Маҳфили “Фурӯғ” То тавони, дӯстонро гум макун…

Маҳфили навбатии адабии «Фурӯғ» дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакон ва наврасон – Баҳористон» дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Мавзӯи барномаи навбатӣ ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир, вассофи сулҳу дӯстӣ, рӯзноманигор, инсони комил, ходими намоёни ҷамъиятӣ, фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, дорандаи ордени байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлал Неҳру — устод Мирзо Турсунзода бахшида шуда буд.
Ровигии барномаро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Нозанини Шуҳрат бар уҳда дошт. Дар маҳфил хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон иштирок намуда, фазои гарму самимӣ ва хотирмонро ба вуҷуд оварданд.
Дар оғози маҳфил таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ба хотири арҷгузорӣ ба хидматҳои шоистаи фарзандони баруманди миллат, омӯзиш ва ҳифзи мероси гаронбаҳои онҳо, инчунин дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар тарбияи маънавӣ, рушди тафаккур ва китобдӯстии насли наврас нақши муассир дорад.

Дар идомаи барнома иштирокчиёни наврас аз ашъори сулҳпарваронаи устод Мирзо Турсунзода порчаҳои дӯстдоштаи худро бо эҳсосу самимият қироат намуда, ҳамчунин аз зиндагинома ва фаъолияти эҷодии шоир маълумоти ҷолиб пешниҳод карданд.
Ҳамзамон, Нозанини Шуҳрат бо хонандагони фаъол оид ба ҳаёт ва фаъолияти устод Мирзо Турсунзода суҳбати озод ва саволу ҷавоб баргузор намуд. Ҷавобҳои пурмуҳтавои иштирокчиён нишон доданд, ки насли наврас китобхон, китобдӯст ва ба омӯзиши мероси пурғановати ниёгони худ таваҷҷуҳи зиёд дорад.

Мухлисон ва ҳаводорони барномаҳои Телевизиони «Баҳористон» метавонанд тафсилоти ин маҳфилро рӯзҳои наздик аз тариқи шабакаи мазкур тамошо намоянд. Ҳамчунин гузориши маҳфил аз тариқи радиои «Садои Душанбе» (мавҷи 102.2 FM) ба забони русӣ пахш мешавад, ки онро хабарнигори ин радио Малика Шарипова омода мекунад.
Инобат Бобоева,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа