Маҳфили адабӣ “Дар сӯҳбати адиб” бо ширкати Маҷид Салим

Имрӯз, 21 – августи соли 2026, дар дар шӯъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабии “Дар сӯҳбати адиб” бо иштироки нависанда ва рӯзноманигори шинохта Маҷид Салим баргузор гардид.

   Дар оғози нишаст меҳмони маҳфил аз ҳаёт ва фаъолияти худ қисса намуд ва аз шавқу завқи нависанда шудан ҳикоят кард ва дар зимн ба мутолиаи бештару ҳаррӯзаи китоб таъкид кард.

Чун аҳли толор ҳама наврасон буданд, онҳоро мухотаб қарор дод ва иброз дошт, ки танҳо мутолиаи пайваста метавонад инсонро ба сӯи донишҳои нав раҳнамун созад.

Маҷид Салим худ аз зумраи он нависандагонест, ки аз рӯзноманигшорӣ ба майдони адабиёт ворид шудааст ва худ як ҳаёту зиндагиномаи ибратбахш дорад.

Маҷид Салим аз он қаламкашонест, ки дар оғӯши тасвирҳои ноби табиати зебоманзари кишварамон, машқи қалам кардаву аз олами вуҳуш навишта ва хеле муваффақ шудааст. Ӯ тавонистааст аз забони мурғон асар офарад, олами ҳайвонотро бо ҳама нозукиҳояш рӯи коғаз орад ва асарҳое офарад, ки дилнишин, шавқовар ва мафтункунандаанд.

Ӯ дар ин ҷода бо умед ворид шуда ва имрӯз аз муваффақтарин адибонест, ки аз олами вуҳуш менависанд.

Сипас, миёни хонандгон, ширкаткунандагони маҳфил ва меҳмони он табодули афкор сурат гирифт. Адиби маъруф ба даҳҳо суоли ширкаткунандагони маҳфил посух дод ва дар зимн аз онҳо низ аз ҳар бора пурсид.

Яке аз хонандагони толор пурсид, ки  чаро Шумо аввал машқи шеър мекардед, аммо якбора рӯ ба наср овардед ва олами ҳайвоноту набототро мавриди тасвир қарор додед?

Маҷид Салим посух дод, ки сабаб меҳри зиёд доштан нисбати ҳайвонҳо буд. Аз бачагӣ дӯст медоштам дар ин олам бошам, чизҳоеро барои худ кашф мекардам, ҳаракату нишасту хести ҳайвонҳоро мушоҳида мекардам ва ин ҳама бароям хеле ҷолиб буд.

Яке дигар аз нишастагон пурсид, ки ба андешаи Шумо асари бачагона бояд чигуна бошад? Адиби шинохта посух дод, ки нависанда пеш аз он ки барои бачаҳо нависад, бояд олами онҳоро донад. Донистани ҳаёти бачаҳо боис мешавад, ки адиб дар тасвири дунёи кӯдакӣ тасвирҳои ҷолибу хонданӣ офарад. Адибони мо мекӯшанд ин гуна повесту ҳикояҳо нависанд ва дунёи шуморо бо образҳои хуби бадеӣ тасвир кунанд.

Маҷид Салим рӯзноманигор, нависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи журналистон ва узви Иттифоқи нависандагон буда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи журналистии  ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад.

Ӯ муаллифи маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои «Гурги похӯрда» (1991), «Зоғеву доғе» (1994), «Панҷаи ҳасрат» (1997), «Ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот» (1998), «Чӯҷаи кабк» (2000), «Уқобу лошахӯр» (2002), «Мурғи даштӣ» (2003), «Алибоҷ» (2008), «Аз пайи паланг» (2010), «Санговдавак» (2012) буда, дар гирдоварию таҳияи китобҳои Мирзои ХокӣТоҷӣ Усмон («Духтари ниқобдор»), Алӣ Хуш («Шӯриши Усмон) ҳиссагузорӣ кардааст.

Қиссаи нави ӯ «Дарёнавард», ки аз корномаи Темурмалик ҳикоя мекунад, соли 2015 ба табъ расид. Намунаи ҳикояву очеркҳояш дар китобҳои дастҷамъии «Шаҳпари инсон», «Шасти зафар», «Баҳори Истиқлол», «Насри тоҷик» (ба забони русӣ) ба табъ расидаанд.

Китобҳои Маҷид Салим «Человек идёт к зверю» ба русӣ ва «Чӯпон итининг ӯлими» ба ӯзбекӣ нашр шудаанд. Худи ӯ мутарҷими қиссаи «Муму»-и И.С.Тургенев ва «Каштанка»-и А.П. Чехов ба забони тоҷикӣ мебошад.

   

  Кароматхон АСОЕВА,

бахши матбуот ва робита ба ҷомеа