Маҳфили фарҳангии шуъбаи кӯдакон ва наврасон бахшида ба Рӯзи ҳифзи кӯдакон
Дар толори “Ошёни булбулон”-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон маҳфили фарҳангӣ тахти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” баргузор гашт. Ташкилдиҳандаи маҳфили мазкур шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхона буда, дар он хонандагони мактаб-интернати № 1-и шаҳри Душанбе, ҳунармандони Филармонияи давлатии бачагона, ҳунармандон аз филармонияи давлатӣ Муалибшоев Олуча, Идиева Насиба, ҳунармандони Театри лухтаки Душанбе, Театри миниётураи “Ойина”, Сирки давлатии Тоҷикистон ва кормандони Китобхонаи миллӣ ширкат варзиданд.
Сараввал муовини директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Зимни суханронии худ меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳамагонро бо Рӯзи ҳифзи кӯдакон муборакбод гуфт. Ба кӯдакон ва наврасон саломативу муваффақият хоста, барояшон фатҳи қуллаҳои баланди илму маърифатро таманно намуд.
Барномаи театрии “Пайравони Пешвои миллатем”-ро хонандагони фаъоли шуъбаи бачагону наврасони Китобхона бо саломнома оғоз намуданд. Аз ҷониби ҳунармандони филармонияи давлатии бачагона, ҳаҷвнигорони театрҳои Ойина, Лӯхтак, Сирки давлатӣ, ҳамчунин сарояндагон Муалибшоев Олуча, Идиева Насиба ва Аминҷон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид. Дӯстрӯякони хурдсол низ саҳми худро дар маҳфил гузошта, дар васфи Ватан шеърҳо қироат намуданд.
Суруду оҳангҳо, шеъру тарона, рақсҳои мавзун ва барномаи ҳунарии сеҳргари сирк хотири тамошобинонро болида гардонданд.
Аз тарафи ҶСП “Оби зулол” ба хонандагони мактаб-интернати № 1-и шаҳри Душанбе тӯҳфаҳо супорида шуд.
Дар фарҷоми маҳфил муовини директори Китобхона ва директори Филармонияи давлатии бачагона бори дигар ҳозиринро ба Рӯзи ҳифзи кӯдаконро табрик гуфта, аз ҳунармандон изҳори сипос намуданд.
Махфират Муҳиддинова