Магар Аврангзеб шоҳи золим буду Зебуннисоро намегузошт шеър гӯяд? Посухи суолро аз ин матлаб биҷӯед
Китоби “Самандари ишқ” гулчини ғазалҳои машҳуртарин шоирбону-Зебуннисо буда, дар баробари лирикаи зебои ишқӣ мавзуъҳои иҷтимоию ахлоқӣ ва ирфониро дар бар гирифтааст. Мураттиб, муҳаррир ва муаллифи сарсухану тавзеҳот Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарами Ҳотам буда, соли ҷорӣ нашриёти “Адиб” чоп кардааст.
Муҳтарами Ҳотам дар як сарсухани басо ҷолиб аз зиндагиномаи Зебуннисо ҷузъиёти баҳсиро мавриди таҳқиқ қарор дода, бо далелҳо баъзе шоеъот дар ҳаёти шоири маҳбубро рад кардааст. Мо бахше аз ин қисматро рӯнавис кардем, то хонандагонамон огоҳ бошанд. Инак он иқтибос аз сарсухани пажӯҳишгари тавоно Муҳтарами Ҳотам:
Зебуннисо соли 1639 дар хонаводаи подшоҳи темурии Ҳиндустон- Аврангзеб ба дунё омад. Модараш Дилрасбону ном дошта, духтари Мирзо Бадеуаззамон Шоҳнавозхон, аз авлоди Шоҳ Исмоили Сафавӣ будааст. Шоири оянда бо эҳтимоми падару модар аз хурдӣ ба омўзиши донишҳои гуногун пардохтаву аз он овон забони форсӣ, сарфу наҳви арабӣ, навъҳои гуногуни хат, Қуръон ва фанҳои зиёди дигарро омўхта, дар ин бахшҳо комёб гардида будааст. Аз ҷумлаи устодонаш Мирзо Муҳаммад Саидашрафи Мозандаронӣ шоири хушзавқ ва хаттоти чирадасте буда ва Зебуннисо пеши ў аз фанҳои зиёд дарс омўхта будааст. Вай ҳамчунин дар назди ҳофиза Марям ном бонуи донишманд қоидаҳои шеър ва дигар илмҳоро аз бар карда будааст.
Дар бораи Зебуннисо ва падараш Аврангзеб, муносибати падару духтар, лаҳзаҳои дигари зиндагии шоира нақлу ривоятҳои зиёд вуҷуд доранд, ки баъзе аз онҳо ба ҳам мувофиқат намекунанд. Аз ҷумла, золимии Аврангзеб, ба шеърнависии Зебуннисо муқобил будани ў, сабаби ба шавҳар набаромадани шоира, мансуб набудани баъзе ғазалҳо ба Зебуннисо ва дигар лаҳзаҳо бо ихтилоф зикр шудаанд.
Тавре бештари сарчашмаҳо зикр кардаанд, Аврангзеб, гўё шоҳи золим будаву намехостааст, ки духтараш шеър гўяд ва сабаби ин ҳол гўё барои номаҳрам нагардидани духтараш будааст. Аммо аз нақлҳои зиёде, ки дар бораи Аврангзеб ва духтараш Зебуннисо оварда мешавад, маълум мегардад, ки Аврангзеб, худ шоҳи бофазлу донишманд ва дорои табъи шоирӣ будаву шеъргўии Зебуннисо ва дигар духтаронашро ташвиқ мекардааст.
Зебуннисо маҳфилеро созмон дода будааст, ки дар он намояндагони шеъру адаб- шоирону адибон ва олимону ҳунармандон, асҳоби камолу хаттотон сарпарастӣ мегардидаанд. Тибқи навиштаи пажӯҳишгарони ҳаёту эҷодиёти Зебуннисо маҳфили ў дар он даврон мисли як академия амал карда, дар рушди илмҳои замони худ ҳиссаи босазо гузошта будааст. Дар назди маҳфил китобхонаи бузурге вуҷуд доштааст, ки аз он иштирокдорони маҳфил баҳрабардорӣ мекардаанд. Дар ин маҳфил бисёр китобҳо таҳияву ба нашр расида, қисмати аввали номи он китобҳо бо ишораи «Зеб» яъне Зебуннисо, мисли «Зеби тафосир», «Зеб-ал муншоот» ва ғайра нашр мешудаанд. Мувофиқи нақлҳо Бедил низ бо Зебуннисо шиносоӣ доштаву ба ин маҳфил пайванд будааст.
Нақли дигар ин аст, ки боре дар ҳузури Аврангзеб мушоираи шоирон баргузор мегардад. Аврангзеб чаҳор калима: бегона, чашм, ватан ва дилро ба шоирони аҳли маҳфил пешниҳод карда хост, ки ин чаҳор калима дар як байт истифода карда шавад. Ҷоизаро як қитъа алмоси гаронбаҳо муқаррар кард. Ҳозирин ҳар кадоме як байт мегуфтанд, вале ба шоҳ маъқул намеомад. Дар охир Зебуннисо ин байтро мехонад:
Эй нури дида, ҳубби ватан дар дили ту нест,
Бегонавор мегузарӣ аз диёри чашм.
Ин байт писанди Аврангзеб ва ҷоиза насиби Зебуннисо мегардад. Нақли дигар ин аст, ки: «Рузе Зебуннисо дар ҳузури падараш буд. Ногоҳ оинаи қаддӣ аз тоқ афтоду шикаст. Ин мисраъ беихтиёр аз забони Аврангзеб баромад:
Аз қазо оинаи чинӣ шикаст,
Махфӣ билбадеҳа гуфт:
Хуб шуд, асбоби худбинӣ шикаст».
Дар бораи баъзе лаҳзаҳои зиндагии Зебуннисо Муҳаммад Ҳакимхон ном муаррихи нимаи аввали асри 19 дар асараш «Мунтахаб-ут-таворих» маълумотеро зикр мекунад, ки хеле ҷолиб буда, имкони ба воқеият наздик буданашон вуҷуд дорад. Ин муаррих аз хонҳои Қўқанд буда, баъди аз мансаб барканор шудан ба кишварҳои зиёд, аз ҷумла Русияву Қафқоз, Туркияву Сурия, Мисру дигар кишварҳои арабӣ сафар кардаву баъди иҷрои маросими ҳаҷ ба Эрон низ рафта будааст. Вай дар ин асараш дар бораи шоирони зиёд, аз ҷумла дар бораи Зебуннисо баъзе маълумотеро зикр мекунад, ки дар дигар сарчашмаҳо ба назар нарасидаанд. Вай дар ин асараш аз ҷумла менависад: «Ва ў (Аврангзеб- М.Ҳ.) подшоҳе буд бисёр одилу доно ва дар ҳар илм моҳир. Ва ўро як писар буд Баҳодуршоҳ ном ва се духтар буд- Фахруннисо ва Хайруннисо ва Зебуннисо ва ҳар кадом ин мастураҳо дар пардаи исмат нишаста қаду болои худро ба зевари фазл ороста буданд. Чунончи Фахруннисо мегўяд:
Байт:
Зоҳид ар саҷда насозад хами абруи маро,
Пушти шамшер нигоҳе ду-се дар кораш кун.
Ва низ Фахруннисо мегўяд:
Имшаб ту ба нозу ишваи луъби ҳасин,
Чун моҳи ҷаҳонтоб шудӣ парданишин.
Шаб то ба саҳар баҳри суроғат чун шамъ
Оҳам ба фалак давиду ашкам ба замин.
Муҳаммад Ҳакимхон ҳамчунин ду рубоии дигари Зебуннисоро зикр мекунад, якеаш рубоии машҳури «Эй обшор, навҳагар аз баҳри чистӣ?» ва дигараш рубоии зерин аст:
Макун рў пок бо рўпок, ин рў пок мебинам,
Аз ин рўпок бар афлок ман дил чок мебинам.
Чу ҷавҳар рўи худро пок бо рўпок месозад,
Гули рашшокро намнок рў бар хок мебинам.
Маълум мешавад, ки на танҳо Зебуннисо, балки ҳар се духтарони Аврангзеб ба илму дониш ва шеъру шоирӣ шуғл дошта будаанд. Яъне падару модари духтарон ба омўзишу парвариши илмиву адабии ҳамаи онҳо саъю талоши баробар дошта будаанд. «Зебуннисо кучактарин духтари Аврангзеб буд. Дар миёни нисо, хусусан, дар мобайни духтарони подшоҳон аз бинои олам то билвақт дар боби табъу назм мисли ў нагузаштааст. Магар духтари Фату Алишоҳи Эрон, ки Парисултон ном дошт», – навиштааст Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳакимхон.
Муҳаммад Ҳакимхон ҳамчунин ҳикоятеро меоварад, ки шоҳ Аврангзеб шеърнависии Зебуннисоро ташвиқ менамояд ва ин нақл низ дар дигар сарчашмаҳо дида намешавад. Вай менависад: «Гўянд, рўзе Аврангзеб подшо ба сайри гули наргис баромад. Вақти бозгаштан иттифоқан як даста наргис ба сари худ халонида буд. Ба ҳарам дохил шуд. Тамоми мастураҳои ҳарам дар пеши ў ҳозир омаданд. Чун чашми ў ба Зебуннисо уфтод гуфт: «Эй нури чашм, ҳоло ба хотири мо як мисраъ расидааст, дигарро Шумо тазмин кунед».
Ва ин мисраъро хонд, ки ин аст:
Мисраъ:
Ин на наргис, ки ту дидӣ, ба сари афсари мо,
Зебунисо ба муҷарради шунидани ин мисраъ аз падарбузургвор замини хизмат бўса дод. Аз ҷойи худ сипандосо бархост. Билотаваққуф ин мисраъро бархонд.
Мисраъ:
Ба тамошои ту берун шуда чашм аз сари мо.
Ва аз ин тазмини ў бисёр хурсандиҳо намуду гуфт: «Як мисраъи дигар ҳам ба хотир омад. Тазмини ин бисёр машаққат намуд, инро ҳам мебояд тазмин кунед». Инро гуфто, бархонд.
Мисраъ:
Дар ин аблақ касе кам дида мавҷуд,
Зебунисо дасти қиблагоҳро бўсид. Чун сарви озод аз ҷойи худ бархост, било тафаккур гуфт:
Магар чашми бутони сурмаолуд.
Ва аз ин шеъри ў бисёр таҳсинҳо намуд. Гўянд, ҳафт доман ҷавоҳир бахшид.
Хонандагони азиз китоби “Самандари ишқ”-ро метавонанд дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Зарина ЗИЁВУДДИНОВА, мутахассиси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.