Маҳфили “Фурӯғ”. Кӯмак ба довталабони озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ”
Бо мақсади арҷгузорӣ ба хидматҳои шоири классики форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” доир мегардад,”- омадааст дар Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», ки рӯзи 29-уми августи соли 2025 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилу баргузории озмун ба имзо расид.
Бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” барномаи телевизионии “Фурӯғ” бо иштироки адиби дӯстдоштаи кӯдакон Азизи Азиз баргузор шуд. Ин навбат маҳфил ҷиҳати рушанӣ андохтан ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” равона гардид. Дар он хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон, довталабони Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” ва роҳбари маҳфили “Шоҳномахонӣ”-и Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии н. И.Сомонӣ Саидов Сайед ширкат варзиданд.
Маҳфилро адиби маъруф Азизи Азиз оғоз намуда, бо хонандагон аз одобу ахлоқи ҳамида, дӯстдории китобу донистани таърихи ниёгони худ суҳбат кард. Барномаи маҳфил ба суолҳое, ки дар озмуни “Шоҳномахонӣ” аз тарафи ҳакам ба довталабон дода мешаванд, бахшида шуд.
Сипас, меҳмони барнома Саидов Сайёд аз фаъолияти маҳфили “Шоҳномахонӣ”-и Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии н. И.Сомонӣ ба бачагон каме маълумот дод ва зикр кард, ки тайёр аст ба бачагон дар ин раванд кӯмак расонад.
Сипас иштирокдорони маҳфил ба ҳамдигар суолҳои мухталифе аз шоҳасари безаволи “Шоҳнома” пешниҳод кардаву ҷавобҳо гуфтанд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳар як ҷавоб бо байте аз “Шоҳнома” тасдиқ мегардид. Довталабони озмун ба суолҳое чун:
- Ҳушанг кӣ буд?
- Наврӯз дар замони подшоҳии кадом шоҳ пайдо шуд?
- Абулқосим Фирдавсӣ Шоҳномаро тули чанд сол эҷод намуд?
- Чаро Султон Маҳмуди Ғазнавӣ Шоҳномаро напазируфт?
- Оё барои дарки Шоҳнома мо метавонем аз Достонҳои Шоҳномаи Сотим Улуғзода истифода намоем?
- Оё Шоҳномаро ба ҷуз Фирдавсӣ каси дигаре ҳам навиштааст?
- Чаро Армоил ва Кармоил дар ошхонаи Заҳҳок хизмат мекарданд?
- Чаро Сарвари давлат маҳз Шоҳномаро ба аҳолӣӣ Тоҷикистон ласрас намуданд?
- Оё дафтари довталаби Шоҳномахонӣ ба мисли дафтари Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст?
ва амсоли инҳо ҷавобҳо гуфтанду бо байтҳо тақвият доданд.
Бояд гуфт, ки баргузории чунин маҳфилҳо дар ташаккули дониш ва маърифати хонандагон таъсир гузошта, онҳоро ҳарчи бештар ба хондани китоб роҳнамоӣ менамоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки маҳфили “Фурӯғ”дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст“ тавлид гашта, моҳе як маротиба баргузор мегардад.
Хоҳишмандон ҷараёни маҳфилро рӯзҳои наздик метавонанд аз Телевизиони Баҳористон тамошо кунанд.
Махфират Муҳидинова,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа