Маҳфили “Эъҷози асбобҳои торӣ” аз силсилабарномаи “Санъат ва ҳунар” дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди зеҳнии наврасону ҷавонон дар давраи таътили тобистона нахустин маҳфил аз силсилабарномаи “Санъат ва ҳунар” таҳти унвони “Эъҷози асбобҳои торӣ” баргузор гардид.

Меҳмони нахустмаҳфили “Эъҷози асбобҳои торӣ” мутриб ва рубобнавози шинохта Илҳомиддин Сироҷиддин буд.

Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода меҳмони олиқадрро ба ширкаткунадагон шинос намуд ва ҳадафи роҳандозии маҳфили мазкурро шарҳ дод.

Илҳомиддини Сироҷиддин дар як суҳбати ҷолибу диданӣ дар бораи асбобҳои мусиқӣ, таърихи онҳо ва рушдашон дар Тоҷикистон ҳарф зад ва ширкаткунандагонро бо вижагиҳои асбоби мусиқии тор ошно сохт

Миёни ширкаткунандагон ва меҳмон баҳси гарме сурат гирифт ва Илҳомиддини Сироҷиддин ба ҳама суолҳои иштирокдорон посух дод.

Маҳфил танҳо аз суҳбат иборат набуд. Меҳмон дар ҷараёни суҳбатҳо оҳангҳоеро бо асбобҳои мусиқӣ навохт, ҳамчунин бо касоне, ки хоҳиши навозиши тору дутор доштанд, тамрин ҳам кард.

Маҳфиле хеле шавқовару ҷолиб сурат гирифт.

Қарор аст аз ин силсила маҳфилҳо дар оянда низ бо иштироки ҳунармандон баргузор шаванд.

Инобат БОБОЕВА,

робита бо ҷомеа