир ва мутафаккири маъруфи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар асри XI таълимоти ибтидоии динии худро дар ҳамин мадраса гирифта будааст. Мутобиқи маълумотҳои таърихӣ аз сарчашмаҳои осорхонаи Британияи Кабир мадрасаи Хоҷа Машҳад маркази воқеию асосии таълим ба ҳисоб рафта, баробари таълими илмҳои динӣ, мантиқ, калом, баён, забони арабӣ, таърих, илми тиб, ҳикмат, риёзиёт (математика), ситорашиносӣ ва ғайра омўзонида мешуданд.
Инчунин мадрасаи мазкур дорои китобхонаи бузурге будааст, ки дар он теъдоди зиёди китобҳо доир ба илмҳои гуногун ҷамъоварӣ шуда буданд. Аммо таърихнигорон мегӯянд китобхонаи мадрасаи Хоҷа Машҳад борҳо дар шуълаи оташи аҷнабиёни яғмогар сўхтаю хокистар шуда будааст.
Таҳияи Ҷамил Валиев, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон.