Маҳфили “Хандарез” бо ширкати Ҳасани Чилла
Ҳасани Чилла ҳаҷвнигори тоҷик, рӯзи чоршанбе дар меҳмонии маҳфили “Хандарез” – и шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ буд ва дар назди хонандагони шуъба аз зиндагӣ ва шавқу ҳаваси зиёди худ ба саҳна сухан кард.
Ҳасани Чилла як ҳаҷвнигори тоҷик аст, ки дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст ва дар байни мардуми одӣ бо баромадҳои хандаовараш дар чорабиниҳои идона маъруф аст.
Дар ҷараёни маҳфил ҳунарпеша бо латифа ва иҷроиши саҳнаҳои ҳаҷвӣ хотири иштирокдоронро шод намуда, ҳамчунин ба суолҳои эшон дар робита ба ҳунари ҳаҷв ва театр суҳбат намуд.
Хонандагон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳасани Чилла суол карданд, аз ҳодисаҳое пурсиданд, ки муҷиби офаридани ин ё он саҳнаи ҳаҷвӣ шудааст.
Ин аввалин бор нест, ки ҳунарманд дар маҳфили Китобхонаи миллӣ ширкат мекунад. Дар гузашта ҳам меҳмони чанд маҳфили дигар дар ин боргоҳи маърифат буд.
Бояд зикр кард, ки “Хандарез” як маҳфили доимамалкунанда дар назди шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконоташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ буда, ҳадаф ҷалби эҳдои лаҳзаҳои хушу гуворо барои хонандагони ин шуъба аст.
Сармутахассиси шуъба Барно Саидмуродова.