Маҳфили “Дар суҳбати адиб” бо Зариф Ғулом

Дар суҳбати адибШуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ маҳфили навбатии “Дар суҳбати адиб”-ро бо ширкати нависандаи маъруф Зариф Ғулом доир кард.  Маҳфил  бахшида ба 80 –умин солгарди зодрӯзи нависанда баргузор гардида, дар он хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 – и шаҳри Душанбе ва ҳамчунин аъзоёни фаъоли шуъбаи мазкур иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳи маҳфил ровии барнома Нозанини Шуҳрат аз ҳаёт ва фаъолияти нависанда ба иштирокдорон маъруза карда, онҳоро бо ашъори нависанда оншо намуд. Дар ҷараёни суҳбат ҳаводорони нависанда, рӯзноманигор, таърихнавис, офарандаи асарҳои корогоҳии тоҷик бо адиби дўстдоштаашон суолу ҷавоб намуд.

Таъкид гардид, ки дар адабиёти муосири тоҷик нависандагонеро метавон вохӯрд, ки достонҳои корогоҳӣ (детективӣ) навиштаанд. Албатта, унсурҳои ин жанр дар осори гузаштагонамон ба монанди «Самаки айёр», «Ҳазору як шаб», «Синдбоднома»,  вуҷуд доранд, вале адибони муосири мо бештар бо таъсири адабиёти Ғарб ба ин жанри насрӣ рӯ овардаанд. Яке аз онҳо Зариф Ғулом аст, ки дар ин ҷода заҳмат мекашад ва асарҳои хонданию ёдмон эҷод менамояд. «Парвоз», «Ҷодугар», «Ҳукми дил», «Даъвати хун», «Бори каҷ дар роҳи каҷ», «Бӯсаи аввал», «Аспи хиёнат», «Табаддулот», «Шоҳиди асосӣ», «Карими шиш», «Ҳақиқати талх», «Мори сафед» аз зумраи асарҳое мебошанд, ки Зариф Ғулом манзури хонанда гардонидааст.

Дар насри корогоҳӣ асос офариниши сужа бар пояи амалҳои ҷиноӣ буда, нависандаро лозим меояд нақши муфаттш ва ё кормандони фаврӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ё дигар касоне, ки пайи иффшои ҷиноятандро бозад. Ба андешаи худи нависанда барои навиштани асари детективӣ ғайр аз лаёқату малакаи насрнависӣ сатҳи зарурии маълумоти ҳуқуқӣ доштан муҳим аст. Ғайр аз ин аз фанҳои ҳуқуқие ба монанди ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика, криминология, фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ, ҳуқуқи судӣ, назорати прокурорӣ дониши амиқ доштан зарур меояд.

Зариф Ғулом хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар риштаҳои гуногуни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор кардааст. Таҷрибаи кор дар ин соҳа ба нависанда имкон фароҳам оварда, то асарҳои худро бо чунин далоилҳо асоси воқеӣ бахшад.

Дар идомаи маҳфил нависанда аз хотироти даврони кӯдакии худ ба хонандагон қиссаҳо нақл карда, аз аввалин ҳикояҳои худ ёдовар шуд.

Бояд қайд намуд, ки ҳадафи асосии маҳфили “Дар суҳбати адиб”, ки бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар ҳамкори бо Телевизиони “Баҳористон“ баргузор мегардад, шиносоии бештари кӯдакону наврасон бо шоирону нависандагон ва бедор намудани завқи мутолиа дар замири онҳо мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд, маҳфили навбатии “Дар суҳбати адиб”-ро рӯзҳои наздик тариқи Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” тамошо кунанд.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа