Маҳфили идонаи “Панҷаи ҳунар”дар саҳни Китобхонаи миллӣ

Панҷаи ҳунарМаҳфили ҳамешагии “Панҷаи ҳунар” ин навбат аз қолаб берун ҷараён дошт. Он дар саҳни Китобхонаи миллӣ, дар ҳавои кушод бо иштироки хонандагони шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ва шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд доир гардид.

“Панҷаи ҳунар” таҳти унвони “Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе” бахшида ба ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқбол аз Рӯзи пойтахт баргузор гашт.

Дар маҳфили идонаи “Панҷаи ҳунар” муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммалиқбол Атозода, меҳмон Назокат Ашурова  ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.

Дар рафти ҳамоиш байни иштирокдорон расмкашӣ, шеърхонӣ ва сурудхонӣ барпо шуд. Иштирокдорони ин ҳамоиш аз манзараҳои зебои диёрамон илҳом гирифта, расм мекашиданд. Қисмати дигаре дар васфи Ватани азизу Душанбеи сабздоман шеърҳо қироат мекарданд. Зимнан, хонандагон аз шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бо як ҷаҳон ҳавасмандӣ таронаву суруд ҳам замзама мекарданд.

Муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода  аз аҳамияти чунин ташаббусҳо ёдовар шуда,  қайд кард: “Наврасон дид ва эҳсоси худро аз зебоиҳои пойтахти азизамон рӯи қоғаз тасвир мекунанд, ки ҳар як расм нишондиҳандаи зиндагии зебо ва тафаккури зебои онҳо мебошад.”  Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки Китобхонаи миллӣ ҳамчун як ниҳоди илмию фарҳангӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам меорад, то ин ки насли наврас ва ҷавонони кишвар, махсусан нафароне, ки имконияташон маҳдуд аст, дар оғӯши китобистон хостаҳои худро пайдо карда тавонанд. “Бовар дорем, ки ин гуна маҳфилу ҳамоишҳо дар руҳияи онҳо нақши солим бозида, василае мешаванд барои ҷалби кудакону наврасон ба Китобхонаи миллӣ.”

Дар идомаи маҳфил соҳибкори ватанӣ Назокат Ашурова ба иштирокчиёни маҳфил туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд, ки ин ба хурсандии онҳо ранги тозае зам намуд. Дар навбати худ Китобхонаи миллӣ Назокат Ашуроваро бо Сипоснома сарфароз гардонида, туҳфаи рамзӣ ҳадя намуд.

Дар фаровард таҳти навоҳои дилошуб иштирокдорони маҳфили “Панҷаи ҳунар” рақсиданду болиданд.

Муҳидинова Махфират