Маҳфил бахшида ба 70-солагии нависандаи детективнавис Шарифбек Азизӣ дар Иттифоқи нависандагон

Дирӯз, 24-уми апрел  дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 70- солагии нависандаи детективнавис Шарифбек Азизӣ маҳфили адабӣ доир шуд. Дар маҳфил олимону нависандагон, наздикону пайвандони адиб  ва намояндагони васоити ахбори умум иштирок намуданд.

Дар оғози маҳфил Ато Мирхоҷа – муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон суханронӣ карда, Шарифбек Азизиро ҳамчун узви фаъоли Иттифоқи нависандагон ба ҳозирин муаррифӣ ва бо 70 умин солгарди умраш шодбош намуданд.

Шарифбек Азизӣ аз камшумор нависандагони детективнависи адабиёти имрӯзи мост. Собиқаи наздик ба сисола дар мақомоти қудратӣ боис гардидааст, ки таҷрибаи андӯхтаашро дар офаридани асарҳои моҷароӣ хубу барҷо ба кор бубарад. Аз мутолиаи асарҳояш бармеояд, ки аз раванди таҳкиқи ҷиноят огоҳии комил дорад. Дар ибтидо хонандаро ба шахсияти қаҳрамонҳо, хулқу атвор, муносибати миёни онҳо ва шуғлашон ошно месозад, баъдан сар задани ҷиноятро ба риштаи тасвир кашида, боз кардани онро чун муаммо ба миён мегузорад. Ин барои хонанда бисёр ҷолиб мегардад ва мутолиаи сосор барояш осон ”- илова кард Ато Мирхоҷа муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Дар идома, дигар нависандагону шоирон, пажӯҳишгарон ва алоқамандони адаб, дар бораи ҷойгоҳ ва назокатҳои осори Азизӣ ибрози назар карданд.

Аз ҷумла, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, адибон Саидаҳмади Зардон, Ҳикмат Ҳисориев, Саидхоҷа Ализода, рӯзноманигор Саидҷаъфар Ашӯрзода ва дигарон дар заминаи вижагиҳои шахсиятӣ ва ҳунарии соҳибҷашн суханронӣ карда, Шарифбек Азизиро ҳамчун нависандаи баркамол эътироф намуданд.

Таъкид шуд, ки номи Шарифбек Азизӣ барои алоқамандони адабиёти тоҷикӣ аз оғози садаи 21 ошно буда, вай бо иншои 15 романи моҷароӣ нақши худро дар адабиёт гузоштааст.

Саидаҳмади Зардон дар иртибот ба романҳои Азизӣ андешаҳои худро иброз дошта таъкид намуд, ки дар ин жанр яъне асарҳои моҷароӣ ва детективӣ асосан онҳое мувафақ мегарданд,ки дар сохторҳои марбута кору фаъолият кардаанд. Шарифбекро бештар ҳамин ҷиҳат кӯмак намудааст то бо хонандааш наздиктар гардад ва дар ифшои ҷинояту ҷинояткорӣ бисёр мулоҳизарониҳои хуб дорад.

Шарифбек ҳарчанд ба  майдони адабиёт бо навиштани қиссаҳо ворид гардида,бошад ҳам, романҳои ӯ бисёр бомаҳоратона эҷод шудаанд. Асарҳои ӯ вижагиҳои хоси худро дорад ва вақти баёни фикр  пайванди мантиқии аҷибе ҳис карда мешавад, ки ин хеле ҷолиб аст” – иброз дошт Абдулҳамин Самад.

Директори радиои “Ховар” Саидҷаъфар Ашӯрзода, аз мувафақияти 15 романҳои корогоҳии устод Азизӣ ёдовар шуда, онҳоро барои адабиёт ҳамчун  осори мондагор дар қатори “Ҳикояҳои Шерлокс Холмс”, “Ҷиноят ва ҷазо” –и Федор Достоевский таърихӣ унвон кард.

Бояд гуфт, Шарифбек Азизӣ муаллифи маҷмуаи ҳикояву повест ва романҳои «Дурахши алмос» («Деваштич», 2004), «Порикоб» («Деваштич», 2006) «Парвоз» («Сифат», 2007), «Сангчарх» (ҳамроҳи Ҳокими Азиз), («Адиб», 2013), «Бо навои борон» (романҳо, «Меъроҷ-граф», 2016) ва «Асарҳои мунтахаб» (дар 10 ҷилд) аст, ки фарогири қиссаву романҳои адиб мебошанд. Дар асоси романи “Дурахши алмос”-и нависанда телевизионии “Синамо” филми ҳунарӣ наворбардорӣ кардааст.

Шарифбек АзизӣШарифбек Азизӣ 24-уми апрели соли 1955 дар деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо риштаи ҳуқуқдон ба поён бурда, муддати мадид дар мақомоти шаҳрбонии (милитсияи) кишвар кор кардааст.

Дар осори Шарифбек Азизӣ ҳамеша адолат бар разолат ғолиб меояд, ҷинояткорон ба сазои амали хеш мерасанд, ки баёнгари ҳусни нияти муаллиф низ ҳаст. Аз он ҷумла, қиссаи моҷароии “Оҳ, Тамара?” хеле ҷолиб буда, дар он ҷинояти дуздӣ дар корхонаи хишт бо саъйю талоши ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД ноҳияи Гулистон, лейтенанти милиса Акбаршоҳ Абдумаҷидов баъди аз миён бардоштани даҳҳо мушкили пешомада ошкор мегардад. Пасмондаи “Ахтамар” – як навъи сигори истеҳсоли Арманистон дар кушодани гиреҳи ҷиноят нақш мебозад. Муаллиф тавассути муколамаи персонажҳои асар пайдоиши ин вожаро ба хонанда равшан месозад. Хонанда бо персонажҳои зиёд, ки хулқу одати мухталиф доранд ва имрӯз ҳар яки мо бо даҳҳо ҳамсонҳои онҳо вомехӯрем, ошноӣ пайдо менамояд. Истифодаи фаровони мақолу зарбулмасалҳо Қиссаро хонданиву муассиртар кардааст.

Аз соли 2007 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Қобили зикр аст,ки нависанда бо Китобхонаи миллӣ ҳамкории зич дошта, осори ӯро хонандагон метавонанд ҳам дар шакли электронӣ ва ҳам чопӣ дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд. Бахусус Асарҳои мунтахаби ӯ дар 10 ҷилдро хонандагон метавонанд дар Телеграмканали сомонаи Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд. АСАРҲОИ МУНТАХАБ

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа