Маҳфили Ҳамешабаҳор – “Дил бурдӣ аз ман ба як бор”
Дар толори “Ошёни булбулон”-и МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили зебову хотирмон “Ҳамешабаҳор”-и Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, собиқ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ, адиб Шоира Раҳимҷон, ҳунарманди театр ва кинои тоҷик Муҳаммадҷон Шодиев, хонандагони доимӣ ва навқаламони шуъбаи кӯдакону наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳамчунин кормандони муассиса баргузор шуд.
Маҳфилро Хайриддини Хайрандеш оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Меҳмонон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Ялдо Яздонӣ – овозхони хушсалиқаи суруд ва оҳангҳои суннатии Эрон ва Муҳаммадамин Акбарпур навозандаи мусиқии суннатии Эрон бо иҷрои оҳанг ва суруди марғубе ба унвони “Бо ҳама мастӣ фидои чашми мастам” оғози маҳфилро рангин намуданд. Ялдо-хонум дар баробари сурудан шеъри хубу боло низ мегӯянд, ки барои ҳозирин аз эҷодиёти худ ғазали “Осмон обист боз”-ро қироат намуданд.
Шоира Раҳимҷон низ, ки дар меҳмонии маҳфил буд, сухан аз ҳамкориҳо карда, хотири иштирокдоронро бо суруде аз эҷодиёти худ хушнуд намуд. Ҳамчунин адибони ҷавону навқалам Фазлиддин Бедил ва Зулайхо, Марзбоналӣ ва Дарвеш, Нурбону ва Парвиз чанд намуна аз эҷодиёташон манзури ҳозирин намуданд.
Бисёр гуворост, ки ҳар як бахши маҳфилро сурудаҳои Ялдо-хонуми Яздонӣ ҳусни тоза мебахшиданд.
Дар идомаи маҳфили зебои “Ҳамешабаҳор” Музаффар Муҳаммадӣ – собиқ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия ва дӯсти меҳмонон аз Эрони бостон зимни суханронии худ қайд кард, ки “хушбахтона, пас аз 2 соли кӯшишҳо дӯстонро дар меҳмонии Тоҷикистон мебинем. Таи чанд рӯз аст, ки эшон дар вохӯриҳои адабиву фарҳангӣ бо донишҷӯену ҷавонон иштирок меварзанд. Бояд қайд кард, ки бахусус аз вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи инноватсионии Кӯлоб таассуроти хеле хотирмон бардоштем.”
Дар фарҷоми маҳфил Муҳаммадҷон Шодиев бо қироати монолог аз намоишномаи “Модар” бо садои пуртаъсири худ ба қалбҳо оромиш бахшид.
Маҳфилро таронаҳои зебои “Дил бурдӣ аз ман ба як бор” ва “Биё то гул барафшонему май дар соғар андозем” дар иҷрои Ялдо Яздонӣ ва Муҳаммадамин Акбарпур ҳусни анҷом бахшид.
Махфират Муҳиддинова
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.