Маҳфили “Эъҷози шеър” бо Нурмуҳаммади Сӯфӣ

Бо мақсади рушди зеҳнии наврасону ҷавонон дар давраи таътили тобистона Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфилҳои адабию маърифатиро ташкил намудааст. Имрӯз яке аз чунин маҳфилҳо таҳти унвони “Эъҷози шеър” бангузор гардид, ки дар он хонандагони доимӣ ва фаъоли шуъбаҳои хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ва адабиёти кӯдаону наврасон ширкат доштанд.

Муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода бо арзи дуруду эҳтиром ҳозиринро бо шоири ҷавону боистеъдод шинос намуд. Ба Одинамуҳаммади Сӯфӣ дар кору фаъолияташ парвози баланди эҷодӣ таманно намуда, маҳфили шеъру адабро ифтитоҳ кард. Зимни баромади худ Муҳаммадиқбол Атозода баён дошт, ки Одинамуҳаммади Сӯфӣ хатмкардаи факултаи «Санъати тасвирӣ ва технология»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тибқи Квотаи президентӣ буда, ғолиби озмуни «Лоиқхонӣ» дар соли 2016, ғолиби озмуни «Ҳунарманд – гаҷкор» дар солҳои 2019-2021 ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи эҷоди назму наср дар соли 2023 мебошад. Нахустин маҷмӯаи шеърҳояш “Ҳафтранги хаёл” ном гирифта, соли 2018 аз чоп баромадааст. Дастпарвари маҳфили адабии «Зарафшон»-и ноҳияи Масчоҳ Одинамуҳаммади Сӯфӣ иштирокдори чандин конфронсҳои илмию адабӣ буда, дар шаби шеърии «Бунёди Мавлоно дар Лондон» тариқи онлайн шеъри муосири Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст. Шеърҳояш дар маҷмуаи дастаҷамъии «Муруре ба шеъри муосири Тоҷикистон»Муҳаммадисмоил Лашкарӣ дар шаҳри Кобули Афғонистон низ нашр шудаанд.

Дорандаи ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт аст. Ҳар сол шогирдонаш дар озмуни бонуфӯзи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мешаванд. Ногуфта намонад, ки хурдтарин шогирди ӯ Шарифова Умеда соли 2025 дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи адабиёти муосир сазовори «Шоҳҷоиза» гардида аст.

Алҳол Одинамуҳммади Сӯфӣ вазифаи директории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 ноҳияи Мастчоҳро бар дӯш дорад.

Сипас сухан ба меҳмони маҳфили адабии “Эъҷози шеър” шоири ҷавон Одинамуҳаммади Сӯфӣ дода шуд. Шоири умедбахш ва ватансаро барои ҳаводорони каломи бадеъ армуғони шеърӣ ҳадя оварда, хотири иштирокдорони маҳфилро бо қироати шеъру ғазалҳои нобаш шод гардонид.

Барои ваҳдати миллат, барои озодӣ,

Ба зеҳни мардуми мо инқилоб равшан шуд.

Ҳамон дақиқа, ки миллат фақат туро кам дошт

Ту омадию ба мо интихоб равшан шуд.

Агар, ки иддае аз сулҳ ҳарза мегуфтанд

Ба рӯйи чеҳраи онон ниқоб равшан шуд.

Сипос омаданатро, ки бо хирадмандит

Бубин, ки чашми саводу савоб равшан шуд.

Фурӯғи омадани туст субҳи доноӣ

Чароғҳои хирад беҳисоб равшан шуд.

Дурахши Нораку нури умеди Роғун низ

Ба файзи мақдами ту, эй Ҷаноб, равшан шуд.

Дар идомаи маҳфил хонандагони доимии шуъбаи адабиёти кӯдакону наврасон аз эҷодиёти шоир шеърҳо қироат намуданд:

Эй вой, ба ҳоли қалби ошуфтаи ман,

Бедор нагашт дониши хуфтаи ман.

Ман рафтаму монд баъд аз он то ҳоло

Дар мактаби деҳа дарси ногуфтаи ман.

***

Чашмам раҳи баргашти туро меҷӯяд,

Оҳ аз ҷигари сӯхтаам мерӯяд.

Имшаб ба лаби тирезаи хонаи ту

Борон ба забони ман сухан мегӯяд.

***

Ман номаи ғуссадор дорам, оча,

Баҳри Ватану диёр дорам, оча.

Меҳнат шараф аст, лек дар ғурбат не,

Дар мактаби деҳа кор дорам, оча.

Дар зимн, ин маҳфили адабиро гулдухтаракони ҳунарманди шуъбаҳо бо рақсҳои мавзуни худ рангу ҷилои тоза бахшиданд. Хонандагони фаъоли китобхона Шарифбеков Ёсин ва Муҳиддинзода Муҳсиддин ва ҳамчунин хонандаи доимии шуъбаи махсуси Китобхонаи миллӣ (шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд) Муҳаммад Холов бо сурудҳои ватанпарваронаву марғуб хотири иштирокдоронро шод гардониданд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар меҳмонии маҳфил шоир Сабури Носир низ ҳузур дошта, дар фарҷом бо қироати чанд байт аз эҷодиёти худ, ба шоири ҷавон Одинамуҳаммади Сӯфӣ қалами сабз ва комёбиҳо орзу намуд.

Холов Амриддин – хонандаи фаъоли Китобхонаи миллӣ бо суруди ҷаззобу руҳафзои Тоҷикистон ба маҳфил ҳусни анҷом бахшид.

Эъҷози шеър” аз ҷумлаи маҳфилҳоест, ки ҳадаф аз баргузории он ҷалби бачагону наврасон ба Китобхона ва китобхонӣ, муҳокимаи асарҳо, таҳлил ва баррассии ҳикояву достон ва очеркҳо буда, барои такмили заковати онҳо равона гаштааст.

Махфират МУҲИДДИНОВА,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа