Маҳфили “Дар суҳбати адиб” бо ҳузури Муродалӣ Собир
Маҳфили “Дар суҳбати адиб” бо иштироки шоир ва нависандаи бачаҳо Муродалӣ Собир ва хонандагони навраси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврсони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” доир гардид.
Ровии барнома Нозанини Шӯҳрат маҳфилро оғоз намуда, бачаҳоро бо ҳаёт ва эҷодиёти шоири суханвар Муродалӣ Собир ошно намуд.
Наврасон бо шоирӣ маҳбубашон ҳамсуҳбат шуданд ва саволҳои мавриди тавваҷуҳашонро пурсон шуда, посухҳои амиқу пандомез гирифтанд.
Баъди ошнои бо тарҷумаи ҳол, фаъолият ва зиндагиномаи адиб аз посухҳо ва қиссаҳои шоир маълум гашт, ки ӯ навиштани шеърҳоро аз даврони мактабӣ шурӯъ намудааст ва қайд намуд, ки тамоми асарҳои навиштаам бароям азизанд ва чи тавре, ки модар фарзандонашро аз якдигар ҷудо накарда дӯст медорад, ман низ асарҳоямро як навъ дӯст дорам.
Муродалӣ Собир барои наврасон тавсия намуд, ки бештар китоб хонанду аз фурсатҳои фароҳам овардаи Пешвои муаззами миллат истифода бурда дар Озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Шоҳномахонӣ” ширкат намуда, донишҳои худро сайқал диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин маҳфил моҳе як маротиба доир гардида, кӯдакон ва наврасонро ба хониш ва мутолиаи осори назмӣ ва насрӣ ташвиқ менамояд.
Шумо метавонед раванди баргузории маҳфилро тавассути Телевизионии кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» тамошо кунед.
Ганҷина Ҷолаева,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа