Маэстро Исфандиёр Ѓуломов: Надорем касе, ки ба монанди “Қиссаи зиндони Павиак” филмнома нависад!

maestro-isfandiyor-ulomov-issai-zindoni-paviakИн мусоҳибаи ҳамкорамон Раҳима БОБОЕВА соли гузашта бо дархости идораи маҷаллаи “Садои Шарқ” омода шуда буд. Он дар шумораи 7-уми маҷалла чоп. Аммо дар сомона бори аввал бахшида ба зодрӯзи  МАЭСТРО пурра нашр мешавад.

  “Қиссаи зиндони Павиак” аввалин филме, ки асрори асорати ду тоҷикписар дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро ифшо мекунад, 52 сол пеш наворбардорӣ шуд. Павиак ваҳшатноктарин зиндони фашистон дар шаҳри Варшава буд, ки натсистон сарбозону афсарони асируфтодаи Шӯравиро дар он шиканҷа мекарданд. Филмномаи он бар пояи асноди воқеъӣ навишта шуда буд ва ин ду тоҷикписар дар воқеъ дар он зиндон буданд ва онҳо қаҳрамонони сохтаву бофта нестанд. Зиндагиномаи онҳо қабл аз филм дар китоби “Паси деворҳои Павиак”-и Леонт Ванат, ки худ маҳбуси ҳамин зиндон буд, нақл шудааст. Ин китоб соли 1967 чоп шуда буд.

Баъди бештар аз ним аср моро фурсате даст дод, ки бо офарандаи образи қаҳрамонписари тоҷик Мансур Абдураҳимов  Исфандиёр Ғуломов дар бораи ин филм ҳамсуҳбат шавем. Исфандиёр Ғуломов нукотеро ҳам нақл кард, ки то кунун на ҳама аз он бохабар буданд.

-«Қиссаи зиндони Павиак» чӣ гуна рўи пардаи синамо омад ва чӣ тавр бахтатон хандид, ки шумои донишҷў нақши марказиро иҷро кардед?

–  «Қиссаи зиндони Павиак» дар асоси воқеият сохта шуд. Дар ин бора Леон Ванат, ки қаҳрамониҳои Мансур Абдураҳимов ва Давлат Ҳалимовро дида, шоҳиди яке аз пурсишҳои онҳо дар зиндон будааст, дар китобаш «Паси деворҳои Павиак” нақл кардааст. Ин тоҷикписарон халлабон буданд. Вақте мавзеъҳои олмониҳоро бомбборон мекунанд, дар бозгашт ҳавопаймояшон оташ мегирад. Онҳо бо парашут худро ба замин ҳаво медиҳанд ва то тири охирин ба олмониҳо муқобилат нишон медиҳанд ва билохира асир меафтанд. Мансур Абдураҳимов ва Давлат Ҳалимов ҷасурона полковники олмониро куштанд ва қиссаи онҳо дар тамоми зиндон маъруф шуд. Онҳо медонистанд, ки оқибаташон марг аст, чун ҳеч афсари шўравӣ ҷасорат накарда буд, ки полковник ё шахси соҳибрутбаву соҳибдараҷаи олмониро ба қатл расонад. Радий Кушнирович ва Борис Носик аз рўи қисмати ба ҷасорати Давлат Ҳалимов ва Мансур Абдураҳимов бахшидашудаи китоби Леон Ванат «За стенами Павиака» филмнома навиштанд ва ба студияи «Тоҷикфилм» пешниҳод карданд. Коргардон Суҳбат Ҳомидов ин сенарияро писандид ва аз рўи он филм гирифт. Филм хеле корталаб буд. Зеро ин аввалин кори ман дар синамо буд. Ману акаи Раҷаб ҳамеша ҷустуҷў мекардем ва ба мо коргардони филм Суҳбат Ҳомидов хеле кўмак кард, ки миннатдорам..

Ёд дорам, ки коргардони дуюми филм ба донишкадаи мо барои интихоби ҳунарпеша омад, маро диду ба кастинг даъват намуд. Саҳнае, ки пешниҳод карданд, иҷро кардаму рафтам ва бо ҳамин фаромўш шуд. Умед надоштам, ки аз озмоиш мегузарам. Зеро то ин вақт барои иҷрои нақши Мансур Абдураҳимов чандин озмуни бозигарӣ доир шуда буд, ки онҳо аз санҷиш нагузаштанд. Хушбахтона, ману акаи Раҷаб аз кастинг гузаштем. Як вақт телеграмма гирифтам, ки дар нақши Мансур Абдураҳимов тасдиқ шудаам. Назди устодам Борис Владимирович Бибиков рафтаму хабарро ба ў расондам ва маслиҳат пурсидам. Зеро медонистам, ки ў шогирдонашро барои нақшофаринӣ дар филм иҷоза намедод. Мегуфт: «Кино портит актёра. Эти русские актёры все алкаши. Напоят вас. Не дай Бог, чтобы мои студенты стали алкашами».

paviakАммо устод, ки азобҳои маро медонисту аз шароити зиндагиам бохабар буд, гуфт:

-Азизам, медонам ту 4 сол азоб кашидӣ, кор кардӣ. Кӯчаву хиёбонҳоро меруфтӣ ва дар зимистон барф тоза мекардӣ, соле шабона хона ба хона мактубу барқия мекашондӣ, намехобидӣ ва субҳ ба дарс меомадӣ. Соле дар почта нигаҳбон будӣ. Писари заҳматкаше ҳастӣ. Аз ин хотир ба ту бовар дорам ва туро иҷоза медиҳам.

Ҳамн тавр филмбардорӣ аз шаҳри Каунас шуруъ шуда, муддати се моҳ дар Эстония, Вилнюс, Рига ва шаҳру ноҳияҳои назди Балтик идома кард. Чун сохтори иморатҳо ба саҳнаҳои дар сенария тасвиршуда мувофиқат мекард.

Мардонагиву шуҷоати тоҷикписаронро бо ҳунари воло ба бинанда расондан аз ҳунарпеша заҳмати шабонарўзӣ мехоҳад. Шумо, ки он замон донишҷўи соли 4-ум будед ва аввалин нақшатон дар синамо, ба чӣ мушкил дучор шудед?

– Масъулияте хеле зиёде бар души ману акаи Раҷаб Ҳусейнов (руҳашон шод бод) буд. Аз муаллимони адабиёти хориҷиямон Дюшен ва Барташевич, ки бисёр дўсташон медоштам, маслиҳат пурсидам. Онҳо олиму донишманд буданд, доир ба пайдоиши фашизм дар Фаронса чанд китоберо маслиҳат доданд, ки бихонам. Ин китобҳоро мутолиа карда, фаҳмишамро дар мавриди қаҳрамон ва муҳити ў комил намудам.

Филм дар ҷойе наворбардорӣ шуд, ки қаблан конслагер буд. «Девятый форт» яке аз он конслагерҳое буд, ки олмониҳо сарбозони шўравиро хеле азият мекарданд. Хусусан яҳудиҳоро. Суҳбат Ҳомидов дар ҳақиқат коргардони хеле хуб буд. Фаҳмиши хубе дошт, донишманд буду сермутолиа. Ў низ дар бахши коргардонии Донишкадаи санъати синамои Русия ба номи Герасимов таҳсил карда буд. Мо донишҷўи соли аввал будем, ки ў донишкадаро хатм намуд. Гоҳе ба хобгоҳамон назди њамсабаќонам меомад, барояш ош мепухтанд. Бо ҳамсабақам Зафар Ҷаводов дўстӣ дошт. Шиноси наздик набудем, танҳо бо ҳам саломалек мекардем. Қабл аз филми «Қиссаи зиндони Павиак» филми «Вохӯри дар масҷиди кӯҳна”-ро ба навор гирифта буд. Ин филмро тамошо карда будам.

Бинанда он чиро мебинад, ки дар шакли тайёр омода ва пешниҳод шудааст. Медонем, ки филмҳои хуб саҳнаҳое ҳам доранд, ки то бинанда намерасанд. Оё дар ин филм ҳам буданд чунин саҳнаҳо?

– Саҳнаҳои ҷолиби филм ва наворбардории он хеле зиёданд. Бо стопкадр рубоиёти Хайём мерафт. Ин ҳама зинда буд ва тӯлониву њавасангез. Вале саҳнаҳои иҷрокардаи моро, ки дуру дароз буд, буриданд. Ҳатто лаҳзаҳоеро, ки дар филмнома омада буд, филмбардорӣ накарданд. Агар филми мо аз ду қисм иборат мебуд, имкон дошт, чизеро кам намекарданд ва ҷолибу диданӣ ҳам меомад, вале тибқи нақша филм ҳамагӣ аз як серия иборат буду имконоташ махдуд.

Дар филм ақидаҳои  Давлат бо Мансур мухолиф буд, қариб занозанӣ мекарданд. Давлат Мансурро барои дидани фашистон дар Фаронса ва дўстдухтарашро бо олмонӣ Ҳанс Ҳафелберг шинос карданаш гунаҳкор мекунад. Ин баҳсҳои мо қариб бо задану кӯфтан анҷом меёфт, вале худдорӣ мекардем.

Ҳамин гуна саҳнаҳоизебову дилнишине буданд, ки мутаассифона дар филм ҷо наёфтанд. Ин барои мо хеле дарднок буд.

– “Қиссаи зиндони Павиак” шояд ягона қисса аз рӯзгору ҷоннисориҳои фарзандони миллат дар он солҳо набошад. Гумон намекунед, ки ин як бахши комилан омӯхтанашудаву пажӯҳишнашудаи таърихи миллат бошад?

– Мо ҷавононе доштем, ки ҷонашонро барои ватан нисор карданд, вале шояд мо мардуми танбалем, ки наметавонем ё намехоҳем дар бораи ин гуна корномаҳо сенарияҳои хуб нависему филмбардорӣ кунем. На филмноманавис пайдо шуд, ки дар бораи ҷавонмардиҳои ҳамватанонамон нависад, на коргардоне, ки онро наворбардорӣ кунад ва на шахсе, ки сармоя дар ихтиёр гузорад.

payomak-maestroҚаҳрамонҳои зиёде ҳам замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳам ҷанги бародаркуш доштем.Чӣ қадар Қаҳрамонони Иттиҳоди Шўравӣ аз Тоҷикистон буданд, ки барои ватан ҷонашонро нисор карданд. Бисёр қиссаҳои ҷолибе дар бораи қаҳрамонҳои мо ҳаст. Яке аз онҳо  ҳунарманди маъруфи театри Лоҳутӣ Ғозӣ Ниёз буд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ як афсари русро кушта буд. Вақте онҳоро олмониҳо иҳота карданд,  капитани  рус ба лейтинанти калон Ѓозӣ Ниёз гуфт биё таслим шавем. Ѓозӣ Ниёз гуфт ҳаргиз таслим намешавам. Афсари рус тапончаашро бароварда, хост Ѓозӣ Ниёзро паронад. Ѓозӣ Ниёз пешдастӣ карда, ўро паронд. Ин кор шуҷоат мехоҳад ва Ғозӣ Ниёз ин гуна шуҷоат дошт.  Бо чандин ордену медалҳо қадрдонӣ шуд. Аммо барои ин амалаш баъдан ба штрафбаталён афтид, чун воқеъият таҳқиқ нашуда буд ва ӯро нодуруст гунаҳгор карданд. Онҳое, ки ба штрафбаталён меафтиданд, пешмаргоне буданд, ки ҳадафи тири душманон қарор мегирифтанд. Онҳо пешопеш мисли маргталабон мерафтанд ва дигар сарбозон аз паси онҳо. Мисли ў бисёриҳо ҷонашонро сипар карданд, то дигарҳо намиранд. Аз қаҳрамониҳои тоҷик нависанд. Аламовар аст, ки аз қаҳрамониву шуҷоати мардони тоҷик наменависанд.

– Чаро филмҳое, ки ғояи миллӣ, ҷанбаи миллӣ доранд, наофаридем, ки дар пояи «Қиссаи зиндони Павиак» бошаду ватандўстиву миллатдўстии мардони тоҷикро нишон диҳад? Барои сохтани ҳамчунин филм ба чӣ ниёз дорем: коргардон, филмнома, ҳунарманд, сармоя?

Мутаасифона мо ягон филмноманавис надорем, ки монанди филми “Қиссаи зиндони Павиак” филмнома нависад.

– Ҳозир ҳам надорем?

– Ҳозир тамоман надорем. Ҳунармандони хуб дорем. Коргардон ҳам дорем. Филмноманавис надорем. Аввал шахсе даркор аст, ки сенарияи олӣ нависад. Охир бисёранд шахсоне, ки пул доранд. Барои обрўи миллат пул намедиҳанд, ки як коргардони миллати мо филм офарад. Масалан марҳум Тоҳир Собиров коргардони хуби мо дар бораи қаҳрамони тоҷик Темурмалик филм гирифтан мехост, ки аз ду қисм иборат буд. Вале мутаассифона, барои ин дар замони собиқ Шўравӣ ҳам пул пайдо накарданд. Шояд он замон дар сиёсати Кремл васфи қаҳрамонони миллӣ намеғунҷид. Инашро дақиқ намедонам. Аммо мебинам, ки имрӯз нависандагону шоирони хуб дорем, вале онҳо намоишномаҳои хуб барои театр ва филмнома барои синамо наменависанд. Шояд медонанд, ки барои ин њаќќи ќалами кам мегиранд. Кош сенариянавис ва шахси дилкушоду пулдоре аз тоҷирон медоштем, ки ғами ин миллатро хўрад ва барои филми хуб гирифтан, пулашонро дареѓ надоранд.

Агар сенария ва сармоя пайдо мешуд, кадом коргардонро барои гирифтани филме дар пояи «Ќиссаи зиндони Павиак» тавсия мекардед?

muhiddini-muzaffarroМуҳиддини Музаффарро. Ин коргардони ҷавон филми хубе бо номи «Дав» гирифт, ки  хушбахтона ман ҳам дар он филм нақше офаридам. Ў нисбати кораш хеле серталаб аст. Ва ҳамчунин як филмаш ҳам дар хонаи синамои Маскав баҳои баланд гирифт. Азбаски кори коргардон Муҳиддини Музаффарро дидам, фикр мекунам ў аз уҳдаи ин кор мебарояд. Шахсе лозим аст, ки сенарияи хуб нависад. Муаллими мо мегуфт, ки «Гордость таджика-это лень”. Дар ҳақиқат мо хеле танбалем. Масалан шумо чаро наменависед?

Ман ҳам танбалам

– Оре, ҳамин аст камбуди ҳамаи мо.

Чӣ хотира аз саҳнаҳои пушти пардаи филм дар ёдатон то ҳол боқист?

– Ёдам ҳаст, саҳнаеро филмбардорӣ намудем, ки дар он бо аскарони олмонӣ муштзанӣ мекардем. Кор ба ҷое мерасад, ки шумори онҳо зиёд мешаванд ва маро задаву аъзои баданамро хуншор мекунанд. Ва дар ҳоле, ки хун аз сару рӯям мешорид, маро мекашиданду мебурданд. Баъди наворбардории ин лаҳза муддате танаффус эълон шуд.  Чун он ҷо нафас кашидан сахт буд, (бўи ғализи он то ҳол дар ёдам ҳаст) бо гриммам ба ҳавои тоза баромадам. Он ҷоро, ки литвониҳо «Форти нуҳум» мегўянд, ҳоло осорхона аст. Шунидам, ки русҳо аз Русия ба тамошои осорхона омаданд. Дар даромадгоҳи осорхона муҷассамаи як сарбози олмонӣ бо сару либоси аскарӣ ва туфанг гузошта шудааст, ман ҳам хуншор дар бараш ба зону задаму худамро ҳайкал вонамуд кардам. Чашмонамро кушода нишастам. Яке аз занҳое, ки осорхона баҳри тамошо омаданд, гуфт бечора сарбози мо. Ўро ба чӣ ҳол овардаанд. Ў фикр кард ман ҳам муҷассама ҳастам. Садояшро шунидам, ки мегуфт нигоҳ кун, ў мисли одами зинда аст. Хандаам гирифт, ботинан хандидам, аммо худдорӣ кардам. Он зан ба ҳардуи мо: ману ҳайкал  нигоҳ мекард.

-Чӣ қадар ўро задаанд, дилам ба ҳолаш месўзад, гиряам меояд, – гуфт зан. Онҳо хеле ба ман нигоҳ карданд, ман, ки чашмак задам, тарсиданд, фаҳмиданд ки одами зиндаам, чунон фарёд заданд, ки аз садои ваҳшатноки онҳо тарсида, ба боло баромадам. Ба акаи Раҷаб нақл кардам, ки ман ҳамин хел номаъқулӣ кардам (механдад). Ва боре акаи Раҷаб дар ҳалқаи дӯстон ҳамин қиссаро нақл кард. Хайр ҷавон будему шухӣ кардем (табассум мекунад).

– Дар ин филм ҳамроҳи Раҷаб Ҳусейнов нақш бозидед. Ин аввалин таҷрибаи шумо дар роҳи синамо буд, вале барои шарикатон  Раҷаб Ҳусейнов нақши аввал набуд. Аз ҳамкорӣ бо ў чӣ омухтед?

– Худобиёмурз Раҷаб Ҳусейнов дар театри Лоҳутӣ кор мекарданд. Чун он кас назар ба ман таҷриба доштанд, саъй мекардам бо эшон баробар шавам. Ҳарчанд ин номумкин буд.

Акаи Раҷаб вақти филмбардорӣ мегуфтанд, ки Исфандиёр шояд ин тавр бозӣ кунем, беҳтар бошад? Фикр кун. Маслиҳатҳо медоданд.

Дар филм шумо мебинед, ки фикру ақидаи мо бо ҳам мутобиқ нест. Мо дар филм ду ҷаҳон ҳастем. Акаи Раҷаб нақше мебозанд, ки ба ақидаи худашон сирф деҳқон ҳастанд, бисёр чизҳоро намефаҳманд ва бо ақидаи ман мувофиқ намеомад. Мансур Абдураҳимов шаҳрист, донишгоҳи Сорбони Фаронсаро хатм кардааст. Бакалаври санъат аст. Ду тоҷик бошем ҳам, ду ҷаҳонбинӣ доштем ва дар маҳбас хеле баҳсҳо ва қариб занозанӣ менамудем. Гарчанде фикрҳои ин ду нафар муқобиланд, дар асл як ҳадаф доранд, ба шумо маълум аст, ки инҳо ҷанговарони шўравиянд. Тоҷиканд, ки хуни тоҷикӣ доранд, ҷасорати тоҷикӣ доранд. Ва маҳз ҳамин моро ба ҳам меовард.

Дар як саҳнаи ин филм ман намедонистам, ки он зан ҳамсари Давлат Ҳалимов  аст ва ба ў гап мепартоям. Ҳамин вақт Давлат  моро дида, мегўяд, ки ту дар куҷо дидаӣ, ки марди тоҷик ба зани бегона гап партояд? Дар ҷавоб мегўям: Зан ҳам одам аст. Магар ман хақ надорам бо ў ҳарф занам? Ту харӣ, ки намефаҳмӣ? (њамсўњбатам механдад).

Мансур бо Давлат мехоҳанд дастбагиребон шаванд, вале дар ҳамин ҳол бонги хатарро шунида, ба қисми ҳарбияшон медаванд.

– Дар филм бо Давлат (Раҷаб Ҳусейнов) дўсти воқеӣ ва арзанда ҳастед. Дар зиндагӣ низ рафиқ будед?

– Бале. Ҳамеша. Аз хурдӣ акаи Раҷабро дўст медоштам, мисли бародарам. Ду маротиба сактаи қалбӣ гирифтанд. Як маротиба дар Бадахшон, дафъаи дигар дар Душанбе. Ҳамеша ба аёдаташон мерафтам. Аз Худо фақат дуо мекардам, ки сиҳат ёбанд.

Вақте Руссия рафтанд, тавассути ватсап ҳамеша суҳбати видеоӣ доштем. Ҳамдигарро медидем. Мепурсидам акаи Раҷаб кай меоед? Назди духтарашон шаҳри Санкт-Петербург рафта, хона хариданд ва шаҳрванди Русия шуданд. Охирин филме, ки бо ҳам нақшофарӣ кардем, қиссаи хеле  ғамангезе дар бораи ду пирмард буд.

– Чуноне ишора ҳам кардед, мувофиқи филмнома шумо бо Давлат Ҳалимов ҳамеша баҳс мекунед. Дар зиндагӣ низ байнатон баҳсу нофаҳмиҳо шуда буд ?

– Баҳсу нофаҳмиҳо мешуд, албаттта, вале мо аз хурдӣ ҳамдигарро мешинохтем ва омадурафт доштем. Падаронамон дўст буданд. Акаи Раҷаб ва бародарашон (Худо биёмурзад ҳардуро), апаҳояшон ба хонаи мо меомаданду мо ба хонаи онҳо мерафтем. Ҳафтаҳо дар хонаи онҳо будем. Бо бародари акаи Раҷаб Аббос дўст ва ҳамсол будам. Вақте ман ва Аббос таваллуд шудем, падари акаи Раҷаб бо чандин эрониҳо хонаи мо меҳмонӣ омаданд ва барои номгузорӣ машварат карданд. Тасмим гирифтанд номи маро Исфандиёр ва номи бародари Раҷаб Ҳусейновро Аббос гузоранд.

-Падари Раҷаб Ҳусейнов эронӣ буд?

Бале.

Фикр мекардед, ки ин филм машҳур мешавад?

– Не, дар бораи ин фикр намекардам, аз хуб баромадани наќшам меандешидам.

Ба назаратон дар иҷрои нақш муваффақ шудед?

– Медонед? Мутаасифона дар экран ин тавр аст. Масалан дар театр мо накш мебозем, дирўз шояд дигар хел буд. Актёр одами зинда аст. Бо ҳаракаташ мехоҳад дар саҳна зинда бошад. Дар филм ҳам ҳамчунин, хусусан вақте чашми шумо, рўи шумо дар экран аст, саъй мекунед ҳолатро, фикру андешаро бо чашматон, бо мимикаатон нишон диҳед. Тамошобин ҳис кунад, ки ин дардро шумо доред ё идомаи он фикратон ҳастед. Ин ҳолатро дар синамо аз рӯи намои боз (крупный план) –и актёр фаҳмидан мумкин аст. Дурўғ бозӣ кунед, тамошобин мефаҳмад. Худои мо тамошобин аст. Фақат тамошобин метавонад баҳо диҳад. Ҳам дар саҳнаи театр ва ҳам дар саҳнаи синамо.

-Шумо бо яке аз филмноманависони филми “Қиссаи зиндони Павиак” Борис Носик пас аз 20 сол вохўрдед. Оё дарҳол шинохтед, чун солҳо гузашта буданду ӯро надида будед? Ва аз чӣ хусус суҳбат намудед?

– Албатта нашинохтам. Соли 1990 буд. Нахустнамоиши филми “Расстанемся-пока хорошие”-и коргардон Матил дар яке аз кинотеатрҳои Маскав доир гардид, ки нақши тоҷири юнониро мебозидам. Филми ҷолибе буд иборат аз ду қисм. Вақте коргардони филм мо- ҳунарпешаҳоро муаррифӣ кард, бо чандин нафари онҳо ба саҳна баромадем. Коргардон гуфт дар  филми ман ҳунарпешаҳо ҳам аз Русия, Тоҷикистон, Чеченистон ва Белорусу Украин ширкат доранд. Пас аз шиносоии коргардон аз саҳна поин шудаму дар толор нишастам, то филмро бубинам. Як нафар омаду паҳлўям нишаст ва ба ман нигоҳ кард. Гуфтам нигоҳи шумо чӣ маъно дорад? Чаро ин қадар нигоҳ мекунед? Дар ҷавоб гуфт: Исфандиёр як соат ба ту нигоҳ мекунам, ҳатто ба ман аҳамият ҳам намедињӣ. Ман Борис Носик, филмноманависи филми “Қиссаи зиндони Павиак” ҳастам. Ёдат омад, ки чӣ қадар дар Каунас рўи филм ва нақши Мансур Абдураҳимов суҳбат мекардем? Дар бораи Мансур Абдураҳимов  ба забони фаронсавӣ румони бузург навиштам, ки дар Фаронса нашр шуд.

Ростӣ аз ин дидори ногаҳонӣ хеле шод шудам ва узр хостам, ки аз миён 20 сол гузашту ҳамдигарро боре ҳам надидем. Хеле суҳбат кардему он рўзҳоро ба ёд овардем. Маро ба шаҳри Порис даъват кард. Суроғаашро ҳам дод.

-Аз намоиши филми аввалинатон чӣ чизе ба ёдатон мондааст?

– Дар кинотеатри ноҳияи Шаҳринав филми маро намоиш доданд. Он ҷо лаҳзаест, ки олмониҳо маро задаву куфта, хуншор кашолакунон мебаранд. Модарам сару рўи хунчакону афгори маро дар филм дида, доду фарёд кардааст, ки бачама куштанд. Гарчанде ўро ором карданӣ шудаанд, ки ин филм аст, бовар накардааст (механдад).

Раҳима Аъзам.