Маҳфили адабӣ-маърифатии “Ганҷи ҷовидон”. Мо бо “Шоҳнома” бегона нестем.

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ-маърифатии “Ганҷи ҷовидон” таҳти унвони “Муаррифии як дастхат” баргузор гардид.
Дар ин маҳфили адабӣ-маърифатӣ Шоири халқии Тоҷикистон, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам, корманди Академияи миллии Тоҷикистон Сунатулло Ҷонбобоев, устод ва омӯзгори зебонависии хатти форсӣ Алиризо Хушнависон ва кормандону муштариён-хонандагони Китобхонаи миллӣ ширкат доштанд.

Маҳфилро муовини директори “Китобхонаи миллӣ“ Муҳаммадиқбол Атозода ҳусни оғоз бахшида, меҳмонону иштирокдоронро хайрамақдам гуфт. Зимни суханронии худ Муҳаммадиқбол Атозода қайд намуд, ки роҳбарияти Китобхонаи миллӣ талош бар он меварзад, то ҳар ҳафта маҳфили маърифативу адабие барои хонандагони наврас ва ҷавони худ орояд. Маҳфили “Ганҷи ҷовидон” аз зумраи ҳамин маҳфилҳост.
Муовини директори Муассиса зимни суҳбат иброз дошт, ки дар Китобхонаи миллӣ нусхаи асри ХVI “Шоҳнома” маҳфуз аст, ки он дар Осорхонаи китоби Китобхонаи миллӣ нигаҳ дошта мешавад. “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллӣ буда, таърихи чандҳазорсолаи халқҳои эронитаборро дар бар мегирад. Абулқосим Фирдавсӣ дар ин асар воқеаҳои таърихӣ, афсонавӣ ва қаҳрамониро ба риштаи назм кашида, симои миллат, фарҳанг ва арзишҳои маънавии онро таҷассум намудааст.

Дар идомаи суҳбат Муҳаммадиҷбол Атозода аз иқдоми беназири Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуда, иброз дошт, ки дар ягон давру замон “Шоҳнома” ба ин теъдод, яъне 1 400 000 нусха рӯи нашр наомада буд.
Сипас меҳмони маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам сухан карда, доир ба пажӯҳишҳои олимону муҳаққиқони на танҳо тоҷик, балкӣ ҷаҳонӣ низ гуфта гузашт. Аз қиссаи зебои Фаридун ва фарзандонаш, достони ғамангези кушта шудани Эраҷ аз дасти бародарон ва дар ин замина ҷанги байни Эрону Тӯрон ба шунавандагони маҳфил ҳикоят кард.
Муҳтарам Ҳотам, ки солҳои охир ба таҳқиқи масоили сукунат ва муҳоҷирати ориёиҳо машғул аст, дар ин мавзӯъ, хоса ҷойгиршавии Эрони Бостон, сарзамини Тӯрон ва як қатор шаҳрҳои дигар ба иштирокдорон маълумот дод. Номбурда таъкид кард, ки “мо бо Шоҳнома бегона нестем” “Шоҳнома” номаест, ки моро бо дирузамон мепайвандад.

Дар идомаи маҳфил номзади илмҳои фалсафа Суннатулло Ҷонбобоев суханронӣ намуда, қайд кард, ки “Шоҳнома“ шаҳодатномаи миллати мост. Яке аз муҳимтарин вазифаҳои Шоҳнома бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ мебошад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки тавассути омузиши “Шоҳнома” насли наврас дарк мекунад, ки миллати тоҷик дорои таърихи қадимӣ, фарҳанги ғанӣ ва мероси бузурги маънавӣ мебошад. Ин дониш барои ҳифзи ҳувийяти миллӣ дар муҳити ҷаҳонишавӣ нақши муҳим мебозад.

Дар фароварди маҳфил иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” аз достонҳои Шоҳнома порчаҳо қироат намуданд. Бахусус қироати ғолиби озмун дар даври ноҳиявӣ Раҳмонов Саидҷон – хонандаи синфи 10 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 39 аз ноҳияи Муъминобод, ҳамагонро мутаассир кард.
Дар зимн, “Шоҳнома” ва шоҳномахонӣ ҷавононро бо таърихи миллат, арзишҳои миллӣ ва қаҳрамонони халқ шинос намуда, дар онҳо эҳсоси ифтихори миллӣ ва худшиносиро тақвият мебахшад.
Муҳидинова Махфират,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа