Маҳфили хотирмон бахшида ба Рўзи байналмилалии маъюбон

Маҳфили хотирмонБахшида ба Рўзи байналмилалии маъюбон, ки ҳар сол 3-юми декабр дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, бо ибтикори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар тарабхонаи “PREMIUM – Душанбе” маҳфили фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид.

Дар он директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дилрабо Ашурова, хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ ва кормандони дигари ин махзани илму маърифат ҳузур доштанд.

Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода дар ифтитоҳи маҳфил ашхоси имконияташон маҳдудро ба ҷашнашон самимона табрик намуда, барояшон болидарӯҳиву пурталошӣ ва комгориҳои зиндагиро орзу намуд.

Профессор Файзализода дар идомаи суханронияш ин қишри ҷомеаро узви комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандии мо номид ва таъкид намуд, ки онҳо дар самтҳои мухталифи рушди ватани маҳбубамон Тоҷикистон саҳмгузоранд.

Маҳфили хотирмон– Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии нобиноён, ҳамзамон, тибқи қарори 47/3-и Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид, аз 14 октябри соли 1992, ҳамасола 3 декабр дар саросари ҷаҳон Рўзи байналмилалии маъюбон ҷашн гирифта мешавад, – гуфт ў зимни суҳбаташ дар ин маҳфили бошукуҳ.

Профессор Ҷумахон Файзализода дар бахши дигар аз суханрониаш иброз дошт, ки Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи бонуфузи фарҳангии ҷумҳурист, ки бо доштани махзани гаронмояи адабиёти илмӣ-соҳавӣ ва бадеиву тарбиявӣ ҳамарӯза ба истифодабарандагони зиёд, ки аксари онҳоро донишҷӯёну мактаббачагон ташкил медиҳанд, хидмат мерасонад. Ҳамчунин чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ доир намуда, дар самти таҳкими ғояҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ҳувийяти миллӣ ва эҷоди ҷомеаи мутамаддин дар кишвари азизамон саҳм мегузорад. Бо ташаббуси Пешвои миллат дар сохтори Китобхона аз соли таъсисёбияш (2012) шуъбаи махсуси хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд фаъолият менамояд. Сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, ғамхории падарона ва таъкидҳои пайвастаи эшон ҷиҳати дастгирии ҳаматарафаи ин қишри ҷомеа меҳвари асосии фаъолияти моро дар ин самт ташкил медиҳад.

Ў аз номи роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ ба шахсони саховатпеша ва хайрхоҳ, ки дар тамоми чорабиниҳои Китобхона бо дили софу нияти пок саҳмгузорӣ менамоянд, изҳори сипос кард.

Маҳфили хотирмонМуовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ зимни суханронии худ иброз дошт, ки шахсони дорои имконоти маҳдудро аз номи Раиси маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ва аз номи худ табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, умри дароз, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам. Тавре у зикр намуд, маъюбон қишри осебпазири ҷомеа, ятимон, ятимони кулл ҳамеша тахти назорат ва сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад. Сол то сол дар Паёмашон Пешвои Муаззами миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии ин қисми осебпазири аҳолӣ ғамхориву тавачҷўҳи махсус зоҳир менамоянд.

Маҳз ба ҳамин хотир бо ғамхориҳои бевосита ва фаъолияти шабонарўзии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрўз ба маъюбон, пиросолон, шахсони бекас таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

Дилрабо АшӯроваМуовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шахри Душанбе Дилрабо Ашӯрова изҳор дошт, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон нисбати ин қишри ҷомеа бетараф набуда, мунтазам дар пешорўи ҷашнҳову идҳои миллӣ барои дастгирии ниёзмандону пиронсолон ва қишри осебпазири ҷомеа тадбирҳо меандешад.

Дар маҳфил ҳунармандону овозхонҳо бо созу тарона ва рақсҳои дилнишин табъи ҳозиринро хушу болида гардонданд. Инчунин ба сарпарастону дастандаркорони ин нишаст, касоне, ки дар ташкили ин ҳамоиши пурфараҳ саҳм доштанд, бо Сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Дилрабо АшӯроваҚобили зикр аст, ки дар шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ 10 нафар фаъолият менамояд. Махзани он 5442 адад китобро дар бар гирифта, 634 адад китобҳои брайлӣ, 3820 адад адабиёт бо забони тоҷикӣ ва 998 адад бо забони русӣ мебошад.

Шумораи хонандагони шуъба 674 нафар буда, дар толори хониши он 14 адад компютер мавриди истифодабарии хонандагон қарор дорад. Бештари хонандагони шуъбаро донишҷӯёни мактабҳои олӣ, хонандагони литсей-интернатҳои касбии махсуси маъюбон, бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонӣ ба маъюбон ва дигарон ташкил медиҳанд.

Ҳар моҳ маҳфилҳои «Равшандилон», «Хандарез», «Ганҷи сухан» ва инчунин бахшида ба ҷашну маросимҳо ба монанди имрӯз, чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешавад.

Раҳима АЪЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.

  • Маҳфили хотирмон бахшида ба Рўзи байналмилалии маъбон
    Маҳфили хотирмон бахшида ба Рўзи байналмилалии маъбон