Маҳфили “Фурӯғ” дар ҳошияи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Маҳфили ФурӯғОзмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” давоми 5 сол ба тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон таъсири бисёр баланд гузошт,ки сафи китобдӯстдорон ба маротиб зиёд гардида истодааст. Дар ин росто шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати хонандагони хурдсол маҳфилу чорабиниҳо гузаронида, онҳоро ба китобхонӣ ҷалб менамоянд.

Ин навбат маҳфили “Фурӯғ” бо иштироки адиби дӯстдоштаи кӯдакон Азизи Азиз  баргузор шуд, ки дар он хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ва ҳамчунин довталабони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат намуданд.

Маҳфили ФурӯғАдиби маъруф Азизи Азиз маҳфилро оғоз намуда, аз одобу ахлоқи баланд ва дӯстдории китобу мактаб бо хонандагон суҳбат кард.  Барномаи маҳфил ба таҳлилу баррасии асари “Мактаби кӯҳна”-и устод Садриддин Айнӣ бахшида шуда, дар оғоз хонандагон назару андешаҳои худро дар муқоиса ба мактабҳои наву замонавии имрӯз баён доштанд.

Азизи Азиз бо хонандагон дар робита бо саҳнаҳои тасвирнамудаи устод Айнӣ дар “Мактаби кӯҳна” суолу ҷавоб намуд, ки ин барои иштирокдорон махсусан онҳое ки довталаби озмуни ҷумҳуриявии “ Фурӯғи субҳи доноӣ…“ мебошанд, бисёр баманфиат аст. Дар идомаи маҳфил хонандагон аз асари устод Айнӣ порчаҳое, ки барои онҳо ҷолиб ва таъсирбахш будааст, қироат карданд. Ҳамзамон дар атрофи қиёси мактаби куҳнае, ки дар асари устод Айнӣ тасвир шудааст ва мактабҳои имрӯз баҳсу мунозираҳо сурат гирифт.

Маҳфили ФурӯғБояд гуфт, ки баргузории чунин маҳфилҳо дар ташаккули дониш ва маърифати хонандагон таъсир гузошта, онҳоро ҳарчи бештар ба хондани китоб роҳнамоӣ месозад. Ҳамчунин қайд кардан бамаврид аст, ки маҳфили навбатии “Фурӯғ” дар ҳамкорӣ бо телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” баргузор гардида, дар назар аст рӯзҳои наздик пешкаши бинандагон гардад.

Наргис НАЗАРЗОДА